ИСТИРОҲАТГОҲ ДАР НАЗДИ КӮҲҲОИ БАЛАНД

Зомин табиати зебо дорад.

 Кӯҳҳои баланди арчазор, манзараҳои рангин, ҳавои мусаффояш ҳар як бинандаро мафтун месозад. Ба домани ин кӯҳҳо аз гӯшаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ба нияти шифо меоянд. Дар истироҳатгоҳҳояш табобат мегиранд. Ба наздикӣ дар ин ҷо боз як истироҳатгоҳ ба истифода супурда шуд, ки шуъбаи модару кӯдак ном дорад. Бо ибтикори Федератсияи иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ барои истироҳату табобат бист нафар модарон, кӯдакон, куҳансолон роҳхат гирифтанд.
– Ман бо духтарчаам аз Қирғизистон омадам, – мегӯяд Наргиза Каримова. – Духтурон ва ҳамшираҳо хеле хуб хидмат мерасонанд. Ҳоло саломатии духтарам беҳ мегардад.
– Дар ин ҷо истироҳат кардан барои ман барин куҳансолон мароқангез аст, – мегӯяд муйсафед Алиқул Сулаймонов. – Офарин ба сарвари ҷумҳурӣ ва ташаббускорон, ки ҳамин гуна осоишгоҳҳо бунёд месозанд.
Дар истироҳатгоҳ 132 нафар дар як вақт метавонанд табобат гиранд. Он аз сатҳи баҳр дар 30 метр баландӣ воқеъ аст. Зимни сохтмон ягон хишт истифода нашудааст, ки ҷиҳати фарқкунанда мебошад. Шахсоне, ки касалии диққи нафас, асаб, дилу рагҳои хунгард доранд, табобат мегиранд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: