ИСТИРОҲАТГОҲИ ХУБИ ПОЙТАХТ

Солҳои охир ба рушди пойгоҳи моддиву техникии марказҳои маданият ва истироҳати аҳолии пойтахти мамлакат, таъмир ва ҷиҳозонидани онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.

Солҳои охир ба рушди пойгоҳи моддиву техникии марказҳои маданият ва истироҳати аҳолии пойтахти мамлакат, таъмир ва ҷиҳозонидани онҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Ин марказҳо ба истироҳати пурмазмуни аҳолӣ, барои ба сатҳи баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, зиёд гардондани дониш, истеъдод ва тафаккури онҳо хидмат мекунанд. 

Маълум аст, ки баъди ба охир расидани чоряки якум, яъне аз 4 ноябр хонандаҳои мактаб ба таътили бачагон мебароянд. Барои пурмазмун ва шавқовар гузаронидани таътили бачагон дар ноҳияи Юнусободи пойтахт боғи маданият ва истироҳати «Локомотив» амал мекунад, ки дар он тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Аттраксионҳои аҷоибу ғароиб, кӯлҳои сунъӣ, кортҳои теннис, амфитеатр ва фаввораҳои мусиқӣ, растаҳои ҳунармандиву заргарӣ, ошхона, нуқтаҳои ширинивору яхмосфурӯшӣ ва китобхонаҳо барои истироҳаткунандагони наврас хидмат мерасонанд. Барои бозии волейбол, баскетбол, футболи хурд, шоҳмот ва шашка майдончаҳои бозии кӯдакон мавҷуданд. Боғҳои сарсабз, гулҳои рангоранг табъи кӯдакону наврасонро истироҳаткунандагонро хуш мегардонанд. Ин бобати аз ҳеҷ кас кам нашуда ба воя расидани ҷавонон, ҷисмонан ва маънан солиму комил ба воя  расидани онҳо аҳмияти махсус дорад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: