ИСТОРАЕ АЗ ОСМОН КАНДА ШУД...

(Ба ёди Сарвар)

ИСТОРАЕ АЗ ОСМОН КАНДА ШУД...
(Ба ёди Сарвар)
Сайҳун мавҷ зад, хурӯшид, нола кард: ашки чашмонам равон чу Сайҳун – ашки сӯзон, ашки талх, ашки ҷудоӣ, ашки видоъ.
Дил бинолид мисоли Сайҳун гӯё сангҳоро об карда, ки: – Исторае аз осмон канда шуд.
Пули бузурги Сайҳун гӯиё аз назар ғайб зад: пули васлгари роҳи дӯстон, пуле, ки дар он меҳрҳо буд, пуле, ки дар он умедҳо буд, пули ормону ҳасратҳо.
Исторае аз осмон канда шуд.
Даргоҳи муборак буд ошёнат: чашмони хандонат медурахшиданд, гар ба ҳузурат ояд дӯсте, расми хуби ту буд меҳмоннавозию меҳрубонӣ – қалбат мешукуфт, дилат меболид.
Исторае аз осмон канда шуд.
Дигар кай садои зангулаи телефонат баланд шавад, дигар кай шеваи гувороят ба гӯшам расад: «Аё дӯст, куҷоӣ?! Ёдат кардам, пазмони туам. Биё! Интизорам!»
Исторае аз осмон канда шуд.
Буд сару бари нишастҳои дӯстони ҳамсабақ ва мехонду мехонд:
«Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан».
Исторае аз осмон канда шуд…
Субҳи содиқ буд – рӯшанидеҳ, накҳати баҳоре буд – роҳатрасон, таронае буд – гуворо, боди хурраме буд – файзбор.
Исторае аз осмон канда шуд.

А. НАЗАРҚУЛОВ, 
деҳаи Сарикандаи ноҳияи Сӯх.


ТИРАМОҲИ  ЗАРРИН
Поиз  фасли  андешаҳост. Зимни гузаштан аз зери дарахтон ба олами хаёлҳо ғӯттавар мешавем.   Баҳор фасли нумӯъ, айёми  нашъунамои  табиат  ва  ҳамаи  мавҷудоти  олам  аст. Моҳи  аввали  фарвардин  фасли  шукуфоиҳост.   Аз  баҳор  то  тирамоҳ  фосилаест. Мисли як фосилаи умр.  Ҷавонӣ  ва  пириву  солорӣ. Бузургон  хуб фармудаанд: 
Биҳиштвор  машоми  ҳаёт  
тоза  кунад,
Баҳору  тирмоҳ  обу  ҳавои  
ин  манзил.
Тирамоҳ  пири  солорро  мемонад.   Пире,  ки бо  пешонии  пурчин  андешаманд  ва  сокин нишаста  зиндагиро  таҳлил  мекунад.  Пирест, ки роҳҳои  пурпечутоби   зиндагиро  тахту  ҳамвор  кардааст.  Домани  пурбор  ва  номи  лангардори  тирамоҳи  зарринро  ҳама  медонанд.  Боғбон  меваҳои  боғашро  маҳз  дар  ҳамин  фасл ҷамъ  меовараду  деҳқон  ҳосили  саҳрояшро.
Дар  офаридаҳои  машҳури  мусаввир,  ашъори  дилангези  шоирон, суруди  мутаассири  сарояндагон  акс  ёфтааст  фалсафаи   ин  фасл. Ба  ҳамлаҳои  лашкари  фасли  баҳманмоҳ  истодагарӣ  карда, мисли  одамӣ  ба  худ  суол  мекунад: “Чиро ёфтам, чӣ  чиз  бохтам?”
Як   суруди  рӯҳнавоз, оҳанги  аҷиберо   мемонад фасли  тирамоҳ.  Шитир-шитири  барги  дарахтон  ин  манзараро  бо  забони  ҳол  мегӯянд: фасли  фалсафаи  зиндагист  тирамоҳ.  Тирамоҳ  фасли  умеду  орзуҳо  ва  хаёлҳои  ширин  аст.

Анорбои   ШОДИПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: