Ба наздикӣ дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бахшида ба корҳое, ки иттифоқҳои касаба бобати ҷалби зану духтарон ба туризми дохилӣ, инчунин, солимгардонии бачагон дар истироҳатгоҳҳо амалӣ мегардонад, анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Моҳҳои январ-июли соли равон дар доираи барномаи «Дар саросари Ӯзбекистон саёҳат намо!», ки барои ривоҷдиҳии сайёҳӣ дар сохтори иттифоқи касаба нигаронида шудааст, саёҳати 13 271 нафар зан ва духтарон ба саросари кишвар ташкил гардид. Аз ҷумла, 8878 нафар бонувон аз мавзеъҳои сазовори диққати минтақаҳои худ дидан ва 4393 нафар ба шаҳрҳои таърихии мамлакатамон саёҳат карданд, – гуфт раиси шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Сӯҳроб Рафиқов.
– Инчунин, сафари серӯзаи 852 нафар кормандони корхонаву ташкилотҳои гуногун ва аъзои оилаи онҳо ба шаҳри Хоразм ва саёҳати дурӯзаи 299 нафар ба шаҳри Тошканд ташкил карда шуд.
То анҷоми сол боз ташкили саёҳати 900 нафар ба Хоразм ва 250 нафар ба шаҳри Тошканд дар назар аст.
Зикр гашт, ки дар мавсими тобистон дар 16 истироҳатгоҳи статсионарии вилоят ташкили истироҳати 9610 нафар бачагон пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар назди Департаменти ташкили истироҳат ва солимгардонии бачагони тобеи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон 11-то, дар назди шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Ҷомбой истироҳатгоҳи «Қалдирғоч», дар ноҳияи Пахтачӣ истироҳатгоҳи «Хумор», инчунин, дар ноҳияҳои Ургут ва Каттақӯрғон истироҳатгоҳҳои хусусии «Дӯстлик» ва «Баркамол авлод» фаъолият доранд.
Дар анҷумани матбуотӣ дар бораи солимгардонии кормандони корхонаву ташкилотҳо ва аъзои оилаи онҳо дар сиҳатгоҳҳо, кор бо муроҷиати шаҳрвандон, ҳифзи иҷтимоии бонувон ва рафти корҳо аз рӯйи «Дафтари бонувон», инчунин, таъмини шуғли зану духтарон низ маълумот дода шуд.
Ҳ. ЗОҲИР.