Солҳои охир маҳз бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлатамон таҳкими ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва ба манбаи кафолатноки даромад табдил додану хидматрасонии босифати тиббӣ, таълимӣ, алалхусус шароити муносиби зиндагӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шуд.
Дар чунин корҳои хайр хидмати ташкилоти иттифоқи касаба низ ҳаст.
Суҳбати мо бо раиси федератсияи иттифоқи касабаи вилояти Самарқанд Сӯҳроб РАФИҚОВ дар ҳамин мавзӯъ ҷараён гирифт.
– Шояд муштариёни рӯзномаи «Овози тоҷик» хабардор ҳастанд, ки Президент ба мақсади таъмини ислоҳоти пайгирона Фармон «Дар бораи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026»-ро ба имзо расонд, ки дар он ислоҳоти нав акси худро ёфт, – гуфт Сӯҳроб Абдуғаффорович. – Бо ҳуҷҷати мазкур ва тадбиқи он дар Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол, ки тибқи тамоюли «Аз стратегияи ҳаракат – ба сӯйи стратегияи тараққиёт» коркард шудааст, аз ҳафт самт иборат буда, дар мадди аввал ғамхорӣ ба халқ мебошад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки иттифоқи касаба ташкилоти соҳибимтиёзу соҳибмартаба буда, фаъолияти мо ба аъзоён новобаста аз шакли мулкдорӣ, миллату забон кӯмаки ройгон расонидан оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ, давлатӣ, судӣ ва ғайра мебошад. Инчунин, ташкилоти мо барои истироҳату табобат дар тамоми сиҳатгоҳҳои тасарруфи иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ва берун аз он имтиёз дорад. Чанде пеш вакилони иттифоқи касабаи Тоҷикистону Қазоқистон ба Тошканду Самарқанд омада, шартномаи ҳамкорӣ бастанд.
– Сӯҳроб Абдуғаффорович, ба иттифоқи касаба чӣ тавр аъзо шудан мумкин аст?
– Агар дар корхона ё муассиса, ки шумо меҳнат мекунед, ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба мавҷуд бошад, ариза навиштан кифоя. Ана баъд ба имтиёзҳои гуногун соҳиб шудан мумкин мебошад. Ҳангоми аз як корхона ба корхонаи дигар гузаштан ҳам ҳамчун аъзои ташкилоти мо хоҳед монд.
– Ҳоло дар мамлакатамон корхонаҳои хусусӣ бисёранд. Афсӯс, ки дар онҳо ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба нест. Чӣ бояд кард?
– Ташкил кардани иттифоқи касаба мушкил надорад. Роҳбарон ба идораи мо муроҷиат намоянд, ходимонамон ба ин масъала ёрдами амалӣ мерасонанд. Бадали аъзогӣ ду фоизи музди меҳнат буда, имтиёзи он даҳ-бист баробар зиёд аст.
– Ташкилоти шумо боз чӣ мақсаду маром дорад?
– Ҳар гоҳе, ки Президент ба Самарқанд ташриф меоранд, нахуст ба фароҳам овардани шароити хубу дилнишини мардум диққати махсус медиҳанд. Чунин буд рӯзи 10-уми феврали соли равон, ки барои аз наздик шинос шудан бо ҷараёни рушди Самарқанд ба шаҳри мо омаданд. Қабл аз бозгашт бо фаъолони вилоят мулоқот ороста, ба ҳар як роҳбар беҳтар кардани шароити кор ва некӯаҳволии мардум дастурҳои зарурӣ доданд, ки ташкилоти иттифоқи касаба истисно нест.
Мақсади мо ба халқу Ватан хизмати шоиста кардан ва дуои мардумро гирифтан мебошад. Воқеан, падари бузургворам (илоҳӣ ҷояшон дар ҷаннат бошад), ҳамеша насиҳат мекарданд, ки замин бо об, одам бо дуо месабзад. Дар омади гап таъкид кардан ба маврид аст, ки дар оила 11 нафар фарзанд будем ва дуои волидайну халқ буд, ки аз коргари оддӣ то дараҷаи ҳокими шаҳри Самарқанд расидам, депутати Олий Маҷлис будам. Чор сол боз раиси федератсияи иттифоқи касаба – ташкилоти соҳибмартаба ҳастам. Мардуми маҳаллаи Регистон маро депутати Шӯрои халқи вилоят интихоб кардаанд.
Солҳои таҳсил дар мактаб пештоқи биноро байте зиннат медод, ки шиори ман аст:
Беҳтарин кас касе бувад,
ки зи халқ,
Беш бошад ба халқ
нафърасон!
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти
Самарқанд.