ИТТИФОҚИ КАСАБА – ҲОМИИ ҲАМА!

Соли дуюм аст, ки 11 ноябр ҳамчун Рӯзи иттифоқи касаба ҷашн гирифта мешавад.

 Бо ҳамин муносибат мо бо раиси Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Сӯҳроб Рафиқов сӯҳбат ороста, ба чанд пурсиши хеш ҷавоб гирифтем .
– Ташкилоти мо вазифадор аст, ки рисолати худро дар ҳифзу ҳимояи  дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими  сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба иҷро намуда, дар фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон бидуни мансубияти  он ба миллат, меҳнат, забон, касбу ҳунар ва ғайра ғамхорӣ намояд,– гуфт Сӯҳроб Рафиқов. – Ҳоло мо  дар фаъолияти ҳаррӯза назорати ҷамъиятро ҷиҳати риояи ҳуқуқи меҳнат, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар корхонаву муассисаҳои давлатии Самарқанд дар чорчӯбаи қонун идома медиҳем.
Зеро фаъолияти иттифоқи касаба дар Ӯзбекистон бар асоси Қонун «Дар бораи иттифоқҳои касаба», ки 6-уми декабри соли 2019 қабул шудааст, пеш бурда мешавад.
Қонуни мазкур аз бобҳои «Қоидаҳои умумӣ», «Принсипҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба», «Кафолатҳои риоя ба ҳуқуқҳои иттифоқи касаба ва иттиҳодияҳои онҳо», «Тартиби ташкил, аз нав ташкил ва боздоштани фаъолияти иттифоқҳои касаба, иттиҳодия ва шӯъбаҳои он, инчунин ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба», «Асосҳои иқтисодии иттифоқҳои касаба», «Ҳуқуқҳои иттифоқи касаба», «Амалӣ кардани назорати ҷамоатӣ», «Шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат», «Қоидаҳои ниҳоӣ» ва 56-то модда иборат аст.
Инчунин, иттифоқҳои касаба, чуноне ки Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, иштирок дар тағйиротҳои демократии васеъмиқёс, аз ҷумла ислоҳотҳо дар соҳаи таълим дар Ӯзбекистон, бунёд кардани пойдевори даври Эҳё, яъне Ренессанси саввумро назди худ чун мақсади асосӣ гузоштааст.
Барои амалӣ кардани ин мақсадҳои нек ва иҷрои банди 9-уми Фармони Президент аз 6-уми ноябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои дар даври нави тараққиёти Ӯзбекистон ривоҷ додани соҳаҳои таълиму тарбия ва илму фан» Вазорати таълими халқ ва Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касаба қарори муштарак қабул карданд.
Қарори мазкур барои гузарондани тадбирҳои мухталифи иттифоқҳои касаба, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявӣ ба муносибати сисолагии истиқлолияти ҷумҳурӣ барои ҷоизадори озмуни Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон гардидан таконе бахшид.
Дар зинаи ҷумҳуриявии озмун аз вилояти Самарқанд ду нафар омӯзгор иштирок карданд.
Роҷеъ ба ҳифзи иҷтимоии аъзои иттифоқи касаба, гузарондани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар байни онҳо, ташкил кардани истироҳати фарзандони меҳнаткашон як қатор чораҳо андешида шуданд.
Дар ҳамаи ташкилот, корхона ва муассисаҳои таълимӣ ба муносибати яксолагии Рӯзи иттифоқи касаба дар мавзӯи «Дар роҳи тараққиёти диёр муттаҳид шавем» ташкил кардани сӯҳбатҳои мизи мудаввар, анҷуман, намоишҳо ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба аз 20-уми октябр то 12-уми ноябр дар мавзӯи «Ӯзбекистони Нав — иттифоқҳои касабаи нав» вохӯрии эҷодии се авлод бо иштироки санъаткор, шоир, нависанда ва устоду мураббиёни маъруф баргузор мегардад.
– Сӯҳроб Рафиқович, имрӯзҳо аз ҷониби Шӯрои вилоятӣ чӣ гуна чорабиниҳо амалӣ мегардад?
– Ҳоло бо мақсади ба ватанпарварӣ ва мутолиаи китоб даъват кардани ҷавонон ба муносибати яксолагии Рӯзи иттифоқҳои касаба дар байни донишомӯзони синфҳои болоии мактабҳои вилоят озмуни «Китобхони ҷавон» ташкил карда мешавад.
Чорабиниҳо роҷеъ ба муҳофизати меҳнат, мусобиқаҳои варзишӣ, саёҳат ва истироҳат саривақт ташкил карда мешаванд.
Дар давоми сол 1092 нафар аъзои иттифоқи касаба, 7480 нафар фарзандони ходимони соҳа таътилро дар 17 истироҳатгоҳ гузаронданд. Бо ҳамин мақсад ба миқдори беш аз 3 миллиард сӯм маблағ сарф карда шуд.
Агар 3-4 сол пеш намояндагони иттифоқи касаба дар ҷойҳо бар зидди меҳнати маҷбурӣ кор бурда бошанд ҳам, аз чунин ҳолат батамом берун набаромадем. Дар давоми чор соли охир Президент ва Ҳукумати мамлакат барои пешгирии меҳнати маҷбурии бачаҳо чанд қарор қабул карданд. Дар натиҷа ҳоло вакилони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, омӯзгорон ва тарбиячиҳо батамом бартараф шудани чунин ҳолатро таъкид мекунанд. Ин вазъиятро на танҳо онҳо, балки вакилони Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва ташкилотҳои хориҷии ҳамкор ҳам қайд мекунанд.
Имрӯз ба дараҷаи назаррас зиёд шудани маоши кормандони маорифи халқ, устодони мактабҳои олӣ ва дигар хизматчиёни соҳаи таълим ва фан, дар ҷомеа баланд шудани обрӯ ва мавқеи онҳо ҳамаи моро мамнун мекунад.
Вале аз натиҷаҳои мониторинг, вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо маълум шуд, ки ҳоло маоши ёрдамчиёни тарбиячӣ ва ходимони техникии мактабҳои таълими умумӣ ва ташкилотҳои таълими томактабӣ нисбатан кам аст. Агар мо бо маслиҳат ва роҳбарии ташкилотҳои болоии худ ин масъаларо мусбӣ ҳал кунем, нуран аъло нур мешавад.
Мо Рӯзи иттифоқҳои касабаро бо дастовардҳои назаррас, ки ҳоло як қисми онро ёдрас кардем, пешвоз мегирем. Дар арафаи ид шӯроҳои иттифоқи касабаи соҳавии шаҳр ва ноҳияҳо қариб ба 100 нафар фаъолон мукофотҳои хотиравӣ супурданд. Ғолибони озмунҳои «Ҷоизадори иттифоқи касаба», «Ташкилоти аз ҳама намунавии ибтидоӣ» ва ғайра сазовори тӯҳфаҳои қиматбаҳо шуданд.
Хурсандиовар аст, ки аз 86 нафар ходимони вилояти мо, ки бо нишони сарисинагии «Касаба уюшмаларига 1 йил» мукофотонида шуданд, 27 нафарашон кормандони сохтори вилоятии иттифоқи касабаи ходимони таълим ва фан мебошанд.
– Таманнои шумо дар арафаи иди касбӣ.
– Аз фурсат истифода бурда тамоми аъзоёни иттифоқи касабаро тавассути рӯзномаи “Овози тоҷик» табрик гуфта, ба ҳамаи кормандони соҳа хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: