Иттиҳоди Аврупо мехоҳад барои воридоти мошинҳои барқии Чин то 25 фоиз боҷ ҷорӣ кунад

Иттиҳоди Аврупо ният дорад барои мошинҳои барқии Чин то 25 фоиз боҷи иловагии воридотӣ эълон кунад.

Ҳукумати Олмон ҳушдор додааст, ки ин иқдом метавонад боиси ҷанги гаронарзиши тиҷоратӣ бо Пекин шавад.

Дар ин бора рӯзномаи Financial Times хабар додааст.

Мувофиқи маълумотҳо, Комиссияи Аврупо имрӯз ба истеҳсолкунандагони автомобил ҳушдор медиҳад, ки тибқи гузоришҳо, аз моҳи оянда ба мошинҳои барқии аз Чин воридшаванда то 25 фоиз боҷи муваққатии иловагӣ ҷорӣ хоҳад кард. Қайд карда мешавад, ки кишварҳои блок аллакай барои воридоти молҳо боҷи 10 фоизӣ ҷорӣ кардаанд. Зимнан зикр мегардад, ки тибқи қоидаҳои ҷомеа, аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дархост карда мешавад, ки то 2 ноябр дар мавриди ҷорӣ кардани ниҳоии боҷҳо барои воридоти мошинҳои барқии чинӣ ба муддати 5 сол овоз диҳанд.

Фаронса ва Испания ҷонибдори ин амал ҳастанд, дар ҳоле ки Олмон, Шветсия ва Венгрия аз тарси он, ки Чин чораҳои ҷавобӣ меандешад, розӣ нестанд, хабар медиҳад report.az.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: