ДАР РОҲИ БОЗСОЗИИ ҲАМКОРИҲОИ СТРАТЕГӢ
Ӯзбекистон, ки барои ҷомеаи ҷаҳон аз нав кашф мегардад, сиёсати хориҷӣ ва дохилии он, ки ба дарёфти эътидоли байналхалқӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст, дар Осиёи Марказӣ давраи нави пешрафтро боз намуданд. Ба шарофати ҳадафҳои умумӣ ва саъю кӯшишҳои муштарак кишварҳои минтақа дар атрофи соҳат ва мақсадҳои ягона муттаҳид мешаванд. Маҳз ҳамин ҷиҳат давлатҳои пешқадамро даъват менамояд, ки нуқтаи назар, муносибат ва ҳамкориҳои стратегии худро бинобар Осиёи Марказӣ таҷдиди назар кунанд. Дар давраи кунунии ҳамкориҳои минтақавӣ ғоя ва саъю кӯшишҳое, ки ба талаботи замон ҳамоҳанг мебошанд, гарави самарабахш татбиқ сохтани ҳамкориҳои муфиди тарафайн мегарданд.
Баъд аз 12 сол Стратегияи Иттиҳоди Аврупо бинобар Осиёи Марказӣ аз нав коркард шуд. Стратегияи ҳолоина аз пешина бо кадом ҷиҳат фарқ мекунад, вай барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ё худ Иттиҳоди Аврупо чӣ аҳамият дорад?
Суҳбати хабарнигори ӮзА бо коршиноси Маркази тадқиқоти иқтисодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юрий ҚУТБИДДИНОВ ба ҳамин масъалаҳо бахшида шуд.
– «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: имкониятҳои нав барои таҳкими шарикӣ». Стратегияи нав ҳамин тавр номида мешавад. Хоҳишмандем, дар бораи ҷиҳатҳои фарқкунанда, ҷараёнҳо ва зарурияти қабули ин Стратегия нақл кунед.
– Стратегияи мазкур 17 июни соли равон дар вохӯрии сатҳи вазирони корҳои хориҷии Шӯрои Иттиҳоди Аврупо тасдиқ гардид. Муаррифии он дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ Федерика Могерини, ки 7 июл дар Бишкек баргузор шуд, ба вуқӯъ пайваст.
Стратегияи нав бояд Стратегияи «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: шарикии нав дар амал»-ро, ки ба таҳкими робитаҳои байналхалқии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ мусоидат намуда, аз соли 2007 амал мекард, иваз кунад. Бинобар ақидаи намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо зарурияти қабул кардани Стратегияи нав ба воқеияти нави геосиёсӣ, ҳамчунин афзудани талабот ва имкониятҳои вусъатёбии ҳамкорӣ асос менамояд.
Стратегияи нав мувофиқи «Стратегияи ҷаҳонии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва сиёсати амният», ки охири соли 2016-ум қабул шуда буд, тайёр карда шуд. Дар он, аз ҷумла, қайд мешавад, ки сулҳу салоҳ дар Осиё барои пешрафти Аврупо зарурият ба шумор меравад, зикр мегардад, ки вобаста ба ин дипломатияи иқтисодӣ фаъол мешавад ва иштироки Иттиҳоди Аврупо бинобар амният дар Осиё вусъат пайдо мекунад. Дар Стратегия таъкид мешавад, ки Осиё дар худ минтақаҳои гуногунро бо кишварҳое, ки тарзи мухталифи иқтисодӣ ва дараҷаи гуногуни пешрафт доранд, таҷассум менамояд, вобаста ба ин Иттиҳоди Аврупо бо онҳо дар ин се соҳаи асосӣ: – фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, шабакаҳои энергетикӣ ва рақамӣ, таҳкими алоқаҳои байни одамон;
– пешниҳод кардани робитаҳои шарикии байни кишвар ва созмонҳо дар Осиё;
– пешбурди устувори бомаблағтаъминкунӣ аз тариқи истифодаи воситаҳои гуногуни молиявӣ кор мебарад.
Барои Иттиҳоди Аврупо муҳимияти ба роҳ мондани муносибатҳои шарикӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба омилҳои зерин мансубанд:
– мавқеи стратегии ҷуғрофии минтақа дар чорроҳаи Аврупо ва Осиё;
– саҳми назарраси минтақа дар ҳаҷми воридоти энергетикӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо;
– иқтидори бозори минтақа бо аҳолии зиёда аз 70 миллион аҳолӣ;
– манфиатдории Иттиҳоди Аврупо аз амнияти минтақавӣ.
Ташаббуси кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ бо Афғонистон аз ҷумлаи манфиатҳои амнияти минтақавист, ки барои саъю кӯшишҳои Иттиҳоди Аврупо бинобар кӯмакрасонӣ ба сулҳу салоҳ дар ин мамлакат низ шароитҳои нав фароҳам меоварад.
Дар ҳуҷҷат қайд мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ҳамчун пуштбон ва шарики асосӣ, ки аз ҷараёни ислоҳот ва дигаргуниҳои иқтисодӣ, манбаи сармояҳои босифат ва технологияҳои замонавӣ манфиатдор ва ба вусъат додани ҳамкории минтақавии кишварҳои минтақа ва қаробати онҳо ба низоми ҷаҳонии савдо ҷонибдор аст, баррасӣ шавад.
– Дар Стратегияи нав самтҳои ҳамкорие пешбинӣ шудаанд, ки ба рушди мустақили минтақаҳо ҳамчун соҳати устувору ба ҳам алоқаманди иқтисодиву сиёсӣ инкишофёбанда асос мекунанд. Дар бораи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бинобар самтҳои мазкур чанд сухан гӯед.
– Стратегия ҳамкориҳои бисёрҷанбаро пешбинӣ менамояд. Вай дар ду шакли бисёрҷонибаи баҳамдигар алоқаманд татбиқ мегардад ва ба мақсадҳои зерин, аз ҷумла эътидол, пешрафт ва ҳамкорӣ нигаронида шудааст.
Шарикӣ барои пойдорӣ пешбинӣ ва баррасии таҳдидҳоеро дар назар дорад, ки ба ҳадафҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва амнияти кишварҳои минтақа, ҳамчунин вусъат додани имкониятҳои онҳо бобати татбиқ сохтани ислоҳот ва бозсозӣ дахл мекунанд. Дар ин маврид Иттиҳоди Аврупо ба пешбурди демократия, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун кӯмак мерасонад, ҳамкориро бинобар иҷрои ӯҳдадориҳои иқлимии Париж ва вусъат додани мушкилоти наздиминтақавии экологӣ, ҳамчунин ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират фаъол мекунад.
Шарикӣ барои пешрафт ба фароҳам овардани иқлими солиму ошкорои сармоявӣ, рушди рақобатбардории сектори хусусӣ, ҳамчунин навгониҳо, тадқиқот ва инноватсияҳо, ба хусус дар байни ҷавонон кӯмак мерасонад. Дар ин маврид бобати аз байн бардоштани маҳдудиятҳои сохтории савдои дохилиминтақавӣ ва сармояҳо дар байни кишварҳои минтақа ва алоқаи устувори тарафайни онҳо, ҳамчунин дастгирӣ бобати узви Созмони умумиҷаҳонии савдо шудани давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба ин саъй доранд, фаъолият мебарад.
Беҳтар кардани корҳои муштарак дар худ мустаҳкамсозии шарикӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, фаъолсозии мулоқоти сиёсӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои иштироки ҷомеаи шаҳрвандиро дарбар мегирад. Дар ин маврид Иттиҳоди Аврупо дипломатияи ҷамъиятиро, барои он ки бартарии шарикиро барои кишварҳои минтақа ва шаҳрвандони он нишон диҳад, мустаҳкам менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки бо назардошти махсусияти рушди ҳар кадом кишвари минтақа Иттиҳоди Аврупо ба амиқсозии ҳамкориҳои ду ва бисёрҷанба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ саъй мекунад.
– Ҳамкории тарафайни Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ӯзбекистон дар кадом давраи инкишоф аст?
– Ҳангоми бо кишварҳои дигар имзо кардани муоҳидаҳои дуҷониба дар бораи ҳамкорӣ мувофиқи тартиботи муқарраршуда Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама, ба дараҷаи бадастомадаи демократия, риояшавии ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иҷрои ҳуҷҷатҳо ва конвенсияҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, ҳифзи муҳити атроф, ҳамчунин муттасилии ислоҳоте, ки дар мамлакат бинобар беҳтар намудани нишондиҳандаҳо дар соҳаҳои зикршуда амалӣ мешаванд эътибор медиҳад. Дар ин маврид муоҳидаи имзошуда танҳо баъди аз ҷониби тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маъқул шудани он ва тасдиқ гардидани вай аз ҷониби Парлумони Аврупо эътибор пайдо мекунад.
Ҳоли ҳозир Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муоҳидаи дуҷониба дорад, аз ҷумла:
– Қазоқистон моҳи декабри соли 2015 «Муоҳида дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ (амиқ)»-ро имзо кард. Ҳуҷҷат моҳи майи соли 2016 эътибор пайдо кард;
– Қирғизистон моҳи феврали соли 1995 «Муоҳида дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ»-ро имзо намуд (он аз моҳи июли соли 1999 амал мекунад), аз моҳи декабри соли 2017-ум бошад, бобати ба имзо расонидани муоҳидаи нав дар бораи шарикии амиқ гуфтушунид дорад;
– Ӯзбекистон моҳи июли соли 1996 бо Иттиҳоди Аврупо «Муоҳидаи шарикӣ ва ҳамкорӣ»-ро имзо кард (он аз моҳи июли соли 1999 амал мекунад), аз соли 2017-ум бошад, барои нав кардани муоҳидаи мазкур таклиф пешниҳод кард. Бинобар ин моҳи ноябри соли 2018-ум бо Иттиҳоди Аврупо бобати ба имзо расонидани муоҳидаи нав дар бораи шарикии амиқ расман гуфтушунидҳо оғоз ёфтанд;
– Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004-ум бо Иттиҳоди Аврупо «Муоҳидаи шарикиву ҳамкорӣ»-ро имзо намуд (вай аз моҳи январи соли 2010-ум амал мекунад), моҳи ноябри соли 2018-ум бошад, барои имзои шартномаи нави ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид дорад;
– Туркманистон аз моҳи августи соли 2010-ум бо Иттиҳоди Аврупо бинобар «Муоҳидаи фосилавӣ оид ба масъалаҳои савдо» ҳамкорӣ мекунад.
Бинобар маълумоти намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои ҳамкории байналхалқӣ ва рушд, ҳаҷми кӯмаке, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои таъмин сохтани волоияти қонун, идораи сарҳадҳо, рағбатноксозии савдо, ҳифзи муҳити атроф ва захираҳои об дар давраи аз соли 2014 то 2020 пешниҳод шудааст, аз 1 миллиард евро зиёд мебошад.
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо Қазоқистон ҳаҷми бештари мубодилаи мол дорад, барои ин кишвар Иттиҳоди Аврупо шарики якуми тиҷоратӣ ба миқдори 45 фоиз аз мубодилаи умумии мол ба шумор меравад. Дар ин маврид Қазоқистон ягона кишварест, ки ба Иттиҳоди Аврупо бештар (тақрибан 5 баробар) аз он ки мехарад, мол мефурӯшад, ин асосан аз ҳисоби содироти маҳсулоти энергетикӣ (ашёи хоми минералӣ ва сӯзишворӣ) мебошад.
Барои Туркманистон шарики асосии савдо – Чин аст, 47 фоизи мубодилаи хориҷии мол ба ин кишвар аз ҳисоби расонда додани гази табиӣ мебошад.
Дар ин маврид, бинобар изҳороти намояндагони Туркманистон Иттиҳоди Аврупо ба расонда додани гази ин кишвар ба бозорҳои Аврупо рағбат зоҳир менамояд, тайёр аст ба ҷалби сармояҳо барои сохтмони Нақли гази Наздикаспӣ (аз Туркманистон бинобар қаъри баҳри Каспӣ ба Боку ва минбаъд ба Туркия ва Гурҷистон) кӯмак расонад, ин имкон медиҳад мубодилаи мол бо Иттиҳоди Аврупо зиёд гардад.
Соли 2018-ум аз кишварҳои Аврупо ҳаҷми бештари мубодилаи моли Ӯзбекистон бо Шветсария (аз ин содирот 3001 миллион доллар (28,2 фоиз), воридот 150 миллион доллар (0,8 фоиз), ҳамчунин бо Туркия (содирот 721 миллион доллар (6,8 фоиз), воридот – 1123 миллион доллар (5,9 фоиз) буд. Ҳар ду ин кишвари зикршуда ба Иттиҳоди Аврупо дохил намебошанд.
Мубодилаи моли Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо соли 2018-ум 3,73 миллиард доллар (соли 2017 – 3,1 миллиард доллар)-ро ташкил дод. Дар ин маврид воридот 3,4 миллиард долларро ташкил дода, аз содирот тақрибан даҳ баробар – 0,33 миллиард доллар зиёд гардид, салдои манфӣ дар савдо бошад минус 3,01 миллиард долларро ташкил намуд. Аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар сафи панҷ кишвари пешқадами бо Ӯзбекистон ҳамкор Олмон, Литва, Латвия, Италия, ҳамчунин Фаронса қарор доранд, кишвари охирин ягона мамлакати Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки Ӯзбекистон ба он, нисбат ба харид, бештар мол фурӯхтааст.
Ин анъана дар мубодилаи моли Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз моҳи январ то июни соли 2019 боқӣ монд.
Мувофиқи барномаи тасдиқнамудаи Комиссияи Аврупо барои Ӯзбекистон дар солҳои 2014-2020 кӯмакрасонӣ ба рушди минтақаҳои деҳот дар давраи зикршуда самтҳои бартариноки ҳамкорӣ муайян гардиданд. Дар доираи барномаи мазкур Иттиҳоди Аврупо барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои вобаста ба самти устувори захираҳои табиӣ, шуғл ва фароҳам овардани манбаъҳои даромад дар деҳот 168 миллион евро (ҳар сол тақрибан 2 миллион евро) ҷудо кард.
Аз ҷумла, моҳи апрели соли равон бобати дар Ӯзбекистон инкишоф додани чорводорӣ лоиҳаи панҷсола ба роҳ монда шуд, ки барои татбиқ сохтани он Иттиҳоди Аврупо 15 миллион евро, Бонки ҷаҳонӣ бошад, 150 миллион доллар ҷудо карданд. Ба мақсади вусъат додани ҳуқуқ ва имкониятҳои аҳолӣ бобати гирифтани хидматҳои босифати давлатӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳою деҳот, барои татбиқ намудани лоиҳаи «Такмил додани пешниҳоди хидматҳои давлатӣ ва баланд бардоштани дараҷаи идоракунӣ дар митақаҳои деҳот» соли равон Иттиҳоди Аврупо 10 миллион евро ҷудо кард.
– Ӯзбекистон дар кадом соҳаҳо аз рушди ҳамкорӣ бинобар доираи Стратегияи нав манфиатдор аст?
– Мо саъю кӯшишҳоеро, ки ба таъмин сохтани иқтисодиёти муътадил, рағбатноксозӣ ва дастгирӣ намудан барои узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, рушди гузаргоҳҳои мавҷудаи тиҷоратии байни Аврупо ва Осиё, ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ, рушди ҳукумати электронӣ, низоми таълим ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ нигаронида шудаанд, дастгирӣ менамоем.
Умуман, Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо асосан ба ҳавасмандгардонӣ ва кӯмакрасонии техникӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои коркард ва қабул намудани стратегияҳои дахлдор ва барномаҳои дарозмуҳлати пешрафт нигаронида шудааст. Ин бояд манфиатдорӣ ва масъулияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мақомоти идораҳои давлатӣ, ҳамчунин сохторҳои хусусиро бобати дар мамлакат татбиқ намудани ислоҳоти зарурие, ки ба рушди ҳамаҷониба ва зуд мусоидат мекунанд, зиёд кунад. Ҳамин тариқ ба рушди рӯзафзуни минтақа асос гузошта мешавад.
Мусоҳиб
Улуғбек ШОНАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.