ИТТИҲОДИЯИ АВТОМОБИЛБАРОРИИ «RENAULT» БА ИСТЕҲСОЛИ АВТОМОБИЛҲОИ ОММАВИИ «KWID» ДАР ӮЗБЕКИСТОН РАҒБАТ ЗОҲИР МЕКУНАД

Диверсификатсияи истеҳсолот ва баланд бардоштани рақобатбардорӣ дар саноати автомобилсозӣ, ҳамкорӣ бо истеҳсолгарони бузургтарини ҷаҳон вазифаҳои муҳиме мебошанд, ки аз ҷониби роҳбарияти мамлакат дар назди соҳаи автомобилсозони ватанӣ гузошта шудаанд.

Ба мақсади кӯмакрасонӣ ба татбиқи вазифаҳои зикршуда, аз ҷониби Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Фаронса бо роҳбарияти корпоратсияи машҳури автомобилбарории Фаронса «Groupe Renault» вохӯрӣ ташкил гардид. Дар он намояндагони «Groupe Renault» бобати ба роҳ мондани истеҳсоли автомобилҳои «Renault» дар Ӯзбекистон рағбат зоҳир намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки кишвари мо ширкатро ба сифати шарики воқеӣ ва дарозмуҳлат дар Осиёи Марказӣ мешиносад ва аз ин сабаб «Renault» ба лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ аҳамияти бузург медиҳад. Бино бар маълумоти намояндаи ширкат соли 2018-ум дар Ӯзбекистон тақрибан 6 ҳазор адад автомобилҳои тамғаи «Lada», ки низ ба ширкати франсавӣ тааллуқ дорад, фурӯхта шудааст, ки фарогирии бозорҳои автомобилфурӯшии мамлакат ва рағбати харидорони маҳаллиро ба маҳсулоте, ки ширкат истеҳсол мекунад, намоиш медиҳад.
Бо назардошти харидоргирии зиёд ва назари мусбат ба бозорҳои инкишофёбанда, роҳбарияти иттиҳодияи автомобилбарорӣ тайёр будани худро бобати ба роҳ мондани ҷамъоварии автомобилҳои таснифи «А» бо минбаъд гузаштан ба ҷиҳатҳои дигар, ҳамчунин зина ба зина азхудкунии истеҳсолот таъкид кард.
Аз ҷумла, «Renault» тайёр аст истеҳсоли автомобилҳои хеле оммавии ҳоли ҳозир тамғаи «KWID»-ро, аз ҷумла барои содирот ба бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба роҳ монад.
Ба мақсади баррасии имконияти ба роҳ мондани истеҳсолот ҳайати сернамояндаи ширкати Фаронса ният дорад рӯзҳои наздик ба Ӯзбекистон сафар кунад.
Таъкид менамоем, ки корпоратсияи «Groupe Renault» соли 1898 ташкил шудааст. Он дар 128 кишвар амал мекунад ва бо лоиҳабандӣ, истеҳсолу фурӯши автомобилҳои сабукраву тиҷоратӣ таҳти се тамға: «Renault», «Dacia» ва «RSM» машғул мебошад. Ширкат бино бар фарогирии истеҳсоли автомобилҳо дар ҷаҳон ҷойи панҷумро ишғол менамояд. Он дар номгӯйи «Соли автомобили Аврупо» 6 бор барандаи ҷоизаи олӣ гардидааст.

ОИ «Дунё»,
шаҳри ПАРИЖ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: