Дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ риоя карда мешавад. Дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат саҳифаҳо ва рӯзномаҳои алоҳида ба забони тоҷикӣ рӯйи чопро мебинанд. Тавассути шабакаҳои телевизион ва радиоҳои марказию минтақавӣ ба забони тоҷикӣ намоишу гуфторҳо ба эфир дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар баробари дигар расонаҳои ахбори оммавӣ нашрияҳои тоҷикӣ низ ҳамеша дар мадди назари Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистонанд. Ходимони онҳо аз ҷониби иттиҳодия рағбатнок карда мешаванд. Соли сипаригардида дар шаҳри Самарқанд 30-солагии рӯзномаи «Овози Самарқанд» васеъ ҷашн гирифта шуд. Ҷамоаи рӯзномаи мазкур дар самти матбуот ғолиби озмуни «Олтин қалам» маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки ин озмун ҳар сол аз ҷониби Иттиҳодияи эҷодии журналистон созмон дода мешавад.
Рӯзномаҳои миллии марказӣ низ аз мадди назар дур нестанд. Дирӯз дар таҳририяти рӯзномаи «Овози тоҷик» Иттиҳодияи эҷодии журналистон чорабинии навбатии худро баргузор намуд. Дар он раиси Иттиҳодияи эҷодӣ Олимҷон Ӯсаров таъкид намуд, ки дар мамлакатамон ислоҳоти шурӯъгардида доир ба озодии сухану матбуот пайгирона идома дорад, аз ҷониби иттиҳодия намояндагони РАО муттасил мавриди дастгирӣ қарор мегиранд, дар бахши таҳким бахшидани дӯстии байни миллатҳо корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби иттиҳодия ба таҳририяти рӯзномаи «Овози тоҷик» маҷмӯъи компутери замонавӣ туҳфа карда шуд. Ҳамчунин, ба сармуҳаррир Шерпӯлод Вакилов ва котиби масъули рӯзнома Аълам Нарзиев гувоҳнома оиди пазируфта шудан ба узвияти Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва нишони сарисинагӣ супурда шуд.
(Мухбири худамон).