ИТТИҲОДИЯИ ҲАВАСКОРОНИ АВИАТСИЯ

ба қайд гирифта шуд

Идораи адлияи пойтахт Иттиҳодияи ҳаваскорони авиатсияи шаҳри Тошкандро ба рӯйхат гирифт.

Агар ба таърихи авиатсияи дунё назар афканем, оиди пайдо шудан ва то ба ҳолати имрӯзаи расидани соҳа фактҳои зиёдеро дучор меоем.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки ин ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ заминаи бойи таҷриба дорад. Ҷавонони соҳибистеъдод дар ин ҷода фаъолият нишон медиҳанд. Декани факултети авиакайҳонии Донишгоҳи давлатии техникӣ, номзади илмҳои техникӣ, устоди варзиш ва ҳакам аз рӯйи варзиши моделӣ Нуриддин Абдуҷабборов ба ҷавонони ташкилоти мазкур роҳбаладӣ менамояд. 
Моҳи феврал сафи аъзоёни иттиҳодия аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олии марбути соҳа ва факултетҳои он, ходимони аэропорти пойтахт, мураббиён ва ҳакамони ракетамоделистони авиатсионӣ, конструкторони моделҳои парвозкунанда, ҷавононе, ки парвозро орзу мекунанд, зиёд шуд. 
Минбаъд дар он семинар ва чорабиниҳо оиди авиатсия баргузор гардида, диққати мутахассисони хориҷиро ба он ҷалб карданианд. Инчунин барои иштирок дар мусобиқаҳои соҳа даъват кардани ҷавонони хориҷиро низ ба нақша даровардаанд.

К. СУЛТОНОВ, 
журналист.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: