ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА ВА ӮЗБЕКИСТОН: ИБТИДОИ ДАВРАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ

16 майи соли 2018 Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро пазируфт, ки ин аввалин сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Қасри сафед ва ибтидои давраи нави шарикии стратегии байни ИМА ва Ӯзбекистон гардид.

Дар ҷараёни мулоқот Президент Д.Трамп садоқати пойдори ИМА-ро ба истиқлолият, якпорчагии ҳудуд ва озодии Ӯзбекистон бори дигар тасдиқ кард. Президент Д.Трамп ҳамчунин пешрафти азими Ӯзбекистонро бобати татбиқ сохтани ислоҳоти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳти роҳбарии Президент Ш.Мирзиёев эътироф намуд. Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои дуҷонибаро аз тариқи мулоқоти нав ба мақсади таҷдиди Баённомаи шарикии стратегии соли 2002-юм бо дарназардошти ҷиҳатҳои зиёди самтҳои бартариноки тарафайн мустаҳкам намоянд.
Президент Ш.Мирзиёев изҳор дошт, ки пешрафт дар Ӯзбекистон ҷиҳати бебозгашт дорад. Таъкид намуд, ки мақомоти давлатӣ бояд манфиатҳои халқи Ӯзбекистонро аз ҳама боло гузоранд. Ислоҳоте, ки дар мамлакат бобати такмил додани низоми идораи давлатӣ, таъмин кардани волоияти қонун ва ислоҳоти низоми суд, озодкунии иқтисодиёт, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва татбиқи сиёсати ошкорову пурмуҳтавои хориҷӣ амалӣ мешаванд, ҳамчун асоси Стратегияи амалиёти фарогири панҷсола хидмат мекунанд.
Президент Д.Трамп шарикии деринро бо Ӯзбекистон дар мубориза ба муқобили терроризм зикр кард. Пас аз воқеаҳои фоҷиабори 11 сентябри соли 2001-ум Ӯзбекистон ба ИМА имконияти фавқулодда муҳими логистикӣ пешниҳод намуд ва бобати аз Афғонистон берун баровардани террористони Ал-Қоида кӯмак расонид. Ҳангоми сафар Президент Ш.Мирзиёев бори дигар куллан ҷонибдориашро аз стратегияи Д.Трамп бино бар Осиёи Ҷанубӣ тасдиқ намуд ва эътибори ӯро ба ташаббусҳои Ӯзбекистон бобати мустаҳкам кардани ҳамкориҳои дуҷониба, тақсим кардани масъулият ва ҳаллу фасли мушкилоти амнияти минтақавӣ, аз ҷумла таъмин сохтани эътидол дар Афғонистон ҷалб намуд.
Президент Д.Трамп муҳимияти ба минтақаи пуриқтидор ва мустақил табдил ёфтани Осиёи Марказиро таъкид сохт, ҳамчунин саъю кӯшишҳои Ш.Мирзиёевро бино бар даъват намудани сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мулоқоти муштарак, ки ҳангоми Конфронси Самарқанд моҳи ноябри соли 2017-ум баргузор шуд, ҷонибдорӣ кард. Президент Ш.Мирзиёев моҳи марти соли равон дар аввалин чунин вохӯрӣ, ки дар Остона ба вуқӯъ пайваст, иштирок намуда, барои рушди савдои байниминтақавӣ ва коркарди муносибатҳои муштарак бобати ҳаллу фасли мушкилоти вобаста  ба таъмин шудани амният имкониятҳои навро пешниҳод кард. Президент Д.Трамп нақши асосии Ӯзбекистонро дар ин ҷараёнҳои муҳим эътироф намуда изҳор дошт, ки ИМА кооператсияи минтақавӣ ва пешрафтро аз тариқи формати минтақавии «С5+1» дастгирӣ менамоянд. Ҳар ду президент ба шакли ҳамкории бисёрҷонибаи Осиёи Марказӣ дохил кардани Афғонистонро ҷонибдорӣ карданд.


Амнияти минтақавӣ

Президент Д.Трамп Президент Ш.Мирзиёевро бо Конфронси байналхалқии Тошканд «Ҷараёни осоишта, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва саъйи тарафайни минтақавӣ», ки 27 марти соли 2018 бомуваффақият баргузор гардида, ваҳдати ҷомеаи байналхалқиро барои зуд ба гуфтушунидҳои сулҳхоҳона бо ҳукумати Афғонистон даъват шудани Толибонро намоиш дод, табрик кард. Ҳар ду сарвари мамлакатҳо ҳуҷумҳои нанговари террористонро, ки бар муқобили нирӯҳои амният ва шаҳрвандони осудаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нигаронида шудаанд, маҳкум карданд ва ба вусъат додани гуфтушунидҳо бобати аз байн бардоштани хуруҷҳое, ки Афғонистон бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, ибрози назар намуданд.
 Президент Ш.Мирзиёев қатъиян дастгирӣ кардани сиёсати роҳбарияти Афғонистонро изҳор дошта, муҳим будани сафари Президенти Афғонистон А.Ғаниро ба Тошканд, ки моҳи декабри соли 2017-ум сурат гирифт, таъкид намуд, ки бино бар натиҷаи он як қатор муоҳидаҳои рӯзмарра бобати зиёд кардани мубодилаи мол ва татбиқ сохтани лоиҳаҳои бағоят муҳими инфрасохторӣ ба имзо расиданд. Президент Д.Трамп нақши муҳими Ӯзбекистонро дар ҷараёнҳои иқтисодиёти минтақа таъкид карда, ба саъю кӯшишҳои ҷумҳурӣ, ки вусъат додани робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро бо Афғонистон дар назар доранд, баҳои баланд дод. Вай изҳор дошт, ки тайёр аст барои татбиқ сохтани  лоиҳаҳои роҳи оҳан ва инфрасохтор дар Афғонистон, ки Ӯзбекистон амалӣ менамояд, кӯмакҳои сиёсӣ ва машваратӣ расонад.
Президент Ш.Мирзиёев изҳор намуд, ки минбаъд низ Шабакаи тақсимоти шимолиро, ки бобати сулҳу суботи Афғонистон саҳм мегузорад, дастгирӣ менамояд. ИМА ва Ӯзбекистон бобати таъмин сохтани амнияти сарҳадҳо бо Афғонистон ва пешгирӣ намудани хариду фурӯши ғайриқонунии нашъа ҳамкории қарин хоҳанд дошт.
Ҳар ду роҳбар экстремизм ва терроризми байналхалқиро маҳкум намуда, изҳор доштанд, ки барои пурзӯр кардани ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили таҳдидҳои умумӣ саъю кӯшиш хоҳанд кард. Онҳо ҳамраъйии худро ба татбиқ намудани муоҳидаҳое, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва амнияти минтақавиро мустаҳкам мекунанд, изҳор доштанд, мустаҳкам кардани робитаҳоро дар соҳаи мудофиа аз тариқи татбиқ сохтани Дурнамои панҷсолаи аввалини ҳамкории ҳарбӣ қайд карданд.

Ислоҳот ва мустаҳкам кардани робитаи байни халқҳо

Президент Д.Трамп барномаи ислоҳоти фарогири Президент Ш.Мирзиёевро, ки ба беҳсозии вазъияти вобаста ба ҳуқуқҳои инсон дар Ӯзбекистон нигаронида шудааст, ҷонибдорӣ карда, озод гардидани маҳбусони бовиҷдон, аз байн бардоштани меҳнати муттасили бачагона ва пешрафти ҷиддиро дар коҳиш додани миқёси меҳнати иҷборӣ зикр сохт. Ин дастовардҳо барои вусъат пайдо кардани ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳамкории тарафайн дар соҳаи амният шароит фароҳам меоваранд. Президент Д.Трамп ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон оид ба афзудани шаффофият ва ҳисоботдиҳии давлат дар назди халқи Ӯзбекистонро ҳамчун ҷиҳати асосии такмил додани низоми идораи давлатӣ ва таъмин шудани эътидоли дохилӣ дастгирӣ намуд. Ҳар ду роҳбар ҷонибдори фаъолтар шудани ҳамкориҳои конструктивӣ бино бар ҳифзи озодиҳои асосии инсон, аз ҷумла пешбурди озодии дин мебошанд. Президент Ш.Мирзиёев қатъиян изҳор дошт, ки «харитаи амалиёт» бино бар таъмин кардани озодии эътиқоди динро ҳамаҷониба ба ҳаёт татбиқ менамояд.
Президентҳо дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудани Шӯроҳои оид ба таълими байналхалқии Амрикоро, ки дар ҳамкории соҳаҳои таълими байни ду кишвар саҳм мегирад, дастгирӣ карданд. Президент Д.Трамп изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида бобати татбиқ намудани барномаҳои таълими забони англисӣ дар Ӯзбекистон кӯмак мерасонанд, вай ба номнавис шудани «Садои Амрико»  дар Ӯзбекистон, ҳамчунин имкониятҳое, ки дар мамлакат барои расонаҳои ахбори оммавии амрикоӣ фароҳам оварда мешаванд, баҳои баланд дод.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ

Президент Ш.Мирзиёев ва Президент Д.Трамп қатъиян изҳор доштанд, ки барои амиқ сохтани ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки ба афзоиши тиҷорат ва фароҳам омадани ҷойҳои корӣ дар ҳар ду мамлакат мусоидат мекунанд, имкон меҷӯянд. Президент Ш.Мирзиёев изҳор намуд, ки барои тиҷорат ва кушодани бозорҳои мамлакат ба ширкатҳо ва сармоягузорони амрикоӣ аз тариқи ҷорӣ намудани меъёрҳои байналхалқии шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва таъмин шудани волоияти қонун дар Ӯзбекистон саъй менамояд. Роҳбарон ба мувофиқа расиданд, ки имкониятҳоро барои ҳамкории беш аз пеш қарин, аз ҷумла дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, энергетика, кимё, молия, сайёҳӣ, саноати бофандагӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва технологияҳои рақамӣ дарёфт хоҳанд кард. Ҳангоми сафар дар байни ширкатҳои Ӯзбекистон ва ИМА зиёда аз 20 қарордодҳои бузург, ки арзиши онҳо ҳангоми пурра татбиқ шуданашон аз 4,8 миллиард доллар зиёд мебошад, имзо гардиданд, онҳо ба нигоҳ доштани 10 ҳазор ҷойҳои корӣ дар ИМА мусоидат мекунанд, ҳамчунин дар оянда барои қарордодҳои бисёрмиллиардӣ бо ширкатҳои амрикоӣ имконият фароҳам меоваранд.
Д.Трамп барномаи ислоҳоти Президент Ш.Мирзиёевро дастгирӣ кард ва нақши рӯзафзуни Ӯзбекистонро ҳамчун пешоҳанги иқтисодӣ эътироф намуд, ки таклифи соли равон дар Ӯзбекистон пазируфтани Анҷумани тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ҷамъомади Шӯрои муоҳидаи доиравӣ бино бар савдо ва сармояҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (ТИФА) шаҳодати он мебошад. Президент Ш.Мирзиёев изҳор дошт, ки Ӯзбекистон барои узви Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) шудан саъю кӯшиш дорад, Президент Д.Трамп таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳида Ӯзбекистонро бо дарназардошти пешрафти он бино бар ислоҳоти озодкунии режими савдои худ мувофиқи муоҳидаҳои СУС дастгирӣ мекунад ва кӯмакҳои техникӣ мерасонад. Ӯзбекистон ҳамраъии худро оид ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ аз тариқи ҳамроҳ шудан ба Баённомаи Женева оид ба ҳифзи манфиатҳои истеҳсолгарони фонограмма аз истеҳсоли ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо ва шартномаҳои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар соҳаи интернет изҳор дошт. Татбиқ гардидани ташаббусҳои мазкур имкон медиҳанд барои кашфи  имкониятҳои нав бинобар вусъат додани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, сармоявӣ ва иқтисодӣ асоси мустаҳкам фароҳам оварда шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: