ИЗОФАНАВИСӢ ВА НАЗАРФИРЕБӢ АЗ МАКТАБ ОҒОЗ МЕЁБАД

Фикр мекунам, низоми таълиму тарбия дар Осиёи Марказӣ то қабули ислом низ вуҷуд дошт.

Фикр мекунам, низоми таълиму тарбия дар Осиёи Марказӣ то қабули ислом низ вуҷуд дошт. Фарзандони мардум хату савод мебароварданд, ба онҳо дар баробари таълим, тарбия низ дода мешуд. Насли ҷавон тибқи усули устоду шогирд соҳиби касбу ҳунар мегардид. 
Ин анъана, баъди Осиёи Марказиро ба тасарруфи худ даровардани арабҳо ва ҷорӣ гардидани дини ислом низ, идома пайдо кард. Мактабу мадрасаҳо арзи ҳастӣ карданд. Повести «Мактаби куҳна» ва «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ доир ба низоми таълими мактабҳои ибтидоӣ ва олии (мадрасаҳо) он аҳд маълумоти кофӣ медиҳанд. Дар мактабу мадрасаҳо асосан илмҳои динӣ омӯзонда мешуданд. Толибилмон илмҳои дунявиро, ба мисли ҳандаса, риёзиёт, илми ҳайат, алҷабр, ҷуғрофия, ҳикмат (фалсафа), нуҷумшиносӣ, дар алоҳидагӣ, аз устодони соҳа меомӯхтанд.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддин Балхии Румӣ, Форобӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Алишери Навоӣ, Камолиддини Беҳзод, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш ва даҳҳо тани дигар парвардагони мактабу мадрасаҳоянд.
Баъди тасаллути ҳукумати подшоҳии рус, дертар болшевикон дар Осиёи Марказӣ мактабҳои типи нав пайдо шуданд. Болшевикон алайҳи «дунёи куҳна» ҷанги беамон эълон карданд. Дин аз мактаб ҷудо карда шуд.
Мактабҳои типи нав аз мактабҳои куҳна фарқи куллӣ доштанд. Хонандагон дар синфхонаҳои рӯшану фарох ва гарм рӯйи курсиҳо нишаста таълим мегирифтанд, ба омӯзгорон маош дода мешуд...  
Бартарии дигари мактабҳои типи нав дар он буд, ки мардум зуд навиштану хонданро омӯхтанд. Асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникӣ, корҳои лабораторӣ ба аз худ кардани асоси фанҳо нигаронида шуда буданд. Тору пуди адабиёт, илм ва китобҳои дарсиро мафкураи коммунистӣ ташкил медод.
Ба фикрам, дар солҳое, ки насли мо таҳсил дошт, пояҳои эътибор ба кадрҳои педагогӣ он қадар мустаҳкам набуд. Зеро, дар баробари омӯзгорони сатҳи донишу малакаашон баланд, омӯзгороне ба таълиму тарбия ҷалб карда мешуданд, ки донишу малакаи казоӣ надоштанд. Омӯзгори забон ва адабиёт аз фанни химия ё омӯзгори фанни география аз тарбияи ҷисмонӣ ё фанни таърих сабақ медод. Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ин «анъана» ҳанӯз идома дорад. Бояд ҷони гапро гуфт, ки аз баъзе омӯзгороне, ки бо гарданбанд, куртаи сафед ва шиму костюми утузада ба мактаб меоянд, сатҳи дониш ва саводнокии як деҳқон ё посбон баландтар аст. 
Замон ва роҳбари давлат тақозо дорад, ки дар мактабҳо танҳо педагогҳои донишманду соҳибмалака ва дӯстдори касби худ бо таълиму тарбия машғул шаванд. Зеро рушди мамлакат ба кадрҳои донишманд иртиботи ногусастанӣ дорад. Баъзе омӯзгорон 45 дақиқаи дарсро бо афсонаю латифагӯӣ ё тафсилоти рӯйдодҳои маҳал  мегузаронанд. Вале мавзӯи мавриди назар дар журнали синф қайд карда мешавад, ба «дониш»-и хонандагон баҳо мегузоранд. Яъне изофанависӣ аз мактаб шурӯъ мешавад... 
Фикр мекунам, мақсад аз сохтани мактабҳо ва таълим ба насли наврас, ки ояндаи ҷамъиятанд, омӯзондани асосҳои ин ё он фан мебошад. Оё имрӯз асоси фанҳо дар мактабҳо ба таври бояду шояд омӯзонда мешавад? Ба ин суол наметавон ҷавоби мусбат дод. Зеро ҳаштод дар сади хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таълими ҳамагонӣ ба сари худ тарҷумаи ҳол, ариза, иншо ё нақли хаттӣ навишта наметавонанд. Дар шарҳи ҳодисаҳои физикӣ ё таблитсаи Менделеев оҷизӣ мекашанд. 
Биноан, фикр мекунам, бояд низоми таълимро дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ тағйир дод. Тавре бояд кард, ки ҳаштод дар сади хонандагон то номаи камол ба даст гирифтан асосҳои илмро пурра аз худ намоянд, ба сари худ ариза, тарҷумаи ҳол, иншо, нақли хаттӣ... навишта тавонанд.
Чанде қабл дар тайёр кардани вазифаи хонагӣ ба набераам кӯмак кардам. Дар омади гап пурсидам, ки дар синфе, ки ту таҳсил дорӣ чанд нафар хонанда мехонад? Посух дод, ки 45 нафар. Рӯзи дигар дар ин хусус бо директори мактаб ва роҳбари синфаш суҳбат кардам. Гуфтам: дарс аз чанд марҳила иборат аст. Омӯзгор бояд дар тӯли 45 дақиқа бо усули баён, суҳбат, суолу ҷавоб мавзӯи навро ба хонандагон фаҳмонда тавонад. Чанд дақиқа ба таҳким бахшидани мавзӯи нав низ масраф мегардад... Фикр мекунам, коркарди як мавзӯъ дар тӯли 45 дақиқа бо иштирок ва ҷалби 45 нафар хонанда аз доираи имкон берун аст.
Онҳо дар назди қонуни ҷорӣ оҷиз будани худро изҳор доштанд. Бино ба гуфташон боло, агар шумораи хонандагони як синф ба 50 нафар расад, баъд синфро ба ду тақсим карда хонондан иҷозат медодааст. 
Аҷиб, кас намедонад, ки қонун барои қонун аст, ё аҳолӣ. Дар низоми таълими умумии миёна  чунин  дарҳаму барҳамиҳо кам нестанд. Биноан, Ибни Сино ва Беруниҳои нав ба камол намерасанд.
Шоири бузурги садаи ХХ тоҷик Лоиқ Шералӣ бо назардошти ифтихори пучи имрӯзиён фармуда будааст:
То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рӯдакиву ба Ҳофизи Шерозӣ.
Вақт аст сари минбари озоди сухан.
Хайёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ.
Тӯли солҳои истиқлолият таълими 9-сола натиҷаи матлуб надод. Мо такрор ба таълими 11-сола гузаштем.
Панҷ соли охир ба низоми таълими муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаву касбӣ роҳбари давлат  эътибори ҷиддӣ дод. Қарору фармонҳои созандаи ӯ «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани идораи низоми таълими томактабӣ», аз 30 сентябри соли 2017, «Дар бораи такмил додани тартиби гузарондани озмоишҳои дохилшавии тест ба бакалавриати муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ», 16 ноябри соли 2017, «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани низоми таълими умумии миёна, миёнаи махсус ва касбӣ», аз 23 январи соли 2018 далели ин гуфтаанд.
Ба мақсади беҳсозии сифати таълиму тарбия Вазорати таълими томактабӣ созмон дода шуд, теъдоди коллеҷҳои касбу ҳунар ба маротиб коҳиш ёфт, маоши омӯзгорон зиёд карда шуд.
Ин ҷо як гуфтаи Сарвазири собиқи Исроил Голда Меирро оварданиям, ки изҳор доштааст: «Агар шумо кишвареро бунёд кардан хоҳед, ки писарону духтаронаш аз сафар баргашта оянд, агар шумо кишвареро бунёд кардан хоҳед, ки аз он ҷо танҳо дар мавсими рухсатиҳо берун мераванд, агар шумо кишвареро бунёд кардан хоҳед, ки дар аҳолиаш ҳисси тарсу бим аз оянда набошад, ҳамагӣ се қадам ба пеш гузоред:
1. Коррупсияро хиёнат ба Ватан, коррупсионерро хоини ҳафт пушти худ ҳисобед.
2. Ба се тоифа: ҳарбиён, омӯзгорон, духтурон арҷ гузоред ва маоши зиёд диҳед.
3. Аз ҳама муҳимаш: меҳнат кунед, меҳнат кунед ва боз меҳнат кунед. Зеро ба ҷуз шумо шуморо ҳеч кас ҳимоя намекунад, шикаматонро сер намекунад  ва кишвари шумо ҷуз ба шумо ба ҳеч кас лозим нест. Вақте ин ҳама ба тарзи ҳаёти шумо табдил меёбад, натиҷа гиред, ки ба мақсад расидаед».
Дар тасаввури мо душман танҳо аз хориҷ ҳуҷум карда, ҳоли мардуми ин ё он мамлакатро табоҳ месозад. Вале аз ин гуфта маълум мешавад, ки душманони дохилӣ — коррупсионерон  хавфноктар будаанд: «Хоини Ватан ва ҳафт пушт!». 
Ҳарбиён Ватанро аз ҳуҷуми душманони эҳтимолӣ ҳимоя мекунанд, омӯзгорон дар баробари ба насли ҷавон асосҳои илмро омӯхтан, онҳоро дар рӯҳи меҳанпарварӣ, садоқат ба падару модар, меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ, поквиҷдонӣ тарбия мекунанд, табибон ҷисми шаҳрвандонро муолиҷа мекунанд...
Дар мактабҳои мо фарзандонро дар рӯҳи ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ тарбия мекунанд. Вале онҳо дар ҳаёт ба луқмаи ҳаром дучор меоянд. Дар мардум тасаввуроте ҳосил шудааст, ки бо луқмаи ҳалол наметавон серу пур зиндагӣ кард. Биноан, тавре бояд, ки дар мо на моддиёт, балки маънавият дастболо гардад. Ин корро бо кӯмаки давлат мактаб ва омӯзгорони донишманду соҳибмалака анҷом медиҳанд.
Ҳолдонон мегӯянд, ки Ҷопон ва дигар кишварҳои рушдкарда ба низоми таълим пули калон ҷудо мекунанд, дар Хитой алайҳи коррупсия муборизаи оштинопазир бурда мешавад. Кишвари мо рӯ ба пешрафту тараққиёт ниҳодааст. Умед аст, ки рӯзе, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон, ба кӯйи мурод мерасад.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: