Изро МАЛАКОВ: ӮЗБЕКИСТОНРО ДИГАРГУН ДИДАМ

Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико моҳи майи соли равон дер вақт дар хотирамон хоҳад монд.

Дар аснои ин ташриф як воқеаи ғайричашмдошт  рӯй дод, ки онро ихлосмандони санъати Шашмақом ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. 16-уми май дар шаҳри Вашингтон бино ба фармони Президенти мамлакат ба собиқ  овозхони дастаи мақомсароёни Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон Изро Ошерович Малаков барои фаъолияти бисёрсолаи пурсамар ва  саҳмаш дар инкишоф, тарғибу ташвиқи Шашмақом унвони ифтихории «Ӯзбекистон халқ артисти» дода шуд.
Дар рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди истиқлоли Ватанамон  ва ҷашнвораи мусиқии мақом дар Шаҳрисабз  устоди санъат Изро Малаков бо як гурӯҳ меҳмонони амрикоӣ  ба мамлакатамон омад. Моро насиб шуд, ки чанд лаҳза бо ин   ҳунарпешаи хушсалиқа  ҳамсуҳбат шавем.

Изро Малаков зодаи Шаҳрисабз аст. Ӯ 80 сол муқаддам дар ин гӯшаи хушманзараи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ аз дунболи аз бар намудани касби духтури дандон шуд. Аммо  хешу ақрабо завқи бепоёни ӯро бобати  сурудани таронаҳои мақом эҳсос карданд.  Ин қобилиятро устод Амнун Довудов ҳам пай бурда, аз паси тарбияи вай шуд. Ҳамин зайл, Изрои ҷавон дар баробари  духтурӣ ба  сарояндагӣ низ машғул шуд.
Соли 1978 пас аз ғолиби озмуни мақомсароёни ҷавони ҷумҳурӣ шудан ӯро ба  ансамбли мақомсароёни ба номи Юнус Раҷабии назди Ширкати телевизион ва радиои Ӯзбекистон ба кор ҷалб намуданд. Мардуми мо аз  репертуари ин  овозхони  беҳамто хуб огоҳ ҳастанд. Ӯ дар иҷрои таронаҳои мардуми тоҷик низ маҳорати  баланд дорад. Хусусан «Ушшоқи Самарқанд», «Ушшоқи Қуқанд» (бар ғазали Ҳилолӣ), ё  «Мавригӣ»-и Бухороро ба лаҳни хеле ширин  иҷро намудааст.  Таронаи «Қурбон ӯлам»-ро бошад, то имрӯз касе дар сатҳи вай иҷро накардааст.
— Ӯзбекистон зодгоҳи бобоии мост, падару модарам, бобоёнам ин ҷо хок шудаанд. Ҳарчанд аз соли 1992  дар қатори ҳазорон яҳудиёни Бухоро  зиндагӣ дар ИМА-ро ихтиёр  намудам, Шаҳрисабз, Тошканду Самарқанд, хуллас Ӯзбекистони азиз ҳеҷ гоҳ аз назарам дур набуд, — мегӯяд ӯ.
Изро Малаков дар  ансамбли мақом фаъолияти пурмаҳсул дошт. Бо раҳнамоии ҳофизони машҳур Ориф Алимахсумов, Берта Давидова мақомро мукаммал омӯхт, барои «хазинаи тиллоӣ»-и радиои ҷумҳурӣ  зиёда аз 200 таронаи мансуб ба Шашмақомро ба забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ сабт намуд.  Зеро Изро Малаков дар иҷрои таронаҳои классикӣ сабк ва овози хос дорад. Ин ҳақиқатро мусиқашиносон низ эътироф мекунанд. 
– Рӯзе аз сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Амрико ба ман занг зада хоҳиш карданд, ки ба маросими қабули Президент Шавкат Мирзиёев оям, маро «сюрприз» интизор аст. Рости гап, дар ҳайрат мондам. Вақте аз дасти  роҳбари Ӯзбекистон унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқӣ»-ро гирифтам,  забонам лол монд. Гӯё он лаҳзаҳоро дар хоб медидам. Оре, мурғи бахт ба китфам нишаст, – он лаҳзаҳоро  чунин ба ёд меорад  ҳофизи машҳур.
 Ӯ дар синни 80 ба чунин унвони олӣ сазовор дониста шуд. Ҳисси сипосгузорӣ аз  Президенти мамлакат ҳадду канор надорад, дуои ҷони вай мекунад. 
Оре, Изро Малаков анқариб 30 сол боз дар  Амрико зиндагиву кор мекунад. Ҳамроҳи аҳли хонаводааш (ӯ  падари се писар ва як духтар аст)  дар шифохонаи стоматология фаъолият доранд. Бо вуҷуди ин аз Шашмақом дил наканд. Соли 1997 дар ҷашнвораи аввалини «Таронаҳои Шарқ» дар шаҳри Самарқанд иштирок  намуд. Зиёда аз ин дар фестивалҳои байналмилалии воқеъ дар Фаронса, Голландия, Исроил, Олмон, Австрия, Полша, Англия ва дигар кишварҳо иштирок намуда, Шашмақоми тоҷикию ӯзбекиро тарғиб намуд. Оид ба санъати мақом рисолаҳо навишт. 
— Муҳимтар аз ҳама, – мегӯяд Президенти Конгресси  халқҳои Осиёи Марказӣ дар Амрико Бинямин Биняминов,— Изро Малаков қариб 100 нафар  ҷавононеро, ки дар Амрико ба дунё омада ба камол расидаанд,  дар атрофи худ  ҷамъ намуда, ба онҳо асрори санъати Шашмақомро меомӯзонад. Натиҷа бад нест. Ҳоло онҳо таронаҳои мақомро ҳам ба ӯзбекӣ ва ҳам ба тоҷикӣ  бо маҳорат иҷро мекунанд. Мақсад аз тарғиби мақом тарбияи  ҷавонон дар рӯҳи садоқату меҳр ба анъанаҳои  аҷдодонамон аст, ки дар сарзамини Осиёи Марказӣ, бахусус дар Ӯзбекистон ташаккул ёфтааст.
Муаллифи ин навишта сабти видеоии барномаи консертиро бахшида ба 70-солагии Изро Малаков дар Ню-Йорк борҳо дидаам. Дар асл ҳам мақомсароии наврасони 10-15-сола лоиқи таҳсин мебошад. Дар ин замина дар он ҷо Академияи мақом низ ташкил шудааст, ки Изро Малаков  устоди он аст.
Ҳунарпешаи халқии  Ӯзбекистон  солҳои охир чандин маротиба бо гурӯҳи сайёҳон аз ҷумлаи яҳудиёни Бухоро ба мамлакатамон сафар кардааст. Аммо ин дафъа ӯ ба сифати меҳмони ҷашнвораи  байналмилалии   мақом ба кишвари мо омад. Боз як Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, ки ба ҳунари волояш аз дидаву дили мардумони тоҷику ӯзбек ҷой гирифтааст, Муҳаббатхонум Шамаева ҳам бо ӯ ба Ӯзбекистон омад. Онҳо дар қасри «Туркистон»-и пойтахт як барномаи аҷиби ҳунариро ба  мухлисони санъати худ тақдим карданд. Мамнунияти ихлосмандон ҳадду канор надошт. 
Ғайр аз ин Изро Малаков шогирдони худро барои иҷрои «Уфари муғулчаи сегоҳ» ва «Қӯшчинор» ба ҷашнвораи  мақом овардааст.
— Ман ин маротиба Ӯзбекистонро дигаргун дидам. Хеле обод шудааст. Тошканд, Самарқанду Чироқчиву Шаҳрисабзро зиёрат намудам. Қиёфаи мамлакат тамоман тағйир ёфтааст, — бо мамнуният нақл мекунад Изро Малаков. — Муҳимтар аз ҳама кайфияти  мардум хеле хуб аст. Мардум ба ояндаи нек бовар доранд. Ин барои  пешрафти мамлакат ва миллат  омили бисёр муҳим аст. Аз фурсати мусоид истифода бурда, тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо иди истиқлолият табрик менамоям. Бигзор сулҳу амонӣ, тараққиёт ва  тифоқии  халқи кишвар поянда бошад!

Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: