ИЗҲОРОТИ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар брифинг оид ба ҷамъбасти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, шумо, намояндагони воситаҳои ахбори оммавиро, ки дар равшан намудани воқеаи таърихӣ – Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар Тошканд баргузор мегардад, иштирок доред, самимона хайрамақдам мегӯям.
Он ба туфайли дастгирии фаъоли ҳамкасбонам – пешвоёни мамлакатҳои минтақа ташаббус оиди баргузор намудани мулоқоти доимӣ дар ин шакл имконпазир гардид.
Ба ин муносибат мехостам аҳамияти таърихии ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки соли 1998 дар Ашқобод ба амал омад ва натиҷаҳои самарабахши Вохӯрии машваратӣ дар соли 2018 дар шаҳри Нур-Султонро алоҳида таъкид намоям.
Музокироти имрӯзаи мо низ дар вазъияти анъанавии дӯстӣ ва руҳи ҳусни тафоҳуми пурра гузаштанд.
Ин боз як ифодаи равшани иродаи қатъии сиёсӣ ва саъю кӯшиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мустаҳкам намудани боварӣ ва некҳамсоягӣ дар минтақа мебошад.
Мо масъалаҳои муҳими ҳамкориро ҳамаҷониба баррасӣ карда, бори дигар собит намудем, ки дар роҳи ҳамаҷониба васеъ гардондани равобити байни мамлакатҳоямон ҳамфикр мебошем.
Вохӯрӣ ба ҳам хеле наздик будани нуқтаву назар ва муносибатҳоямонро ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ нишон дод.
Қарор додем, ки аз иқтидори бузурги иқтисодии минтақа истифода бурда, дар соҳаҳои устувор мулоқоту шарикиро ривоҷ диҳем.
Барои барҳам додани саддҳои тиҷоратӣ, инчунин барои пурзӯр гардондани кооператсияи саноати байни давлатҳоямон тамоми саъю ҳаракатро амалӣ менамоем.
Ният дорем, татбиқи лоиҳаҳои бузургро пеш барем, ки ба навсозии инфрасохтори энергетикӣ ва васеъ гардондани имкониятҳои транзитии минтақа нигаронида шудаанд.
Ҳамкории фаъол дар фароҳам овардани низоми минтақавии даҳлезҳои самарабахши иқтисодиву нақлиётӣ идома доранд.
Инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи истифодаи якҷояи об, нарм гардондани оқибатҳои тағйир ёфтани иқлим ва мубориза бар зидди хатарҳои экологӣ мубодилаи афкори муфассал ба амал омад.
Мо саъю кӯшишамонро дар ҳалли мушкилоти Назди Арал, ба минтақа ҷалб намудани технологияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ кардани тамоюлҳои «иқтисодиёти сабз», гирифтани пеши роҳи биёбоншавии замин мутобиқ мегардонем.
Аҳду паймон намудем, ки дар дараҷаи минтақаҳои мамлакатҳоямон мубодилаву равобитро дастгирӣ кунем, инчунин дар соҳаи илм, таълим, сайёҳӣ, маданият ва варзиш мунтазам чорабиниҳои муштарак баргузор намоем.
Баён намудем, ки аз татбиқи барномаҳои муштарак оид ба ҳифз намудан ва васеъ пеш бурдани арзишу анъанаҳои умумӣ, ки халқҳои Осиёи Марказиро муттаҳид мегардонанд, манфиатдор мебошем.
Ба масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар таъмин кардани амният ва устуворӣ дар минтақа эътибори калон дода шуд. Аз ҷумла, имкониятҳои ҳамкорӣ кардан бинобар самти идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хидматҳои махсус баррасӣ гардиданд.
Мо тарафдори фаъол гардондани саъю кӯшиши байналхалқӣ оид ба танзими низо дар Афғонистон мебошем. Мо минбаъд низ ба халқи бародари Афғонистон ёрии амалӣ мерасонем, бо иштироки ҳамсояамон ташаббусҳои минтақавӣ ва лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ пеш мебарем.
Боварӣ дорем, ки ин чораҳо барои барқарор намудани вазъияти Афғонистон, таъмин кардани сулҳу осоиш, аз нав барқарор намудани иқтисодиёт, шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Ҳама муҳим будани ҳамоишҳои ҳарсоларо дар формати Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои минтақа маъқул донистанд. Қайд карданд, ки Вохӯрии  машваратии мо барои мавриди муҳокимаи кушод ва боэътимоди масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ майдончаи мулоқот хоҳад гардид.
Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш ҳуҷҷатҳои муҳими ба баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориамон нигарондашуда қабул гардиданд.
Пеш аз ҳама, мехостам оид ба Изҳороти муштарак истода гузарам. Ҳуҷҷати мазкур, ки дар он иродаи умумии сиёсӣ собит ёфтааст, ҳамкории минтақавиро ҳамаҷониба амиқ мегардонад, муносибатҳои мавҷудаи дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегиро мустаҳкам менамояд.
Мо инчунин Регламенти омодагӣ ва баргузор намудани Вохӯрии машваратиро маъқул донистем. Ҳуҷҷати мазкур ба таъмин намудани омодагии ҷиддӣ ба ҳамоиш, мунтазам ташкил намудани онҳо, қабул намудани қарорҳои мувофиқшуда ва ба ҳамдигар муфид имкон фароҳам меорад.
Мо таклифи Президенти Туркманистонро пурра дастгирӣ намудем ва пири корамон Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбошӣ Нурсултон Абишевич Назарбоевро Раиси фахрии Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ интихоб кардем.
Баробари ин мехостам эътибори шуморо ба як масъалаи муҳим нигаронам. Формати Вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои гуфтугузор намудан оиди созмон додани ким-кадом ташкилоти нави минтақавӣ асос шуда наметавонад.
Муҳтарам журналистон!
Хонумон ва ҷанобон!
Осиёи Марказӣ – яке аз минтақаҳои камшуморест, ки халқҳои ҳамхун аз азал паҳлу ба паҳлу дар сулҳу осоиш зиндагӣ мекунанд.
Моро таъриху фарҳанги муштарак, дини муқаддасамон, тинати ба ҳам монанд, арзишу анъанаҳои маънавиву ахлоқӣ, инчунин дӯстии мустаҳкам муттаҳид мегардонад.
Ҳамаи ин барои ҳамкории наздик ва муфиди давлатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани нерӯ барои беҳбудӣ ва шукуфоии халқҳоямон ҳамчун пойдевори мустаҳкам хидмат мекунад.
Дар хотима мехостам алоҳида таъкид намоям, ки мо ба зинаи сифатан нави рушди мулоқоти минтақавии дараҷаи олӣ баромадем.
Боварӣ дорам, ки бо саъю кӯшишамон мо тамоми вазифаҳои дар наздамон қарордоштаро ҳатман ҳаллу фасл менамоем. Осиёи Марказиро ба фазои бехавф, рушди устувор ва шарики ҳамаҷониба табдил медиҳем.
Вохӯрии машваратии навбатии мо соли оянда дар Қирғизистон – шаҳри зебои Бишкек баргузор мегардад.
Барои эътиборатон ташаккур. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: