Вохӯрии аввалини Мулоқоти «Ҳиндустон — Осиёи Марказӣ» бо иштироки Афғонистон дар сатҳи вазирон 13 январи соли 2019 дар шаҳри Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳуриӣ Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.
Ҷонибҳо мавҷуд будани робитаҳои маданӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва инсонпарваронаи байни Ҳиндустон ва Осиёи Марказиро зикр намуда, ҷонибдории рушди ҳамкориҳои муттасил ва сермаҳсул, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфиди тарафайни байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷанба изҳор доштанд.
Ҷонибҳо саъю кӯшишро ба ҳамкорӣ, дастгирии тарафайн, ҳаллу фасли муштараки масъалаҳои рӯзмарра ба мақсади таъмин сохтани амният, эътидол ва рушди устувор таъкид намуданд. Иштирокдорони вохӯрӣ бомуваффақият баргузор гардидани аввалин Мулоқоти корӣ (машваратӣ)-и сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки 15 марти соли 2018-ум дар шаҳри Остона ба вуқӯъ пайваст, зикр карданд.
Ҷонибҳо терроризмро бо тамоми шаклу зуҳуроташ маҳкум намуда, изҳор доштанд, ки дар мубориза бо терроризм, ки ба халқҳо ва иқтисодиёти тамоми ҷаҳон таҳдид менамояд, ҳамкорӣ мекунанд.
Вазирон муҳимияти коркард ва татбиқсозии лоиҳаҳоеро, ки ҳаллу фасли якдилонаи мушкилот ва вазифаҳои рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказиро дар пояи равандҳои баробарҳуқуқ, манфиат ва эҳтироми тарафайн таъмин мекунад, махсус таъкид карданд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамкориҳоро ба мақсади фароҳам овардани имкониятҳои воқеӣ барои вусъат додани ҳамкориҳои тарафайни иқтисодӣ, таъмин сохтани шароити мусоид барои савдои озоди тарафайн мустаҳкам мекунанд.
Сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ имкониятҳои пешомаднок ва самтҳои ҳамкориро дар соҳаҳои кӯмакрасонӣ ба рушди савдои тарафайн, ҷалби сармояҳо, инноватсия ва технологияҳо ба самтҳои асосии саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ ва хоҷагии қишлоқ, ҷанбаҳои таълим ва тайёркунии кадрҳо баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки барои рушди робитаҳои бевоситаи байни доираҳои корчаллон ва ташкилотҳои тиҷоратӣ, дастёбӣ ба шаклҳои нави кооператсияи ширкатҳо ва корхонаҳо кӯмак мерасонанд. Зарурати пешбурди ҳамкориро дар сатҳи тиҷорати хурд ва миёна, стартапҳо, тиҷорати венчурӣ қайд намуданд. Муҳимияти мунтазам баргузор кардани анҷуманҳои тиҷоратии соҳавӣ ва чорабиниҳои дигари тарафайни тиҷоратиро таъкид карданд.
Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ муҳимияти саъю кӯшишҳои мувофиқи беҳтар намудани иқлими сармоявӣ ва ҷолибияти бозории иқтисодиёти минтақаҳо, имкониятҳои соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказиро дар арсаи ҷаҳонӣ қайд намуданд. Вазирон ба зарурияти вусъат додан ва ба роҳ мондани робитаҳои бевоситаи муфиди тарафайни иқтисодиву фарҳангии байни минтақаҳо ва шаҳрҳои Ҳиндустону кишварҳои Осиёи Марказӣ эътибори махсус доданд ва изҳор доштанд, ки дар самти мазкур ҳамкорӣ мекунанд.
Вазирон манфиатдориро аз минбаъд амиқсозии ҳамкории тарафайн дар рушди иқтидорҳои транзитӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, такмил додани низоми нақлиётиву логистикии минтақа, пешбурди ташаббусҳои муштарак оид ба ташкил кардани гузаргоҳҳои минтақавӣ ва байналхалқии нақлиёт таъкид карданд. Аз ҷумла, иштирокдорон ба Муоҳидаи Ашқобод дар бораи ташкил намудани Гузаргоҳи байналхалқии нақлиёт ва транзит ҳамроҳ шудани Ҳиндустонро ҷонибдорӣ намуданд.
Сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ зарурияти рушди муносибатҳои тиҷоратии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустонро зикр намуда, мувофиқи мақсад будани баррасии масъала оид ба механизмҳои бисёрҷанбаи ҳамкории тарафайнро қайд карданд.
Вазирон мувофиқатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустонро бобати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои зиёд шудани сафарҳои тарафайни сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ таъкид карданд. Ҷонибҳо муҳимияти ба роҳ мондани хатсайрҳои минтақавии сайёҳӣ ва саёҳатҳои муташаккилро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зикр сохтанд.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки ҷавонон дар соҳаҳои маданият, илм, таълим ва варзиш, аз ҷумла дар доираи татбиқсозии баённомаи Ассамблеяи Генералии СММ А/RES/73/128 «Маърифат ва кушодадилии динӣ» эътибори махсус доданд.
Вазирон дар амиқсозии ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷанбаи соҳаҳои маданият, илм, маърифат, тиб, иттилоот аз тариқи татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштарак, ҳамчунин дар пешбурди мубодилаҳои фарҳангиву инсонпарварӣ дар доираи дипломатияи «халқӣ», рушди ҳамкории тарафайни доираҳои коршиносиву таҳлилӣ ва ҷамъиятӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ манфиатдории худро изҳор карданд. Ҷонибҳо ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҳифз намудан ва омӯхтани мероси муштараки фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти аввалиндараҷа доданд.
Сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ тайёрии худро ба ҳамкориҳои тарафайни минбаъда дар доираи анҷуман ва созмонҳои бисёрҷанба, аз ҷумла мувофиқсозии мавқеъҳо, табодули ахбор, дастгирии тарафайни номзадҳо таъкид карданд.
Вазирон иштироки Афғонистонро дар вохӯрии аввалини Мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ» ба сифати ҳалқаи муҳими ҳамкории минтақавӣ, транзити молҳо ва захираҳои энергетикӣ тарафдорӣ намуда, дастгирӣ ва ҷонибдории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустонро аз сулҳу салоҳ, амният ва эътидол дар Афғонистон, кӯмакрасонӣ ва истиқрори ҷараёни сулҳхоҳона, ки таҳти роҳбарият ва нирӯи худи афғонистониён татбиқ мешаванд, ҳамчунин кӯмакрасонӣ ба барқароршавии иқтисодиёти Афғонистон бо роҳи татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ, транзитиву нақлиётӣ, энергетикӣ ва ғайра, аз ҷумла ҳамкории минтақавӣ ва лоиҳаҳои сармоявиро изҳор доштанд.
Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ муҳимияти рушди устувори иқтисодиётро дар Афғонистон аз тариқи ҷалби занони Афғонистон ба иштирок дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат қайд карда, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бомуваффақият баргузор гардидани конфронс ва анҷуманҳоро бинобар ин мушкилот дастгирӣ намуданд.
Вазирон натиҷаҳои Конфронси ҳафтуми ҳамкории минтақавии иқтисодиро бинобар Афғонистон (RECCA VII), ки моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Ашқобод баргузор шуд, қайд намуданд ва тайёрии худро ба ҳамкории тарафайн дар доираи омодагӣ ба баргузор намудани Конфронси ҳаштуми ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA VIII), ки дар нимаи дуввуми соли 2019 дар шаҳри Тошканд мегузарад, таъкид карданд.
Иштирокдорон ба имкониятҳои зиёд барои ташаббусҳои муштарак бобати татбиқ сохтани чораҳои фарҳангӣ, лоиҳаҳои таълимӣ ва илмиву тадқиқотӣ бо Афғонистон эътибор дода, барои кӯмакрасонӣ ба иштироки ҷониби Афғонистон дар анҷуман, ҷашнвора, озмун, конфронсҳои илмӣ, намоишгоҳ ва чорабиниҳои дигари муштараки байналхалқии ҷавонон изҳори ақида карданд.
Ҷонибҳо бомуваффақият баргузор шудани вохӯриро дар шаҳри Самарқанд бо қаноатмандӣ таъкид намуда, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои созмон додани он миннатдории амиқ изҳор карданд.
Иштирокдорон ба муоҳида расиданд, ки Мулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»-ро бо иштироки Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ мунтазам идома медиҳанд ва барои соли 2020-ум дар шаҳри Ню-Деҳли баргузор кардани мулоқот муоҳида бастанд.