30 майи соли 2019 бино бар супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо хатсайри махсуси авиатсионӣ 156 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, асосан занону кӯдаконе, ки бо фиреб ба минтақаи талошҳои яроқноки Шарқи Наздик бурда шудаанд, ба шаҳри Тошканд оварда шуданд.
Амалиёти инсонпарварӣ куллан мувофиқи ҳуҷҷатҳои пойгоҳии байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳамчунин бо назардошти меъёр ва равандҳои ҳуқуқи байналхалқии инсонпарварӣ амалӣ гардид. Муҳимияти кӯмакрасонӣ ба занону кӯдаконе, ки бо ҷангиён – террористони хориҷӣ алоқаманданд ва метавонанд қурбони терроризм бошанд, бо баённомаи 2396-умини Шӯрои амнияти СММ тасдиқ шудааст.
Ҳукумати Ӯзбекистон ба тамоми шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба Ватан баргаштаанд, давраи мушкили ҳаётро аз сар гузаронидаанд, барои барқарор ва мувофиқшавиашон кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад. Ба онҳо барои кӯмакҳои тиббӣ ва дастгирии рӯҳиву иҷтимоӣ, бино бар барномаҳои таълимӣ ва ғайраи иҷтимоӣ имконият фароҳам оварда хоҳад шуд. Барои ҳамватанони фиребхӯрда баҳри бозгашт ба ҳаёти муътадили осуда, аз ҷумла аз тариқи таъмин сохтан бо манзили зарурӣ ва шуғл шароити зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.
Вазифаи башардӯстона бино бар наҷоти шаҳрвандони мо, ки дар моҳи барои тамоми мусалмонон шарифи Рамазон бомуваффақият амалӣ шуд, натиҷаи саъю кӯшишҳои ҳамоҳанги Вазорати корҳои хориҷӣ, хидматҳои махсус ва идораҳои дигари Ӯзбекистон гардид.
Як қатор давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ кӯмаки муҳим расониданд. Ҷониби Ӯзбекистон ба тамоми шарикон барои ҳамкориашон бобати бозгашти бомуваффақияти шаҳрвандони мо ба Ватан миннатдорӣ баён мекунад.
То ба шаҳрвандоне, ки бино бар сабабҳои гуногун дар хориҷа ба вазъияти мураккаби ҳаёт гирифтор шудаанд, расонданро вазифаи муҳим мешуморем, ки тамоми онҳо таҳти муҳофизати Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд ва давлат барои таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тамоми саъю кӯшишҳоро амалӣ месозад.