Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба муносибати воқеъаҳои Қазоқистон

Ӯзбекистон аз рӯйдодҳои охир дар Қазоқистони бародарӣ изҳори нигаронӣ карда, таҳаввулоти вазъ дар кишварро бодиққат назорат мекунад.

Мо итминон дорем, ки мардуми хирадманди Қазоқистон метавонад аз авҷ гирифтани бесуботӣ пешгирӣ, аз хушунат ва талафоти инсонӣ канорагирӣ кунад.

Мо итминон дорем, ки қазоқистониён азму иродаи заруриро доранд, то ваҳдатро ҳифз кунанд, сулҳу оромиро дар кишвар барқарор намоянд ва мушкилоти ба миёномадаро мустақилона бартараф созанд.

Ўзбекистон бори дигар собит менамояд, ки халқ ва роҳбарияти Қазоқистонро дар саъю кӯшишашон дар таъмини субот, некӯҳолии миллат ва гул-гулшукуфии кишвар дастгирӣ менамояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: