ИЗЗАТУЛЛО – ОМӮЗГОРИ СОҲИБМАЪРИФАТ

Солашро дақиқ дар ёд надорам.

Аввали солҳои навадуми садаи гузашта буд. Гурӯҳи омӯзгорони ноҳияи Нурато дар шаҳри Навоӣ аз аттестатсияи фаннӣ мегузаштем. Тестҳоро супорида ба «Бозори нав» рафтем. Таксиҳо аз он ҷо низ сӯйи Нурато меравад. Дар интизории дигар ҳамсафарон будем. Ҷавоне омад, дар даст беш аз даҳ китоби хурду калон дошт. Китобҳо нав буданд, онҳоро аз растаи китобҳо, ки берун аз бозор воқеъ буд, харид кардааст.
– Иззатулло, – писари Ҳикматулло Олибоев, омӯзгори ҷавон дар мактаби ҳамагонии рақами 38-уми деҳаи Синтоб, аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳад, – шинос намуд ҳамсафарамон Дилмурод Қӯзиев. – Иззатулло ҷавонест андешаманд. Ботамкин ҳар як суханашро дар тарозуи ақл баркашида ҳарф мезанад, ташнаи илму ирфон, ҳувайдост, ояндаи дурахшон дорад.
Қаҳрамони мо аз оилаи омӯзгор дар деҳаи таърихии хушманзари Синтоб ба дунё омадааст. Падараш омӯзгори математика, амакаш Саломатулло Олибоев (равонаш шод бод) омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик. Овони кӯдакӣ ва наврасии Иззатулло дар ана ҳамин муҳити бомаърифат гузаштааст. Ин ду омӯзгори варзидаро дар кӯҳпояи Нурато ҳама ба хубӣ мешиносанд. Ва аксар омӯзгорони ҷавон аз онҳо пайгирӣ мекунанд, таҷрибаи онҳоро меомӯзанд. Камина низ аз сабақҳои устоди шодравон С. Олибоеви филолог баҳра бурдаам. 
Соли аввали омӯзгориам буд. Аз шуъбаи таълими халқи ноҳия комиссия омад. Устод низ ба ин комиссия шомил будаанд. Ба дарсам даромада, бурду бохтамро батафсил таҳлил намуданд. Он таҳлили дарси яксоата то ба ин рӯз дар хотирам нақш бастааст. Муҳити оилавӣ ба Иззатуллои ҷавон таъсири амиқ гузошт. Ӯ пас аз хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 38 ҳуҷҷатҳои худро ба бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд супорид. Донишгоҳро сарбаланд хатм намуда, дар мактаби зодгоҳ ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият шурӯъ намуд. Донишу маҳорати дар донишгоҳ омӯхта, омӯзиши таҷрибаи падару амак ва дигар омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мактаб, худомӯзии пайваста муаллими ҷавонро кор дод. Зуд ба қалби наврасон роҳ ёфт. Талош меварзид, ки дар қалби шогирдонаш шарораҳои шавқу ҳавасро ба омӯзиши илму дониш, маърифату маънавият, хосатан ба омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик ва адабиёти халқҳои ҷаҳон, дар ин замина ҳиссиёти худшиносиву худогоҳӣ, меҳру муҳаббати инсонро фурӯзон намояд. Ӯро ҳадаф як аст – то мадор дар тан дорад, ташналабони роҳи донишро таълим дода, ба роҳи илму дониш раҳнамоӣ созад. Ин хусусияти Иззатулло борҳо дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва маҳфили «Хирадманд» ба мушоҳида расидааст.
Меҳру садоқат ба касб ва масъулият дар иҷрои рисолаташ буд, ки миёни омӯзгорон ҷойгоҳи махсусро касб кард. Шогирдони ӯ имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар фаъолияти пурсамар доранд. Ифтихор дорад, ки имрӯз шогирдонаш Парвин Холиқов, Олим Олибоев ва нафарони дигар ба таълиму тарбияи насли наврас шуғл доранд. Аз онҳо кӯмаки маънавӣ ва амалии худро дареғ намедорад.
Деҳаи Синтоб – сарзамини шоирхез. Ҷонибек Қув-ноқ, Паймон, Абдуназари Набӣ дар ҳамин мактабе, ки имрӯз И. Олибоев фаъолият пеш мебарад, таълиму тарбия гирифтаанд. Абдулло Субҳон ва Пайғом, ки бобоёнашон аз ҳамин деҳа будаанд, аз табиати зебо, обҳои софу ҳавои беғубор ва кӯҳҳои сарбаланди деҳа ифтихор доранд, илҳоми эҷод мегиранд. Ва имрӯз бо намунаҳои осори назмиву насрии худ адабиёти тоҷикро натанҳо дар ҳавзаи адабии тоҷики Ӯзбекистон, балки байни форсизабонони дунё муаррифӣ мекунанд. Аз ин ҳама ифтихор ва сарфарозӣ дорад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шогирдон дар ҳамин раванд таълиму тарбия гиранд. 
Чандин сол аст, ки дар мактаб маҳфили адабии «Ғунчаҳои умед» фаъолият дорад. Ба маҳфил Иззатулло сарварӣ мекунад. Чакидаҳои Парвин Холиқов борҳо дар саҳифаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва «Ховар» ба чоп расидаанд. Китобчаи маҷмӯаи шеърҳояш бо унвони «Башорат» рӯйи чопро дидааст.
Аъзоёни маҳфил хеле фаъол мебошанд. Чакидаҳои қаламии толибилми эҷодкор Далер Мансуров, борҳо дар саҳифаҳои «Булбулча доно» ва «Ховар» ба дасти чоп расидаанд. «Мактаб меравам» ном шеъри аъзои маҳфили «Ғунчаҳои умед» Ҳасан Гулназаров дар саҳифаҳои махсус барои наврасони маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ»(№ 3, 2023) ба табъ расидааст.
Аъзоёни маҳфил дар мусобиқаҳои маҳфили «Хирадманд», ки байни толибилмони мактабҳои таълимашон тоҷикии вилоятҳои Навоӣ ва Ҷиззах доир мегардад, фаъол иштирок мекунанд. Аъзоёни маҳфил, ки баҳори соли 2024 дар деҳаи Моҷарми ноҳияи Фориш таҳти мавзӯи «Мазмун ва мундариҷаи китоби «Гулистон» ва шарҳи ҳоли мухтасари Шайх Саъдии Шерозӣ» доир гардид, ширкат доштанд, ки донишомӯзи мактаб Тӯхтагул Амонова аз рӯйи номинатсияи «Суханрони беҳтарин» баромад карда, дар байни ҳамтоёни худ дастболо гардид.
Дар ин ҳама дастовардҳо заҳмати И. Олибоев кам нест. 
Иззатулло натанҳо ҳамчун омӯзгор, балки дар оиладорӣ ва таълиму тарбияи фарзандон низ аҳли деҳаву мардуми деҳоти ҳамсояро намунаи ибрат аст. Оилаи солим дорад ӯ. Бо ҳамсараш ҳафт нафар фарзандро ба воя расонидаанд. Таҳмина ва Марворид, ки аввалӣ донишгоҳро хатм намудаасту дувумӣ донишҷӯйи шуъбаи ғоибонаи бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ мебошад, бо падар дар як маърифатгоҳ фаъолият доранд. Фарангис дар бахши филологияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил дорад. Аксари фарзандон аз пайи падар рафтаанд.
Бояд таъкид дошт, Иззатулло яке аз дилбохтагони рӯзномаи «Овози тоҷик»,  тарғибгари фаъоли он байни мардум мебошад. Зимни маъракаи обунаи соли гузашта ин фаъолияти ӯ ба назар расида буд. Аҳд намудааст, ки дар маъракаи обунаи соли оянда камарро боз ҳам мустаҳкамтар бандад.
Фаъолияти омӯзгории Иззатулло аз ҷониби ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ хуб қадршиносӣ гардидаанд. Қаҳрамони мо аз соли 2018 ин ҷониб омӯзгори тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷик мебошад. Омӯзгори пешқадам дар соли 2022 бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тақдир карда шуд. Ва соли равон бо унвон ва нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сафароз гардонида шуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: