«ҶАДИДОН»

“Умуман, мо ҳаракати ҷадидӣ, мероси бобоёни маърифатпарварамонро чуқур аз худ карданамон лозим.

Ин хазинаи маънавиро чи қадаре зиёд аз худ намоем, ба саволҳои зиёде, ки имрӯз ҳам моро ба ташвиш меоваранд, ҷавоби дурустро пайдо хоҳем кард. Ин сарвати бебаҳоро чӣ қадар фаъол тарғиб кунем, халқамон, аз ҷумла ҷавононамон қадри ҳаёти озод ва осоиштаро дарк мекунанд”. 
Шавкат МИРЗИЁЕВ. 
Калимаи “ҷадид” ҳамчун ҷараёни фарҳангию маърифатӣ, иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳона, охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар байни зиёиёни бедоргаштаи маҳаллии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Фаъолияти ҷадидон ба муқобили зулми иҷтимоӣ ва хуруфоту ҷаҳолат, бар зидди ҳукуматдорони бесалиқа ва ноинсоф, уламои манфиатҷӯву муллоҳои ҷоҳил равона шуда буд. Номгузории “ҷадид”-ро ба ҷадидони Бухоро чун калимаи таҳқиркунанда, муқобилони ислоҳот гузоштанд. Барои гузоштани чунин ном аз ҷониби ҷадидон ташкил намудани мактабҳои усули нав ё худ “Мактаби усули ҷадидӣ” сабаб шуда буд. Калимаи “ҷадид” арабӣ буда, ба форсии тоҷикӣ маънои “нав”, “тоза”-ро дорад ва дар он ягон ифодаи таҳқиркунанда ё худ таҳқиркунӣ дида намешавад. Вале махсусан дар шароити аморати Бухоро, ҳомиёни тартиботи кӯҳна ҳар каси ба худ аз рӯи ақида муқобилро “ҷадид” гӯён таҳқир менамуданд. Дар асл ҷадидон дар марҳилаи аввал худро “Ҷавонон”, “Ҷавонфикрон”, “Маорифпарварон”, “Ислоҳотпарварон”, “Навпарастон” ва ғайра меномиданд.  
Ба наздикӣ бо Ташаббуси Агентии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ якҷо бо Иттифоқи ҷавонон зери рукни “Ҷадидон” маҷмуаи китобҳоро нашр карданд, ки дар бораи пешсафон ва намояндагони ҳаракати ҷадидӣ дар ҳамон давра – Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулҳамид Чӯлпон, Абдулло Авлонӣ, Абдулло Қодирӣ, Абдурауф Фитрат,  Исҳоқхонтӯра Ибрат, Мунавварқорӣ Абдурашидхонов, Ғулом Зафарӣ, ки аз ҷониби Баҳодур Каримов, Дилмурод Қуронов, Улуғбек Долимов, Сотимҷон Холбоев ва Олим Олтинбек омодаи нашр шудаанд, маълумоти муфассал медиҳанд. Дар ҳар як китоб оиди тарҷумаи ҳол, мероси адабӣ ва корҳои анҷомдодаи онҳо зикр шудааст, ки ҷавонон ва китобдӯстонро дар ҳамин маврид шинос менамояд. Маҷмӯи китобҳои “Ҷадидон” ба наздикӣ бо ташаббуси директори Агентии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ ва роҳбари лоиҳаи мазкур Алишер Саъдуллоев дар қатори корхонаву ташкилотҳои дигари давлатӣ ба тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ ройгон расонда мешаванд. Бояд гуфт, ки маҷмӯаи китобҳои “Ҷадидон” дар ҳаҷми 23 ҳазор нусха дар нашриёти ҶММ “Ниҳол нашр”-и Хонаи нашриёти ҷавонони Тошканд чоп шудааст. 
Ба наздикӣ китобҳои мазкур ба ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд низ расид ва аз ҷониби шуъбаи Агентии кор бо ҷавонони ноҳия тавассути пешвои ҷавонон дар маҳаллаҳои ноҳия ба 55 мактаби ҳудуд расонда шуданд. Аз ҷумла, чунин китобҳо дар ҷевони китобхонаҳои мактабҳои рақами 9 ва 43-юми деҳаи Навобод низ ҷой гирифтанд, ки ба хонандагони мактаб дар оғози соли хониши нав туҳфаи беҳтарин буданд. 

М. ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: