Ду ғазал
Ҳар чӣ гуфтам, дон, ки аз боби муҳаббат будааст,
Қиссаҳои талхи арбоби муҳаббат будааст.
Ҳар чӣ хондам, «ъайн»-у «шин»-у «қоф» будасту тамом,
Ҳар чӣ дидам, ранҷи аҳбоби муҳаббат будааст.
Ман пас аз панҷоҳ соли умр донистам, ки худ
Офтоб ангеза аз тоби муҳаббат будааст.
Фикр манмоӣ, ки маҳ қодир бувад бар рӯшанӣ,
Шом ҳам равшан зи маҳтоби муҳаббат будааст.
Бахти мо бедор бо бедории чашмони ишқ,
Хоби бахти мо ҳам аз хоби муҳаббат будааст.
Ҳар чӣ бурдам дар дили худ, дард будасту фироқ,
Дарди ҳиҷрон ҳам зи одоби муҳаббат будааст.
***
Маънии баланди ман табъи тунд мехоҳад,
Фаҳми шеърам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.
БЕДИЛ
Дар билоди панҷоҳам, з-ин ҷиҳат ҷадал дорам,
Аз маонии Бедил ҳаззи бебадал дорам.
Шармсору маҷрӯҳам аз таноқузи фикрат,
Дар мамолики ботин шӯриши милал дорам.
Дар кафи ҷабини ман коинот мегунҷад,
Толеи баланд, аммо наҳс чун Зуҳал дорам.
Ном нест аврангам, чунки чокари нангам,
Ин қадар мазан сангам: шиша дар бағал дорам!
Шарҳа-шарҳа шӯрамро то ба халқ созам шарҳ,
Шаҳрҷӯяму аммо рӯй бар ҷабал дорам.
Ишқи хешро бар ман баъд аз ин макун таҳмил,
Захмгин зи ҳиҷронҳо як дили касал дорам.
Эй нигори бозорӣ, чӣ тамаъ зи ман дорӣ?
Ман фақат барои ту як сабад масал дорам.
Ман чӣ дорам, эй Ҷаъфар, аз шукӯҳу карру фарр?
Дар қаламрави дафтар як бағал ғазал дорам!