Шоири ширинкаломи зуллисонайн, шарқшинос Ҷаъфари Муҳаммади ТИРМИЗӣ дар чамани 50-уми умр гашту гузор дорад.
Мо ба ҳамин муносибат бо соҳибҷашн суҳбат оростем.
– «Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст» мегӯянд. Ба муштариёни рӯзнома худро муаррифӣ мекардед.
– Банда дар маҳаллаи Назарии ноҳияи Музработи вилояти Сурхондарё чашм ба олами ҳастӣ кушодам. Пас аз хатми мактаби рақами 18-уми ноҳияи Бойсун шомили бахши адабиёти классикии форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуда, онро соли 1993 ба поён расондам. Фаъолияти меҳнатиро ҳамчун муҳаррири калони шӯъбаи симо ва садои вилояти Сурхондарё оғоз намудам. Сипас, дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба толибилмон сабақ додам. Таҳти роҳбарии адабиётшинос ва тасаввуфшиноси маъруф, профессор Наҷмиддин Комилов рисолаи доктори фалсафаро аз рӯйи фанни фалсафа (P.J.D) дифоъ кардам.
– Аҷиб, аз чандсолагӣ мурғи илҳоматон ба парвоз омад?
– Агар хотирам фиреб надиҳад, ҳангоми дар синфи панҷум таҳсил гирифтан хома ба даст гирифта машқи назм кардам. Албатта, сабаби ба боғи адабиёт ворид шудан қиссаву афсонаҳои модаркалону бобои адабиётдӯстам буданд. Дар ин ҷода хидмати падари бузургворам ва амаки омӯзгорам Юнус Холмӯъминов калон аст.
– Дар ҷодаи эҷод киҳоро устоди худ медонед?
– Аввалин шеъри ман таҳти унвони «Ба устод» бо хайрхоҳӣ ва дилсӯзии марди дурандешу дарёдил Ҷонибек Қувноқ (равонаш шод бод!) соли 1985 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» рӯйи чопро дид. Ҳангоми таҳсил дар Душанбешаҳр борҳо бо Лоиқи зиндаёд сӯҳбат ороста, аз эшон бисёр чизҳоро омӯхтам. Аз шоири номдори ӯзбек, Қаҳрамони Ӯзбекистон раҳматӣ Эркин Воҳидов ва дигарон доир ба шеъру шоирӣ сабақ гирифтаам. Аммо устодони бузургу нотакрори аз назар ғоиб ҳам дораму бо эшон фахр мекунам, ки онҳо Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедил, Соиб, Навоӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ ва дигарон ҳастанд.
– Ба пиндори шумо шоир кист ва шеър чист?
– Қалби шоир ҳамеша дар изтироб аст. Шеър туғёну исёни дил мебошад ва лаҳзаҳои саршор аз илҳом Худованди меҳрубонро арзи сипос меораду менависад. Охир ҳар як шеъри марғубу дилписанд андарунаш гавҳари ноёбу пурдурахш дорад, ки ҳар лаҳза бо ҷилои нав дурахшида, ба мухлис нури илоҳӣ мебахшад.
Яке аз симоҳои барҷастаи асри XIV мутафаккир Ибни Ямин фазлу ҳунар, ақлу хирад ва башардӯстиро меъёри ҳақиқии баҳо додан ба инсони комил шумурда, байти пандомез гуфтааст:
«Ҳунар бибояду мардумию хирад. Бузургзода на он аст, ки дирам дорад».
Сад дареғ, ки ҳоло баъзе ашхос аз паси молу давлат, мансабу иззати харида медаванд. Охир одамиро шараф ба ақл аст, на ба сарват.
– Дар адабиёти тоҷик сабкҳои гуногун вуҷуд доранд...
– Воқеан, дар олами назм сабки хуросонӣ, ироқӣ, ҳиндӣ ва монанди ин арзи вуҷуд доранд, ки дар аксари онҳо қувваозмоӣ намудаам. Албатта, дар ин бобат ба пояи Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Бедилу Соиб расидан душвор аст.
– Китобҳои шумо дар Тошканд, Душанбе, Теҳрон чоп шудаанд. Нашри ягон асари тозаро дар нақша доред?
– Дар нашриётҳои гуногун қариб бист номгӯй китобам ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ интизори чоп ҳастанд, ки ҳам баёзи шеърият ва ҳам илмӣ мебошанд.
– Ҳоло шумо устод, маслиҳатгари ҷавонон ҳастед. Насиҳати шумо ба навқаламон?
– Чӣ ҷойи пинҳон кардан аст, ки ҳамаи шогирдон собир нестанд. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз: «на ҳар к-ӯ нақши назм зад». Роҳи эҷод сангин, душвор ва пуртаҳлука аст.
Ҳар шахсе, ки ба уқёнуси ноорому пуртуғёни шеър ғӯта мезанад, ё ғарқ мешавад ё ба соҳили мурод мерасад. Комёбӣ ва ҳурмату эҳтиром ба он кас муяссар мегардад, ки болои китобу дафтар шабзиндадорӣ кунад, шеърҳои бузургонро аз ёд кунад, таҳлил намояд ва албатта пайроҳаи худро ёфта тавонад. Дареғо, ки ба ҳама ҳам соҳиби сухани фасеҳ ва бадеъ будан, ки вазн ва қофия дорад, насиб намешавад. Ҳилолӣ байти аҷиб гуфтааст:
Зи дурри назм бошад гуфтугӯям,
Зи баҳри шеър бошад обрӯям.
– Оё фарзандон аз паси падар рафтаанд?
– Як писар, ду духтар дорам ва се мағзи бодом. Писарам Эраҷ донишҷӯйи Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон аст. Вай вориси ман дар ҷодаи илм хоҳад шуд. Як духтарам шеър машқ мекард, лекин ман зид баромадам. Зеро азоби шоирӣ чист, медонам. Нисбати набераҳо чизе пешгӯйӣ кардан душвор.
– Лаҳзаҳои фараҳбахши ҳаёт...
– Он рӯзе, ки аввалин чакидаи банда дар матбуот нашр шуд. Рӯзи ҷомаи домодӣ пӯшидан. Сонӣ номи падарро гирифтан. Бобо шудан. Боз шарики хурсандии дигарон гардидан.
– Ҷаъфарҷон, мо, мухлисон аз шумо дар ҷодаи илму ирфон ва шеърият комёбиҳои нав ба нав таманно дорем. Худо ёру мададгоратон бод!
– Сипосгузорам.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».