ҶАМЪБАСТИ ТАШКИЛИ КОРҲОИ САМАРАНОКИ ИСТИФОДА АЗ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛӢ

Афзоиши аҳолии ҷаҳон, маҳдудияти заминҳои корам, захираҳои об ва бахусус тағйирёбии иқлим, таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ дар ҳамаи кишварҳо масъалаи муҳимтарин мебошад

Даромади заминдоронро бо роҳи қонеъ гардонидани талабот ба маводи озуқа, инчунин истифодаи самараноки замин бо мақсади таъмини устувори нарх дар бозор, бо назардошти шароити хоки иқлими ҳар як маҳал ҷойгир намудани зироат, 2-3 маротиба рӯёндани ҳосили қитъаи замини наздиҳавлӣ аҳамияти муҳим дорад. 84 фоизи картошкаи кишварамон, 71 фоизи сабзавот, 55-60 фоизи ангур ва мева, зиёда аз 94 фоизи маҳсулоти чорво ба ҳисоби хонадонҳои аҳолӣ рост меояд.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимиятҳои ҳудудҳо ба ташкили истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлии аҳолӣ диққати махсус дода, барномаҳои минтақавии парвариши зироат соли 2022 таҳия гардид.
Тибқи барномаҳои таҳияшуда, соли 2022 дар қитъаҳои замини наздиҳавлии аҳолӣ 377,5 ҳазор гектар зироат кишт карда шуд. Хусусан, дар вилоятҳои Андиҷон, Фарғона, Сурхондарё, Навоӣ ва Ҷиззах корҳои кишт то 15 март анҷом ёфтанд.
Дар баҳори соли 2022 дар канори роҳҳои мошингард, майдонҳои хоҷагиҳои фермерӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ дар маҷмӯъ 125 миллион бех ниҳолҳои ороишӣ, мева ва бутта шинонда шуд. Дар 1647 маҳаллаи 48 ноҳияи ҷумҳурӣ, дар хоҷагиҳо 16 миллион бех ниҳоли ангур шинонда шуд.
Дар минтақаҳо 59,9 ҳазор хоҷагии фермерӣ ба 647,3 ҳазор нафар шаҳрвандони камбизоат, кормандони хоҷагиҳои фермерӣ, ки дар ҳудуди онҳо зиндагӣ мекунанд, аз замин босамар истифода намебаранд, вобаста карда шуда, онҳо 2,7 ҳазор гектар заминро ба кишт омода намуда, ба 14,8 ҳазор гектар зироати гуногун коштаанд. Аз ҷумла, 35,7 тонна тухмӣ, 2 млн. 385 ҳазор бех дарахти мевадор, 1 млн. 237 ҳазор кӯчати сабзавот, инчунин 4,9 ҳазор чӯҷа, 1 сарӣ чорвои калони шохдор, 151 қуттии занбӯри асал ба шаҳрвандони вобасташуда тақсим карда шуд.
Соли ҷорӣ дар асоси тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот» барои ба 4109 адад расондани шумораи маҳаллаҳое, ки аз заминҳои наздиҳавлӣ соле ба 2-3 маротиба  гирифтани маҳсулот ихтисосонидаанд, рӯйхатҳои манзилнок тартиб дода шуданд
То моҳи апрели соли 2022 ҳамагӣ 1380 маҳалла махсусонида шудааст. Аз ҷумла, 5 маҳаллаи ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона ба малинапарварӣ (тамашк), 10 маҳаллаи ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон ба сабзавотпарварӣ дар гармхонаҳо, 15 маҳаллаи ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё ба анорпарварӣ, 18 маҳаллаи ноҳияи Пахтачии вилояти Самарқанд ба гармхонаҳо ва 12 маҳаллаи ноҳияи Рометони вилояти Бухоро ба меваю сабзавот ихтисос ёфтааст. 
Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ якҷо бо ёварони ҳоким корҳои ташкилӣ, омӯзишӣ ва тарғиботӣ бурда шуда, таҷрибаи «Боғдорони ибратбахш» ба воситаи семинарҳои намоишӣ паҳн карда мешавад.
Кормандони шӯро дар саросари кишвар 684 ҳазор хонаводаро аз назар гузарониданд, ошкор гардид, ки заминҳои наздиҳавлии 101 ҳазор хонадон шудгор нашудааст ва ба соҳибонхонаҳо барои се баробар зиёд кардани андози замин бинобар беэътиноӣ мактубҳои огоҳкунанда доданд.
Моҳи марти соли ҷорӣ аз вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Намангон ва Сурхондарё зиёда аз ҳазор нафар деҳқонони пуртаҷриба барои мубодилаи таҷриба, тарғибот ва ёрии услубӣ ба вилоятҳои Қашқадарё, Сирдарё, Ҷиззах ва Тошканд рафтанд.
Қитъаҳои замини наздиҳавлии шаҳрвандони имконияташон маҳдуд, ногиро ва камбизоат дар асоси сарпарастӣ кишт карда, аз тарафи ҶММ «Хидмати замини наздиҳавлӣ» ниҳолҳои зарурии тухмӣ оварда шуданд.
Дар асоси қарорҳои Президент аз 26 апрели соли 2018 ва 30 июни соли 2020 дар вилоятҳои ҷумҳурӣ 1457 ҶММ «Хидмати замини наздиҳавлӣ» таъсис дода шуд. 
Аз тарафи онҳо дар чоряки аввали соли ҷорӣ 19,4 ҳазор гектар замини 49,2 ҳазор хонадон шудгор гардида, ба заминҳои наздиҳавлии аҳолӣ 303,6 ҳазор тонна тухмии сабзавот, 4,7 миллион бех кӯчати меванок, инчунин тухмии пиёзу сирпиёз расонида дода шуд. 
Илова бар ин, дар 1,6 ҳазор гектар қитъаҳои замини наздиҳавлии аҳолӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз ҳисоби маблағи Фонди назди шӯро, инчунин вомҳои имтиёзноки бонкҳои тиҷоратӣ пойгоҳии моддию техникии ҶММ «Хидмати замини наздиҳавлӣ» пурзӯр карда шуд.
Аз ҷумла, 131 анбори яхдонҳои меваю сабзавот, 275 анбори нигаҳдории меваю сабзавот, 128 хати ба навъҳо ҷудокунӣ, хушккунӣ ва азнавкоркарди мева ба кор андохта шуда, ба баланси корхонаҳо 584 трактори гуногунтамға, 1036 агрегати хоҷагии қишлоқ, 341 мошини боркаш, 1445 мотокултиватор, 1949 таҷҳизоти коркарди химиявӣ, 284 дӯкони фурӯши нуриҳои минералӣ ва химиявӣ ворид шуд, 320 дӯкони саҳроӣ бо яхдонҳои хурд ташкил карда шуда, шумораи онҳо ба 3350 нафар расид.
Дар чоряки якуми соли ҷорӣ барои рушди базаи моддию техникии ҶММ «Хидмати замини наздиҳавлӣ» аз Фонди кумак ба хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлӣ 33,7 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.
Имрӯз давлат механизми пурраи бозорро барои хоҷагии қишлоқ роҳандозӣ карда, ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Хусусан, барои самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, як қатор чорабиниҳо андешида мешаванд.
Аз ҷумла, мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 30 июли соли 2020 барои парма кардани чоҳҳои вертикалии ирригатсионӣ барои обёрии  заминҳои наздиҳавлӣ субсид ҷудо карда мешавад. Дар соли 2022 аз буҷаи давлат барои 205 довталабе, ки чоҳҳои артезианӣ парма кардаанд,  16,9 миллиард сӯм субсид ҷудо карда шуд.
Мутахассисони шӯро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор харитаҳои технологии боғдории хурди интенсив, лимӯпарварӣ, токпарварӣ, зироати полизӣ, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзиро тибқи усулҳои нав дар заминҳои наздиҳавлӣ, инчунин тавсияҳои технологӣ оид ба парвариши интенсиви парранда, харгӯш, гӯсфанд, буз, занбӯри асал, моҳипарварӣ ва гармхонаҳоро таҳия намуданд.
Дар асоси ин харитаҳо ва тавсияҳои технологӣ барномаи «Тавсияҳои амалию услубӣ барои заминҳои наздиҳавлӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ»-ро тартиб дода, ба шӯроҳои минтақавӣ, роҳбарони секторҳо, ёварони ҳоким, коркунони бонкҳои тиҷоратӣ ва заминдорон пешниҳод намудаанд. Барои қулаӣ ба корбарон нусхаи электронии барнома дар вебсайти расмии шӯро ҷойгир карда шудааст.
Соли ҷорӣ аз тарафи «Маркази машваратӣ оид ба бизнеси деҳот», «Маркази илмии рушди қитъаҳои замини наздиҳавлии Қува» ва «Марказҳои машваратӣ ва ниҳолпарварии замини наздиҳавлӣ»-и назди шӯро ба зиёда аз 3 ҳазор нафар боғдорон доир ба ҷорӣ намудани технологияи нави инноватсионӣ ёрии амалии услубӣ расонда шуд.

Ф.СУЮНОВ,
сардори шуъбаи Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, 
деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлии Ӯзбекистон.    
   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: