ҶАМЪИЯТИ ӮЗБЕКОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ ПРЕЗИДЕНТИ МО МИННАТДОР

Расонидани кумакҳои фаврӣ ба осебдидагони кандашавии обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё дар кишвари ҳамҷавори мо – Тоҷикистон низ боиси таваҷҷӯҳ гаштааст.

Расонидани кумакҳои фаврӣ ба осебдидагони кандашавии обанбори Сардобаи вилояти Сирдарё дар кишвари ҳамҷавори мо – Тоҷикистон низ боиси таваҷҷӯҳ гаштааст. Аз ҷумла, Маркази “Маънавият ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд барои ин мисоли равшан шуда метавонад.

Раиси ин марказ Илҳом Юсупов зимни як суҳбат бо хабарнигор гуфтааст.
– Кандашавии пеши обанбори Сардоба мо, ӯзбекони вилояти Суғдро ба изтироб ва нигарониҳо мувоҷеҳ намуд. Гузаштагонамон “Баъзан бадбахтӣ ҷуфт меояд” гуфтаанд, ки дар давраи пандемияи коронавирус ин ҳодисаи мудҳиш рӯй дод ва моро ғамгин сохт. Зеро агар ба дасти мардуми Ӯзбекистон хоре халад, ҷони моро низ ба дард меорад.
Ба таъкиди раиси марказ бо вуҷуди ин як нуктаи дигар мавҷуд аст, ки одамро хотирҷамъ месозад. Баробари ин рӯйдод Президент Шавкат Мирзиёев ба ҷои ҳодиса шитофт ва мунҷар ба он шуд, ки ба осебдидагони ин ҳодисаи фоҷиабор саривақт ва зуд расонидани ҳама кумакҳоро таъмин кунад.
Мулоқоти Президент Шавкат Мирзиёев бо вакилони халқ низ баёнгари он мебошад, ки ягон нафар сокини ин минтақа аз назари эътибору таваҷҷӯҳ берун намемонад.
– Нуктаи дигаре, ки дар мо ҳисси ифтихорро бедор намуд, ҳазорҳо сокини ин минтақаи осебдида – пиру барно, занону духтарон, кӯдакон соҳиби иродаи матин доштани худро намоиш дода тавонистанд. Мо тавассути шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон дидем, ки ба ниёзмандон хизмати тиббии фаврӣ расонда мешавад, барояшон шароити маишӣ фароҳам меоваранд, бо маводи хӯрокворӣ таъмин мекунанд, ҳамчунин дар муддати кӯтоҳ барои одамони аз ин ҳодиса осебдидаву бе ҷову макон ҷои зист тайёр карда доданд,– зикр намудааст И. Юсупов.
Тавре ки ӯ тазаккуур додааст, тамоми мардуми Ӯзбекистон ба ин вазъият бетафовут набудани худро нишон доданд. Ҳатто кӯдакон низ аз ин раванд дар канор намонданд ва барои ҳамсолони осебдидаи худ бозичаҳои худро фиристоданд.
– Мардумони мо ҳазорҳо сол паҳлӯи ҳам зиндагӣ кардаанд ва дар тамоми рӯзҳои хубу мудҳиш боҳам будаанд, барои ҳамдигар дасти мадад дароз кардаанд. Мо кумакҳои ин кишвари ҳамҷаворро ҳангоми ташаннуҷи авзои сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва зилзилаи Қайроқум ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард,– бо қаноатмандӣ изҳор кардааст И.Юсупов.
Дар ин рӯзҳои пурхатар ва дунёгиршавии коронавирус низ Ӯзбекистон ду бор ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона расонд.
– Мо тоҷикистониён ба далели коронавирус дар паҳлӯи бародарони сирдарёии худ буда наметавонем, вале рӯҳан ва қалбан бо онҳо ҳастем. Бовар дорем, ки рӯзҳои вазнин зуд гузашта мераванд ва даврони хурсандии мо фаро мерасад. Онгоҳ мо рӯзҳои шоду сурурро дар канори ҳамдигар идома хоҳем дод,– ба ҳарфҳояш хотима бахшидааст раиси Маркази “Маънавият ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд дар суҳбат бо хабаргузории “Дунё”.

Мирасрор АҲРОРОВ, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: