Дар Сафоратхонаи Ӯзбекистон барои кишварҳои Бенилюкс бо шариксоҳиби ҷамоаи ширкати «Bortex» (Малта) Сэм Борж вохӯрӣ ба амал омад.
Ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории соҳаҳои дӯзандагии ин ҷамоаи бузургро бо Ӯзбекистон, аз ҷумла, ҳамкорӣ оид ба истеҳсоли сару либоси брендҳои машҳурро дар мамлакати мо, содироти онҳо ва фурӯшашонро ба ретелерҳои аврупоӣ баррасӣ карданд.
Ширкати «Bortex» соли 1964 аз ҷониби тоҷири малтагӣ С.Борж ҳамчун корхонаи муштарак бо ширкати «Van Gils»-и Нидерландия ташкил гардид ва ба истеҳсоли сару либосҳои баландсифати болоии мардон тахассус дорад, он муҷовири брендҳои машҳури аврупоӣ ба шумор меравад.
Ширкат, ки ситодхонаи он дар Малта қарор дорад, дар Тунис соҳиби майдони худии истеҳсолӣ мебошад ва дар Чин корхонаҳои муштарак дорад. Вай ҳамчунин ба фурӯши сару либос ба Малта машғул мешавад, дар Британияи Кабир, Шведсия, Сербия, Русия, Полша ва Алҷазоир дорои шабакаи дуконҳои «Gagliardi» мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муаррифии рушди соҳаи дӯзандагии Ӯзбекистон, иқлими сармоявии мамлакат, чораҳое, ки бинобар то ба дараҷаи ақалл коҳиш додани содироти нахи пахта ва афзун кардани истеҳсоли маҳсулот бо арзиши иловагӣ андешида мешаванд, ба амал омад.
Сэм Борж хабар дод, ки ширкати «Bortex» аз ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бозори дӯзандагии зудривоҷёбандаи Ӯзбекистон, аз ҷумла сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, фиристодани супоришҳо барои дӯхтани сару либосҳои болоии мардона ба истеҳсолгарони маҳаллӣ, ҳамчунин фурӯши молҳои баландсифат дар тамоми шабакаи дуконҳои ҷамоа ба Русия, Полша, Сербия ва кишварҳои дигар манфиатдор мебошад.
Дар ин маврид, бинобар суханони ӯ, омӯхтани муҳити ҷории сармоявӣ дар мамлакат ва тайёр будани истеҳсолгарони ӯзбекистонӣ ба таъмин сохтани меъёрҳои сифати «Bortex» муҳим ба шумор мераванд.
Ба мақсади баррасии самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ бинобар ба роҳ мондани сафари ҳайатҳои ширкат ба Ӯзбекистон моҳи марти соли равон муоҳида ба имзо расид.
ОИ «Дунё»,
шаҳри БРЮССЕЛ.