ҶАМЪОМАД ДАР РУҲИЯИ ТАНҚИДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар вохӯрии ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов бо ходимони тиб чанд масъалаи вобаста ба соҳаи мазкур муҳокима карда шуд.

Дар мамлакатамон дараҷаи ислоҳот дар соҳаи тиб сол аз сол баланд мешавад. На танҳо дар беморхонаҳои вилоятӣ, балки дар иттиҳодияҳои тиббии ноҳияҳо низ ҷарроҳиҳои мураккабро амалӣ мекунанд. Таъминоти муассисаҳои мазкур бо ҷиҳозҳои замонавии тиббӣ, доруву дармонҳои зарурӣ сол аз сол беҳтар мешавад. 
– Мутаассифона, сарфи назар аз корҳои амалишуда, баъзе муаммоҳои ин соҳа ҳамон ба эътирози барҳақи аҳолӣ сабаб мешаванд, – гуфт ҳокими вилоят. – Ин ҳолатро аз шумораи муроҷиатҳое низ дидан мумкин аст. Вазъи иттиҳодияҳои тиббии зинаи аввал ҳамон ғайриқаноатбахш мебошад. Таъминоти аҳолӣ бо воситаҳои зарурии дорувору ҷи-ҳозҳои тиббӣ ва фаъолияти дорухонаҳо ба дараҷаи талабот нест.
Азбаски дар баъзе шифохонаҳо асбобҳои тиббӣ, ҷиҳозҳои лабораторӣ ба кор ношоям шудаанд, аҳолӣ маҷбур мешавад, ки ба муассисаҳои хусусии тиббӣ муроҷиат кунад.
Шифохонаҳои оилавие, ки дар онҳо норасоиҳо мушоҳида шудаанд, зери танқид гирифта шуд. Таъкид гардид, ки дар баъзе шифохонаҳои оилавӣ рентген, ЭКГ, санҷиши ултраовозӣ бар зидди тартиби ҷорӣ – ба тарзи пулакӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар ҷамъомад роҳбарони муассисаҳое, ки дар онҳо норасоии кор муайян гардидаанд, огоҳонида, ба баъзеи онҳо ҷазои интизомӣ дода шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: