ҶАМЪОМАДИ ҒАЙРИРАСМИИ РОҲБАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 декабр дар маҷлиси ғайрирасмии Шӯрои роҳбарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Санкт-Петербург иштирок намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин пешвоз гирифт.
Суҳбати роҳбарони ду мамлакат ба вуқӯъ пайваст ва зимни он истиқболи муносибати тарафайн ва ҳамкории минтақаҳо, масъалаҳои байналхалқӣ муҳокима гардиданд.
Дар ҷамъомади ғайрирасмии ИДМ инчунин роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Масъалаҳои муҳими ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла самтҳои бартариноки раёсати Ӯзбекистон соли 2020 дар Иттиҳод баррасӣ гардиданд.
Бо ҳамин ташрифи роҳбари давлат ба поён расид. 

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: