ҶАМЪОМАДИ ФАЪОЛОНИ МАРКАЗҲО БАРГУЗОР ШУД

Дар мактаби рақами 72-юми ноҳияи Сариосиё бо иштироки намояндагони фаъоли марказҳои миллии тоҷикони вилоят ва ноҳияҳои Узун, Сариосиё, Деҳнав ва Олтинсой, рӯзноманигорон, эҷодкорон ва омӯзгорон ҷамъомад баргузор шуд.

Дар барнома масъалаҳои дар мавзеъҳои тоҷикнишини вилоят ташкил намудани боғчаҳои бачагона, беҳсозии сифати таълим ва бо китобҳои бадеӣ таъмин намудани мактабҳои тоҷикӣ, аз байн бардоштани норасоии китобҳои дарсӣ дар баъзе мактабҳо, китобҳои бадеии тоҷикӣ дар марказҳои ахбору китобхона, вазъи обуна ба нашрияҳои тоҷикӣ, зиёд намудани гурӯҳҳои тоҷикӣ дар донишгоҳҳо, барқарорсозии маҳфили адабии «Амвоҷи Вароруд» ва барномаи телевизионии «Чашмасор» ва ғайра гузошта шуда буданд.
Маълум аст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ миқдори макотиби тоҷикӣ, тоҷикӣ-ӯзбекӣ (87 адад, яъне сеяк) маҳз дар Сурхондарё аз ҳама зиёд мебошад. Нашрияҳои тоҷикӣ (рӯзномаи «Ховар», маҷаллаи дузабонаи «Суғдиён» ва се саҳифаи тоҷикӣ – дар рӯзномаҳои «Бойсун», «Сариосиё» ва «Субҳи Боботоғ») низ дар ҳамин вилоят фаъолият доранд. Шумори марказҳои миллию мадании тоҷикон ҳам аз вилоятҳои дигар бештар аст. Дар се донишгоҳ 6 гурӯҳи тоҷикӣ амал мекунад. Бо вуҷуди ин муаммоҳое низ ҳастанд, ки ҳаллу фасли онҳо айни замон ногузир мебошанд.
– Соли 2023 «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълон гаштааст, – гуфт раиси Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳияи Узун Абдулло Тошмирзоев. – Мо бояд аз ин босамар истифода барем. Аз нав барқарорсозии мактабҳои тоҷикӣ, синфҳои тоҷикӣ, ки замоне хуб фаъолият доштанд, ҳоло хеле мушкил шудааст. То замоне ки мо боғчаҳои бачагонаи тоҷикӣ ташкил намекунем, ҳаллу фасли ин кор мушкил ва ҳатто номумкин буда, бобати таълими босифат дар макотиби тоҷикӣ ҳарф задан ҳам кори беҳуда аст.
Воқеан, ташкили боғчаҳои бачагона талаби давр аст. Фарзандони мо, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, аллакай ба дигар забон балад шуда, ба таҳсил бо забони модарӣ душворӣ мекашанд. Файласуфон собит намудаанд, ки инсон то панҷсолагӣ он қадар меомӯзад, ки шояд тамоми умр наомӯзад. Бешубҳа, ин фикр ишора ба забономӯзии кӯдак аст.
– Барои кори марказҳоро ҳаматарафа босамар пеш бурдан маблағи зиёд лозим, – гуфт раиси Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳияи Сариосиё Равзатулло Раҳмонов. – Шукр, ҳукумат ғамхорӣ зоҳир намуда, соли гузашта маблағ ҷудо кард, лекин марказҳои ноҳияҳои Деҳнаву Олтинсой аз сабаби бемасъулиятӣ он маблағҳоро гирифта натавонистанд. Мо ба ин кор бояд ҳомиёнро низ бештар ҷалб намоем. Аз дастандаркорони ноҳияи Узун омӯзем, ки барои фаъолияти марказ шароити хуб муҳайё сохтаанд.
Дар ҷамъомад фаъолияти марказҳо дар ноҳияҳои Деҳнаву Олтинсой, ки бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, зери тозиёнаи танқид гирифта, масъалаи талаб кардани ҳисобот ва интихоб намудани раиси нав бо аъзоёнаш ба миён гузошта шуд.
– Мутаассифона, соли 2013 баъди табдили забони таълим дар мактабҳоямон аҳвол хеле бад гардид, – гуфт узви фаъоли Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳияи Деҳнав Аскар Давлатов. – Бинобар он ба ҳоли аввала баргардонидани мактабҳо, яъне ба тоҷикӣ баргардондани таълим мушкил шуда истодааст. Ҳанӯз ҳам кам будани гурӯҳҳои тоҷикӣ дар донишгоҳҳо, ҷорӣ нашудани тестҳои тоҷикӣ ҳангоми қабул муаммои ҳалталаб боқӣ мемонанд.
– Фаъолияти маркази мо умуман ғайриқаноатбахш аст, – гуфт зимни суханронии хеш фаъоли Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳияи Олтинсой Тоҳир Зокиров. – Мо аз ҳама чиз қафо монда истодаем. Аз сабаби то ҳанӯз надоштани ҳисобсурат марказ соли гузашта аз маблағи давлат ҷудокарда низ бенасиб монд. Ба марказҳо шахсони арзандаро раис интихоб кардан лозим, то кор пеш равад.
Қарор шуд, ки дар ноҳияҳои Деҳнаву Олтинсой ҳарчи зудтар анҷумани марказҳо доир шуда, ҳисоботи раисон шунида, ҳайатҳои нав интихоб карда шаванд. 
Камина дар бораи вазъи обуна ҳарф зада, иброз доштам, ки ба нашрияҳои тоҷикии «Овози тоҷик», «Ховар», маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» ва маҷаллаи нави дузабонаи «Суғдиён» ин маърака ҳанӯз давом дорад. 
– Сол то сол обуна ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» паст меравад. Дар оғози соли ҷорӣ обунаи «Овози тоҷик» ба 353 нусха фаромад, ки ин хеле таҳлукаовар буд. Бо саъю эҳтимоми ҳайати таҳрир ва муассису ҳомиён адади рӯзнома ба 4700 расонида шуд, ки ба муштариён ройгон тақсим мегардад. Вале рӯзномаеро, ки таҳририят ройгон барои мактабҳо медиҳад, муштариён аз ҷойи даркорӣ талаб карда гирифта намехонанд. Аз сабаби пардохт накардани қарзҳое, ки мактабҳо аз таҳририяти «Ховар» доранд он имрӯз ба ҳоли ногуворе мондааст. Тақдири нашрияҳои навтаъсиси «Дурдонаи Шарқ» ва «Суғдиён» низ, агар муштариён чунин муносибатро раво бинанд, зери шубҳа аст.
– Пос доштани забону миллат бояд вазифаи ҳар яки мову шумо бошад, – гуфт омӯзгори пешқадаму собиқадор Абдуҷаббор Фаттоев. – Мо ба марказҳои миллию маданӣ, рӯзноманигорони нашрияҳои тоҷикӣ аз наздик бояд кумак расонем. Сифати таълимро бардоштан вазифаи аввалиндараҷаи мо бояд бошад.   
Доир ба масъалаи аз нав барқарор намудани маҳфили адабии «Амвоҷи Вароруд» шоири зуллисонайн Рӯзии Ғанизод баромад карда, иброз дошт, ки барои сарҷамъ намудани эҷодкорон ва ҳал намудани масъалаҳои фарҳангӣ ин маҳфил нақши бориз дорад. Бояд раисе интихоб намуд, ки ин корҳоро роҳандозӣ кунад. Бо пешниҳоди ӯ сардабири рӯзномаи «Ховар» Олим Панҷизода раис интихоб шуд.
Инчунин, ба сабаби надоштани имконот раиси Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳияи Сариосиё аз аҳли маҷлис боисрор хоҳиш кард, ки ӯро аз вазифаи раисӣ озод созанд. Илтимоси ӯ қонеъ гардонида шуд ва муовини раис Тоштемур Шукуров бо як овоз раис интихоб гардид.
Дар маҷлис қарор шуд, ки оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ бо имзои иштирокдорон муроҷиатномае қабул ва ба мутасаддиён пешниҳод карда шавад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: