Чанде пеш бо ташаббуси Маркази миллию мадании тоҷикони шаҳри Чирчиқ “Суғдиён” ҷашни Наврӯз бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса гузаронда шуд.
Ба баргузории ин ид одамони касбу кори гуногун даъват шуда буданд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозирин ва ба туфайли онҳо кулли мардуми кишварамонро бо ҷашн муборакбодӣ гуфт. Ҳамчунин аз дӯстии байни миллатҳои ӯзбеку тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда бардавом мондани ҳамбастагии ин ду халқро зикр кард.
Сипас, ба давра мудири шӯъба оид ба корҳои маҳаллаи ҳокимияти шаҳри Чирчиқ Сайёра Файзиева даъват карда шуд. Мизбон аввалан ташрифи сафирро ба Чирчиқшаҳр хайра мақдам гуфта, тавассути вай Наврӯзи оламро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ҳам муборак гуфт. Ҳамин тавр якчанд нафар аз меҳмонон, ин пайки хуши баҳорӣ – Наврӯзи оламороро табрик гуфтанд.
Пас аз он қисми бадеии ҷашн оғоз гардида, овозхонон Суннат Само, Баҳодур Умарзода, Лазиз Шораҳметов бо навбат ба саҳна баромада, суруду таронаҳо хонданд. Баромади хонандагони синфҳои якум, ки роҳбари синфашон Фарида Назирова тайёр кардааст, хеле хотирмон буд. Хонандагон аз ашъори шоирони тоҷик шеърҳо қироат намуданд. Баромади духтараки дӯстрӯяк Кумушхон Мирзоаҳмадова, ки либоси миллӣ дар бар дошт, ҳусни давраро дучанд гардонд. Вай ба тоҷикӣ доир ба Наврӯз суруд хонда, бо рақси яккааш ҳозиринро хурсанд кард. Рақси суннатии “Остинча”, ки аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ иҷро карда шуд, хеле ҷолиб буд.
Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.