ҶАМЪОМАДИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ӮЗБЕКИСТОНУ КУРИЁИ ҶАНУБӢ

Дар Маркази ҳамкории байналхалқии пойтахт 4 март ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба амал омад.

Дар чорабинӣ роҳбарони вазорат, идора, ширкат ва консернҳои ду мамлакат, ки барои соҳаи савдои хориҷӣ, сармояҳо, бонку молия, нақлиёт, энергетика, нафт ва газ, мошинсозӣ, кимиё, сохтмон, озуқаворӣ, саноати бофандагӣ, технологияҳои ахбор ва телекоммуникатсияҳо, кишоварзӣ ва хоҷагии об, илм, сайёҳӣ, тиб масъул мебошанд, иштирок карданд. 
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элёр Ғаниев, вазири савдо, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Куриё Сунг Юнг Мо ва дигарон таъкид намуданд, ки муносибатҳои байни мамлакатҳоямон ба туфайли ҳамкории самарабахш дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои пешомаднок аз рӯйи бисёр самтҳо ривоҷ меёбанд.
Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубиро муносибатҳои таърихӣ, алоқаҳои боэътимоди дӯстӣ ва шарикии стратегӣ бо ҳам мепайвандад.
Ҷумҳурии Куриё дар модернизатсия ва навсозии сохтории иқтисодиёти Ӯзбекистон, ҷорӣ намудани низоми «Ҳукумати электронӣ», татбиқи лоиҳаҳои баландтехнологӣ, ки ба рушди саноати энергетикӣ, кимиё, автомобилсозӣ, инфрасохтор нигаронда шудаанд, фаъол иштирок менамояд. Иқтисодиёти устувор ривоҷёфтаистодаи Ӯзбекистон, мавқеи қулайи ҷуғрофӣ, стратегияи боэътимоди ҷалб намудани сармояҳо дар соҳибкорони бисёр мамлакат, аз он ҷумла Куриёи Ҷанубӣ шавқу рағбат пайдо менамояд. Беш аз ними ҳаҷми муомилоти савдои ин мамлакат бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳиссаи Ӯзбекистон рост меояд. 
Дар мамлакатамон намояндагии беш аз 70 ширкати ин мамлакати шарик, зиёда аз 630 корхона бо иштироки сармояҳои Куриёи Ҷанубӣ фаъолият нишон медиҳанд. Дар соли 2018 беш аз 150 корхона таъсис дода шуданд. Ҳаҷми муомилоти мол байни мамлакатҳоямон беш аз 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нисбат ба соли 2017-ум 57 фоиз зиёд мебошад. 
Мувофиқи Фармони Президенти Ӯзбекистон тартиби раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Куриё содда гардонда шуд. Ин ба таҳкими минбаъдаи равобити байни мамлакатҳоямон мусоидат менамояд. 
Чи хеле, ки дар ҷамъомад таъкид гардид, барои минбаъда мустаҳкам намудани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ тамоми имкониятҳо мавҷуд мебошанд. Татбиқи пурраи шартномаҳои дарозмӯҳлат, ки дар рафти ташрифи давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Куриё моҳи ноябри соли 2017 ба даст омаданд, имконияти то 5 миллиард доллар расондани ҳаҷми савдои байни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубиро фароҳам меорад. 
Ҳамкории сармоягузорӣ низ васеъ мегардад. Шароити дар Ӯзбекистон барои тиҷорат фароҳам овардашуда, озодгардонии иқтисодиёт, такмил додани пойгоҳи қонунгузории сиёсати асъор ва коҳиш додани пардохтҳои гумрукӣ ба вусъат додани он мусоидат менамояд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои тайёрӣ ба ташрифи Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чж Ин ба мамлакати мо баррасӣ гардид. Зарурати бо мазмуни нав ғанӣ гардондани ҳамкорӣ, рағбатноксозии мулоқоти доираҳои корчаллон, дастгирӣ намудани мубодилаи ҳайатҳои байниҳудудӣ таъкид гардид. 
Дар ҷамъомад ба татбиқи лоиҳаҳо дар доираи шартномаҳое, ки байни ҳукуматҳои ду мамлакат ба имзо расиданд, эътибори алоҳида дода шуд. Зарурати таъсис додани марказҳои муштарак таъкид гардид, ки бобати самарабахш ба ҳаёт татбиқ намудани онҳо шуғл меварзанд.
– Мамлакати мо соҳиби таҷрибаи ғании татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ мебошад, – мегӯяд директори иҷрогари корпоратсияи идоракунии энергияи Ҷумҳурии Куриё Го Ҷэ Ёнг. – Корхонаи мо ният дорад бо Ӯзбекистон дар навсозии гидроэлектростансияҳо, ба соҳа ҷорӣ намудани коркардҳои баландтехнологӣ ҳамкорӣ намояд. Дар доираи мулоқот мо аз рӯйи ин масъалаҳо бо шариконамон мубодилаи афкор намудем. 
Дар чорабинӣ масъалаҳои дар Ӯзбекистон бунёд намудани роҳҳои оҳани баландсуръат, истеҳсоли автомобилҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, лоиҳаҳои созмон додани инфрасохтори сайёҳӣ, шаҳри боақл, рӯёндани маҳсулоти ба содирот нигарондашудаи кишоварзӣ баррасӣ гардиданд. 
Дар доираи чорабинӣ маросими кушоиши Маркази рушди тиҷорати Тошканди Агентии рушди савдои Ҷумҳурии Куриё ба амал омад. Сохторе, ки аз ҷониби вазорати савдо, саноат ва энергетикаи мамлакатҳои шарик таъсис дода шудааст, дар Дубай, Сан-Паулу, Маскав, Йоханнесбург, Ханой вуҷуд доранд. Вазифаи асосии марказ аз рушди иқтисодиёт ва инфрасохтор дар мамлакат, дастгирӣ намудани тиҷорат иборат мебошад.

Улуғбек ШОНАЗАРОВ, 
мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: