Ҷамъомади комиссияи муштараки байниҳукуматии Ӯзбекистону Қазоқистон

21 июн дар Тошканд ҷамъомади ҳаждаҳуми комиссияи ҳамкории байниҳукуматии дуҷонибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш бори аввал масъалаҳои сари вақт таъмин намудани иҷрои аҳду паймоне, ки дар доираи ташрифоти президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон роҳбарони ҳукуматҳои ду мамлакат, намояндагони вазорат ва идораҳои дахлдор, боз ҳам васеъ намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои мисли тиҷорату иқтисодиёт, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика ва хоҷагии қишлоқ муҳокима гардиданд.
Даставвал байни Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Асқар Мамин дар доираи танг мулоқот баргузор гардид. Пас аз он бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои ду мамлакат дар ҳайати васеъ музокирот шурӯъ гардид.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки  муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар бисёр ҷанбаҳо, аз он ҷумла соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт бо суръати баланд ривоҷ меёбад.
Дар солҳои охир ба туфайли ривоҷ пайдо кардани алоқаҳо дар соҳаҳои пешқадами иқтисодиёт ва шохаҳои он ҳаҷми табодули мол соли 2018 қариб 50 фоиз афзуда, аз 3 миллиард доллар бештарро ташкил намуд. Аз ҷониби роҳбарони ду давлат соли 2020 вазифаи боз ҳам васеъ намудани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва то 5 миллиард доллар расондани ҳаҷми табодули мол гузошта шудааст.
Соли гузашта дар ҷамъомади якуми байни ҳудудҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар Чимкент шартномаҳо ба қимати умумии беш аз 320 миллион доллари ИМА ба имзо расида, барои дар байни ҳудудҳо ривоҷ додани муносибатҳо 15 аҳду паймон ба вуҷуд омада буд.
Дар Ӯзбекистон дар доираи Соли Қазоқистон дар чоряки чоруми соли ҷорӣ ҷамъомади дуюми байниҳудудӣ барои боз ҳам равнақ пайдо намудани шарикӣ байни минтақаҳо хидмат хоҳад кард.
Дар ҷамъомад ҳамкории байни ҳудудҳо ва сарҳадҳо, гумрук, энергетика, истифода аз об, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон барин соҳаҳо, ривоҷ додани алоқаҳо дар оянда низ баррасӣ гардид. Ба масъалаҳои нақлиёту транзит, фаъолияти кайҳон, самтҳои тандурустӣ барои васеъ намудани ҳамкориҳои муфид эътибор нигаронда шуд. Аз он ҷумла масъалаҳои ҳамкории илмиву техникӣ ва маданиву гуманитарӣ муҳокима шуданд.
Дар поёни ҷамъомад шартномаҳо дар бораи ташкил намудани маркази байналхалқии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Осиёи Марказӣ, роҳандозии поезди тезгард дар байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои сайёҳӣ, саноати сабук дар байни вазорат ва идораҳои ду мамлакат меморандум ва қарордодҳои дигар ба имзо расиданд.

М.ҲУСАНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: