ҶАМЪОМАДИ МУАССИСОНИ МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚИИ СҲШ

Дар доираи иштирок дар ҷамъомади СҲШ 8-9 июни соли 2017 дар Остона Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баррасии имконоти таъсиси марказҳои СҲШ – институтҳои доимии дипломатияи халқиро пешниҳод намуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин ташаббус ва ҳамчунин барои бомуваффақият татбиқ намудани Стратегияи ҳаракат доир ба панҷ самти бартариноки тараққиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар мамлакатамон Маркази дипломатияи халқии СҲШ таъсис ёфт. Барои ин қарори Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба дастгирии давлатии ташкили Маркази дипломатияи халқии Созмони ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон» аз 26 июни соли 2018 чун заминаи ҳуқуқӣ хидмат намуд.
Дар Кумитаи оид ба масъалаҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6 июл ҷамъомади аввалини муассисони доимоамалкунандаи Маркази дипломатияи халқии СҲШ баргузор гардид. Дар он роҳбарони вазорат ва идораҳои дахлдор, ки аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози марказ ба шумор мераванд, ширкат намуданд.
Раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии Девони Вазирон Рустамбек Қурбонов дар бораи вазифаҳои асосии марказ маълумот дод. Вай махсус таъкид кард, ки институти мазкури доимӣ дар мустаҳкамсозии боварии ҳамдигар ва некҳамсоягӣ, мусолиҳаи байнимиллӣ ва байнидинии миёни давлатҳои аъзои СҲШ аҳамияти муҳимро молик аст.
Кумитаи оид ба масъалаҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маданият, маълумоти миёнаи махсус ва олӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, Академияи илмҳо, Академияи бадеӣ, Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон, Иттиҳоди эҷодии журналистон, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон муассисони марказ ба ҳисоб мераванд.
Ҳангоми ҷамъомади муассисон масъалаҳои тасдиқи оинномаи марказ, таркиби Шӯрои ҳамоҳангсоз ва комиссияи тафтишот баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ба вазифаи директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ Ӯзбекистон узви Кумитаи оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, алоқаҳои иқтисодиёти хориҷӣ, сармояҳои хориҷӣ ва сайёҳии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳматулло Назаров бо як овоз тасдиқ гардид.
Тавре ки ҳозирон таъкид намуданд, ташкил гардидани марказ дар минбаъд мустаҳкамсозии муносибати байнимиллӣ ва ҳамкории байналхалқӣ натанҳо дар минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим хоҳад дошт. 
Зимни мулоқот сухан инчунин дар бораи ташкили фаъолияти марказ, таъмини молиявии он, интихоби кадрҳои соҳибмалака, ҷалби шарикони хориҷӣ рафт.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: