ҶАМЪОМАДИ НАХУСТИНИ АНҶУМАНИ КОРШИНОСОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

29 октябр дар Тошканд ҷамъомади аввалини анҷумани коршиносони Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ омад.

Чорабинӣ якҷо бо Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд.
Дар ҷамъомад директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.Норов, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Д.Аҳатов, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Қазоқистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон З.Шаукенова, директори Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон К.Шадибеков, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Холиқназар, директори Пажӯҳишгоҳи стратегӣ ва рушди устувори Вазорати молия ва иқтисодиёти Туркманистон О.Аширов ва намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, директори Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ Н.Герман ширкат ҷустанд.
Дар ҷамъомад аҳволи кунунӣ ва пешомади ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки ду соли охир давраи дигаргуниҳои таърихӣ ва босуръати ҳамкориҳои байниминтақавӣ гардиданд, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои пурмуҳтавои шарикии стратегӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ устувор карда шуданд. Дар ин бобат, таъкид шуд дар ҷамъомад, аввалин вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 15 марти соли равон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона бо ташаббуси Президенти мамлакати мо Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, нақши муҳим гузошт.
Ҳоло барои рушди мустақим ва устувори муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷанба дар Осиёи Марказӣ шароитҳои зарурӣ мавҷуданд. Дар минтақа омилҳое мавҷуданд, ки кишварҳоро ҳамоҳанг мекунад, саъю кӯшишҳои онҳоро ба сулҳу салоҳ, эътидол ва ҳаёти мусоид мувофиқ месозад, барои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанба асоси муътамад фароҳам меоварад.
Анҷумани коршиносони Осиёи Марказӣ, ки бори нахуст гузаронида мешавад, барои баррасии чораҳо ва муттаҳид кардани мавқеъҳо, коркарди тавсияҳои дахлдор бино бар рушди муносибатҳо дар тамоми ҷанбаҳо имконияти мусоид муҳайё мекунад.
Дар анҷуман масъалаҳои фаъолтар кардани робитаҳои муфиди тарафайни тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳои минтақа, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва инноватсияҳо, иқтисодиёти «рақамӣ», вусъат додани имкониятҳои нақлиётиву транзитӣ муҳокима гардиданд.
Бино бар масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла истифодаи захираҳои обу энергетика, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, рушди кооператсияи саноатӣ ва саноати коркард мубодилаи афкор ба амал омад.
– Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои як ҳадаф – бунёди ояндаи мустаҳкам саъю ҳаракат мекунанд, – мегӯяд сардори департаменти таҳлили сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳ Раҳнамо. – Ҷонибҳо барои дар ин роҳ муттаҳид кардани имкониятҳо, табодули таҷриба ва фикру ақида, ҳамбастагӣ бинобар як мақсад иродаи сиёсӣ доранд. Алҳол намояндагони марказҳои таҳлилӣ, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотие, ки дар коркарди сиёсат ва консепсияи қаробатии кишварҳои худ иштирок мекунанд, ба ин ҷо барои татбиқ намудани саъю кӯшишҳои умумӣ ҷамъ омаданд. Ин вохӯрии шакли нав, бовар дорам, бобати ба роҳ мондани машваратҳои мунтазами сиёсии байни кишварҳои мо, коркард ва татбиқ намудани стратегияҳои мушаххас нақши муҳим хоҳад бозид.
Коршиносон эътироф карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, барои таъмин кардани рушди муттасили иқтисодиёт дар минтақа, сулҳу салоҳ дар Афғонистони ҳамсоя аҳамияти бузург дорад. Зарурияти идома додани кӯмакҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба ин мамлакат, ки ба халқи ҷафодидаи Афғонистон барои муваффақ шудан ба эътидол ва татбиқ намудани иродаи некашон мусоидат хоҳанд кард, таъкид гардид.
Дар анҷуман маърӯзаҳо доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, сармояҳо, савдо, тезондани ҷараёнҳои қаробат, муборизаи муштарак ба муқобили экстремизми динӣ ва радикализм, терроризм, қочоқи нашъа ва ҷинояткории муташаккил шунида шуданд.
Дар чорабинӣ мувофиқи мақсад будани коркарди муносибатҳои умумии стратегӣ барои ҳамкории минтақавӣ баҳри пешомади миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат зикр шуд. Ҷонибҳо омодагии худро бино бар муайян кардани вазифаҳои мушаххас бобати таъмин сохтани сулҳу субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ, кӯмакрасониро дар роҳи татбиқ кардани онҳо иброз доштанд.

Улуғбек ШОНАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: