ҶАМЪОМАДИ НАВБАТИИ «КОКУС ОИД БА ӮЗБЕКИСТОН» ДАР КОНГРЕССИ ИМА БАРГУЗОР ШУД

Дар ҷамъомад ҳайати кишвари мо таҳти сарварии муовини якуми Раиси Сенат Содиқ Сафоев, аъзои Конгресс, намояндагони Кохи Сафед, департаменти давлатӣ, Пентагон, Агентии рушди байналмилалӣ (USAID), конгрессменҳои бонуфуз ва сенаторони мақомоти қонунгузории Амрико, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, институтҳои байналмилалӣ, инчунин «Марказҳои ақлӣ»-и намоёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок карданд.

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён оид ба моҳият ва мазмуни ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистон, раванди амиқсозии модернизатсияи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, инчунин муҳити фаъоли соҳибкорӣ, ки барои рушди соҳибкории хориҷӣ шароити ҷолиб фароҳам меоранд, маълумот дода шуд. Илова бар ин дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Амрико, аз ҷумла густариши робитаҳои мустақим ва ҳамкории байни ҷумҳурӣ ва давлатҳои ИМА маълумоти муфассал дода шуд.
Ҳамраиси «Кокус оид ба Ӯзбекистон», конгрессмен Трент Келлӣ дар суханронии худ изҳор намуд, ки аз замони таъсиси ин гурӯҳи дӯстӣ дар моҳи августи соли 2018 боздидҳои мутақобилаи вакилони ҳар ду кишвар ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар солҳои охир беш аз 35 нафар конгрессменҳо ва кормандони ин созмон аз Ӯзбекистон дидан карданд, ки ба назари ӯ аз ҳимояти пайвастаи Ӯзбекистон аз ҳар ду ҳизб дар теппаи Капитолӣ шаҳодат медиҳад.
Ба ғайр аз ин, намояндаи Конгресс қайд намуд, ки «Кокус оид ба Ӯзбекистон», ки ҳангоми таъсисаш чор конгрессмен дошт, дар муддати кӯтоҳ ба таври қобили мулоҳиза тавсеа ёфт ва феълан 17 вакили Амрикоро дар бар мегирад. «Мо манфиатдорем, ки Кокуси кунунӣ ба платформаи боэътимод ва муассир барои тавсеаи ҳамаҷонибаи шарикии стратегии ИМА ва Ӯзбекистон табдил ёбад. Ба ин муносибат мо тасмим гирифтем, ки дар ояндаи наздик шумори аъзои ин гурӯҳи дӯстиро ба 30 нафар расонем» – гуфт Трент Келлӣ.
Дар навбати худ ҳамраиси «Кокус оид ба Ӯзбекистон», конгрессмени демократ Весенте Гонсалис қайд кард, ки Ӯзбекистон дар рӯзномаи конгресси ИМА мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Аз ҷумла, резолютсияи ташаббусҳо оид ба ҳимоят аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ӯзбекистон, инчунин рушди ҳамкории ӯзбекистониву амрикоӣ аз ҷониби 21 конгрессмен дастгирӣ ёфт. «Мо интизорем, ки ба зудӣ метавонем чор раъйи дигарро ба даст орем, то раиси конгресси ИМА Ненсӣ Пелосӣ ин қатъномаро тасдиқ кунад», –  таъкид кард қонунгузор.
Конгрессмен Весенте Гонсалис алоҳида дар бораи нияти пешрафт дар масъалаи хурӯҷи Ӯзбекистон аз таъсири ислоҳи «Ҷексон – Вэник» тавассути қабули санади махсуси HRes-1913, ки ба таъмини низоми муътадили тиҷорат бо Ӯзбекистон нигаронда шудааст, изҳор дошт. Қайд гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории Амрикову Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Намояндагони ҷомеаи коршиносон, ки дар ҷамъомади дуюми «Кокус оид ба Ӯзбекистон» иштирок карданд, таъкид намуданд, ки ислоҳоти демократӣ дар Ӯзбекистон оҳанги дигаргуниҳои мусбатро дар тамоми минтақа муайян кардааст.
Бинобар ҷамъбасти чорабинӣ «Пртоколи ҷамъомади дуюми «Кокус оид ба Ӯзбекистон», ки аз ҷониби ҳамрасиҳои ин гурӯҳи дӯстӣ, конгрессменҳо Висенте Гонсалис ва Трент Келлӣ ба имзо расиданд, қабул шуд, ки дар он аъзои он бори дигар аҳамияти стратегии амиқсозии минбаъдаи ҳамкории бисёрнақшаро бо кишвари мо тасдиқ намуданд. Инчунин изҳор карданд, ки ҷонибдори таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба мебошанд.
Иштирокдорони анҷуман инчунин ба фаъолсозии минбаъдаи муколамаи байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, дастгирии рушди робитаҳои мустақими ҷомеаҳои тиҷоратӣ инчунин робитаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва маориф даъват карданд. Дар ҳуҷҷати ниҳоӣ даъвати қонунгузорони амрикоӣ ба дигар узви Конгресс бобати пайвастан ба фаъолияти Кокус ифода ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки «Кокус оид ба Ӯзбекистон» дар соли 2018 бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев таъсис ёфта буд. Мувофиқи амалиёти муқарраршудаи «Кокус оид ба Ӯзбекистон» ҷамъомади худро дар як сол ду маротиба барои мавриди муҳокимаи роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории Амрикову Ӯзбекистон баргузор менамояд. Нахустин мулоқоти аъзои гурӯҳ – конгрессменҳои ИМА моҳи феврали соли 2019 дар Вашингтон баргузор шуда буд.

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: