Дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус портали Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон хабар доданд.
Дар ҷамъомад раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратулло Рафиқов низ иштирок кард.
Дар ҷаласа, ки таҳти мавзӯи “Пешбурди стратегияҳои муштараки иттифоқҳои касаба дар сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ” гузаронида шуд, тақвият бахшидани ҳамкории иттифоқҳои касабаи минтақа, татбиқи ҳадафҳои ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои минтақа дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, солимгардонӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон баррасӣ гардид.
Дар доираи ин ҷаласа роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ҳайати Ташкилоти байналмилалии меҳнат вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ соли 2021 бо ташаббуси давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон таъсис дода шуд.