Ин шӯро соле пеш дар назди Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон ба фаъолият шурӯъ карда буд.
Дар раёсати он адибон Хусрави Саъдуллоҳ, Паймон, Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Асадулло Шукуров ва адабиётшинос Олимҷон Давлатов шомиланд.
Дар маҷлиси он намояндагони Иттиҳодияи нависандагон ва як гурӯҳ шоирону нависандагон ширкат варзиданд. Роҳбари шуъбаи робитаҳои адабии байналмилалии адабӣ ва тарҷумаи бадеии Иттиҳодияи нависандагон Рустам Мусурмон зимни суханронӣ таъсиси ин шӯроро як ҳодисаи муҳими фарҳангӣ эълом дошт. Аъзои он дар баробари таъмнии рушди адабиёти тоҷик дар кишвар, ҳамзамон ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои адабиву фарҳангии миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон низ саҳми бузург хоҳанд гузошт, – гуфт Р.Мусурмон, – ба шарофати беҳбуди робитаҳои фарҳангиву адабии миёни ду кишвар, ки аз иродаи сиёсии ду абармард – Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст, минбаъд низ ин ҳамкориҳо беш аз пеш тавсеа хоҳанд ёфт.
Гуфта шуд, ки чанд нафар адибони тоҷик ба узвияти иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пазируфта шуданд ва чанде аз онҳо ба гирифтани мукофотҳои давлатии ду кишвар низ мушарраф шудаанд.
Рустам Мусурмон дар пайи суханронӣ аз он ёдовар шуд, ки аз ҷумла узви Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, шоир ва тарҷумон Одил Икром сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид.
– Одил Икром «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхии Румӣ, инчунин антологияи «Шеъри муосири тоҷик» ва осори як идда намояндагони бузурги адабиёти форсу тоҷикро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст,– қайд намуд Р.Мусурмон.
Раиси Шӯрои адабиёти тоҷики Иттиҳодияи нависандагон Хусрави Саъдуллоҳ изҳор намуд, ки солҳои охир чопу интишори як қатор маҷмӯаҳои дастаҷамъиву китобҳои алоҳидаи насриву назмӣ, ки ба қалами адибони тоҷики муқими Ӯзбекистон тааллуқ доранд, аз таваҷҷуҳи ҳукумат нисбати адабиёти форсии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.
– Боиси ифтихор аст, ки дар Самарқанд шуъбаи вилоятии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, ки аллакай фаъолияти густурда дорад. Гузашта аз ин, арзи вуҷуд намудани маҷаллаи адабии “Дурдонаҳои Шарқ” ва дар саҳифаҳои он интишор гардидани осори адибони тоҷик, инчунин табъу нашри осори як зумра адибони Тоҷикистон ва ҷаҳон низ ҳодисаи хушоянд мебошад,– афзуд Хусрави Саъдуллоҳ.
– Пеш аз ҳама, Шӯрои адабиёти тоҷик барои ба тартиб даровардани масъалаҳои табъу нашр хеле мусоидат хоҳад кард. Пешниҳод мекунам, ки минбаъд ҳар як китоби муҳтавояш адабӣ-бадеӣ бо тавсияи Шӯрои адабиёти тоҷик интишор ёбад. Дар он сурат нашри маводи аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа паст ҷилавгирӣ хоҳад шуд, – гуфт узви шӯро Муҳаммадҷони Шодӣ.
Гуфта шуд, ки бояд марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва шаҳру вилоятҳо бо Шӯрои адабиёти тоҷикии Иттиҳодияи нависандагон аз наздик ҳамкорӣ намоянд ва ҷиҳати ба роҳ мондани мулоқотҳои адибон дар минтақаҳои мухталиф, роҳандозии мушоира ва кашфи адибони ҷавон саҳм гиранд.
Қарор шуд, ки Шӯрои адабиёти тоҷик моҳе як маротиба ҷамъомади аъзои худро баргузор мекунад ва дар он масъалаҳои мубрами марбут ба адабиёти тоҷики ҷумҳурӣ баррасӣ мегарданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.