Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 август бахшида ба натиҷаҳои асосии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиёти хориҷии мамлакат ва самтҳои устувори пешомад ҷамъомади васеи Шӯрои бехатарӣ ба амал омад.
Дар ҷамъомад роҳбарони палатаҳои Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент, Девони Вазирон, Хидмати бехатарии давлатӣ, Гвардияи миллӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сармояҳо ва савдои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии ХБД, Кумитаи давлатӣ оид ба саноати мудофиа, Маркази миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.
Дар ҷамъомад натиҷаҳои амалии ҳамкории мамлакатамон бо шарикони хориҷӣ, тамоюлҳои ҳозираи рӯзномаи навбатии ҷаҳонӣ, инчунин хатарҳои замонавӣ, ки ба устуворӣ ва амнияти ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд, баррасӣ шуданд. Вазифаҳои асосии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷӣ барои солҳои оянда муайян гардиданд.
Таъкид гардид, ки ба туфайли сиёсати рӯшод ва боэътимод, ки аз ҷониби Ӯзбекистон амалӣ мегарданд, дар Осиёи Марказӣ муҳити сиёсии куллан нави некҳамсоягӣ ва ҳусни тафоҳум ташаккул ёфтааст. Бо ҳамаи мамлакатҳои минтақа равобити шарикии стратегӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба ғайр аз ин, бинобар ҷамъбасти чорабинии дараҷаи олӣ бо мамлакатҳое, ки муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ба роҳ монда шудааст, аз он ҷумла Русия, Хитой, ИМА, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, Олмон, Фаронса, давлатҳои қитъаи Осиё ҳамкорӣ ба дараҷаи назаррас мустаҳкам гардид.
Пойдорона баланд гардидани савдои тарафайн бо шарикони асосии иқтисоди хориҷӣ, дар Осиёи Марказӣ бомуваффақият татбиқ шудани лоиҳаҳои кооператсия, фаъол гардидани ҳамкории байниминтақавӣ бо қаноатмандӣ қайд гардиданд.
Зарурати таъмин намудани назорати қатъӣ барои татбиқи саривақтӣ ва хушсифати созишномаҳои дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бадастомада, аз он ҷумла аз ҷониби парлумон қайд гардиданд.
Ба иштироки Ӯзбекистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, мисли СММ, СҲШ, ИДМ, СҲИ эътибори алоҳида дода, бинобар пеш бурдани ташаббуси мамлакатамон дар доираи сохторҳои мазкур вазифаҳо муайян шуданд.
Дар рафти ҷамъомад ба корҳои то ин давр амалишуда танқидӣ баҳо дода шуда, ба роҳбарони вазорату идораҳои масъул оид ба минбаъд ба роҳ мондани мулоқоти ба ҳамдигар муфид бо давлатҳои ҳамкор, инчунин таъмин кардани манфиатҳои миллӣ дар доираҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба супоришоти аниқ дода шуданд.
ӮзА.