ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА КОР БО РЕЙТИНГ ВА ИНДЕКСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

10 август ҷамъомади Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба кор бо рейтингу индексҳои байналмилалӣ баргузор шуд.

10 август ҷамъомади Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба кор бо рейтингу индексҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Он таҳти раёсати Раиси Сенат, раиси Шӯро Танзила Норбоева гузашт.
Дар ҷамъомад, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс гузашт, узви Шӯро, кормандони масъули вазорату идораҳо иштирок карданд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи якуми соли 2021 оид ба беҳдошти мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтинг ва индексҳои афзалиятноки байналмилалии марбут ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба инъикос намудани мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Индекси рақобатпазирии ҷаҳонии Форуми умумииҷаҳонии иқтисодӣ, инчунин иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ҷорӣ намудани механизми самарабахши муайян намудани ҳолати таъмини волоияти ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 14 январи соли 2021 баррасӣ гардиданд.
Таъкид гардид, ки дар тӯли се моҳи охир мавқеи мамлакатамон дар як қатор рейтингҳои байналмилалӣ беҳтар гардид.  Аз ҷумла, дар рейтинги қарзии соҳибихтиёри «S&P» GlobalRatings рейтинги мамлакати мо аз «манфӣ» то «устувор» беҳтар гардид. Дар қисми «Бонувон дар парламент»-и рейтинги ҷаҳонии «Занон дар сиёсат», ки Иттиҳоди байнипарлумонӣ баргузор менамояд, Ӯзбекистон аз ҷойи 130-юм ба ҷойи 45-ум баромад. Байни 114 мамлакат дар Индекси умумиҷаҳонии хайроти мамлакати мо аз ҷойи 53 ба ҷойи 23 баромад, яъне қариб ду баробар баланд гардид.
Аммо таъкид гардид, ки дар натиҷаи он ки аксари ташаббусу ғояҳо дар коғаз  мемонанд ва нишондиҳандаҳои ислоҳоти дар мамлакатамон татбиқшаванда то ба созмонҳои байналмилалии рейтингӣ расонда намешавад, ташкилоти рейтингӣ ҳангоми тайёр кардани ҳисобот аз маълумотҳои куҳна истифода менамояд, ки ба мавқеи Ӯзбекистон дар рейтингу индексҳои байналхалқӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҷамъомад қайд гардид, ки аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявӣ нақшаи кор барои соли 2021, ки аз 532 банд иборат мебошад, тасдиқ шудааст. Таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввал аз иҷрои 272 банди дар соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинишуда 76-тояш иҷро шуда, 188-тояш иҷро мешавад ва 8 банд иҷро нашудааст, дар соҳаи сиёсиву ҳуқуқӣ аз 86 банд 32-тоаш иҷро шудааст, 50-тояш иҷро мешавад ва 4 банд иҷро нашудааст.
Аз ҷумла, ҳарчанд Вазорати сохтмон якҷоя бо намояндагони бозорҳои миллӣ ва хориҷии суғурта дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ оид ба зина ба зина ҷорӣ кардани тамоюлҳои суғурта дар фаъолияти лоиҳавию тадқиқотӣ ва сохтмонӣ пешниҳод таҳия карда бошад ҳам, онҳо то ҳанӯз ба баррасии Ҳукумат ворид карда нашудаанд.
Ғайр аз ин, Вазорати кишоварзӣ барои наандешидани чораҳо оид ба коҳиш додани дахолати давлат ба фаъолияти истеҳсолгарони молҳои кишоварзӣ, амалӣ нанамудани инвентаризатсияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки ба зиммаи онҳо ӯҳдадориҳо мегузоранд ва иҷро накардани корҳо оид ба оптимизатсия зери тозиёнаи танқид гирифта шуд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳангоми аз ҷониби Вазорати фарҳанг таҳия шудани портали ягона барои арзёбии фаъолияти соҳибони рухсатномаҳои консертию шавқангез масъалаҳои молиявӣ ҷой доранд, ки онҳо аз ҷониби кормандони масъул мусбат ҳал карда хоҳанд шуд.
Дар ҷамъомад инчунин иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба инъикоси мавқеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Индекси рақобатпазирии ҷаҳонии Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки ҳарчанд дар банди 19-и нақшаи чорабиниҳо то 1 августи соли 2020 таҳияи консепсияи ягона оид ба рушди сиёсати кластерӣ ва лоиҳаи қонун «Дар бораи кластерҳо» пешбинӣ шуда бошанд ҳам, ҳуҷҷатҳои мазкур дар тӯли як сол қабул нашудаанд.
Ба ғайр аз ин дар ҷамъомад иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ҷорӣ намудани механизми самарабахши муайян кардани ҳолати таъмини волоияти ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 14 январи соли 2021 баррасӣ шуд.
Дар рафти муҳокима мушоҳида шудани беташаббусии ташкилотҳои масъул ҳангоми ҷойгир намудан ба низоми автоматиконидашудаи иттилоотии «Huquq ustu-vorligi» (huquq.indikator.uz) маълумотҳои омории барои муайянкунии Индекси волоияти ҳуқуқи минтақаҳо зарурӣ боиси мубоҳисаи ҷиддӣ гардид. Масалан, барои ҳеҷ гуна маълумот ворид нанамуданашон Вазорати энергетика, Хидмати санитарию эпидемиологӣ, Бюрои иҷрои маҷбурӣ, Палатаи савдою саноат, инспексияи «Ӯздавэнергоназорат», Палатаи ҷамъиятӣ, инчунин ҳокимиятҳои вилоятҳои Фарғона, Сирдарё, Ҷиззах, Хоразм, Самарқанд ва шаҳри Тошканд танқид карда шуданд.
Таъкид гардид, ки ин имкони сари вақт ташаккул додани Индекси волоияти ҳуқуқи минтақаҳоро дар давраи гузаштаи ҳисоботӣ бо роҳи муттаҳид намудани маълумоти ба низом воридкардашуда фароҳам намеорад.
Дар ҷамъомад инчунин ахбори вазорату идораҳои масъул шунида шуда, вазифаи дар муҳлати як моҳ ба Шӯрои ҷумҳуриявӣ ворид намудани иттилооти дахлдор дар бораи барҳам додани камбудиҳои роҳдодашуда ва иҷрои вазифаҳои пешбинишуда муайян шуданд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: