ҶАЪМОМАДИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12 май бори аввал дар шакли видеоконфронс ҷамъомади Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12 май бори аввал дар шакли видеоконфронс ҷамъомади Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ба чорабинӣ вазири корҳои хориҷии мамлакатамон Абдулазиз Комилов раисӣ кард.
Дар кори ҷамъомад вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Элмар Мамедяров, Ҷумҳурии Арманистон — Зограб Мнацаканян, Ҷумҳурии Беларус —Владимир Макей, Ҷумҳурии Қазоқистон — Мухтор Тлеуберди, Ҷумҳурии Қирғизистон — Чингиз Айдарбеков, Ҷумҳурии Молдавия  — Олег Цуля, Федератсияи Русия — Сергей Лавров, Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон — Рашид Мередов, инчунин Раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд.
Ӯзбекистон Иттиҳодро чун майдони муҳим барои амиқсозии ҳамкории амалии бисёрҷанба, хусусан дар рушди алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, истифодаи босамари потенсиали нақлиётиву транзит, мустаҳкамсозии бехатарӣ ва ҳамчунин майдони табодули маданиву инсонпарварӣ низ медонад.
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон бори аввал дар таърихи худ ба худ вазифаи раёсати ИДМ-ро соли 2020 қабул намуд ва самти асосии онро дар муттасил вусъат додан ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории бисёрҷанба муайян намуд.
Бо ин мақсадҳо Консепсияи раёсат ва Нақшаи татбиқи он қабул гаштааст. Тақрибан 70 чорабинии мухталиф, ки 40-тои онро барои дар Ӯзбекистон баргузор намудан ба нақша гирифта шудааст, пешбинӣ мегардад.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов иштирокдорони ҷамъомадро табрик намуда, изҳори бовар намуд, ки имрӯзҳои  мураккаб дар иртибот бо пандемияи коронавирус ба зудӣ пушти сар мемонад ва имконоти рӯ ба рӯ вохӯрдан ба вуҷуд меояд. Ғайр аз ин ӯ бори дигар иштирокдорони ҷамъомадро бо 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон табрик намуд. Иштирокдоронро хабардор кард, ки Ӯзбекистон ба ин рӯйдоди муҳим эътибори алоҳида медиҳад, аз он ҷумла бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд Боғи Ғалаба сохта шуд, ки аз лиҳози вусъат беқиёс буда, аз лиҳози муҳтавои ғоявиву ватанпарварӣ ва маънавӣ нодир мебошад. Ин хабар дар байни иштирокдорони ҷамъомад боиси таваҷҷӯҳи зиёд гардид.
Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Иттиҳод масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар доираи ИДМ, ҳолат ва пешомади баланд бардоштани нақш ва мавқеи созмон дар корҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин як қатор масъалаҳои ташкилиро муҳокима карданд.
Ҷонибҳо муҳимияти дар шароити маҳдудиятҳои карантинӣ нигоҳ доштани тамоми механизмҳои мавҷуда ва муқарраршудаи ҳамкорӣ дар соҳаи савдо, иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, инчунин фаъолияти пурраи минтақаи тиҷорати озоди ИДМ-ро қайд карданд.
Роҳбарони ҳайатҳо зарурати муттаҳид гардондани саъю кӯшиши давлатҳои иштирокдори Иттиҳодро  дар пешгирии оқибатҳои пандемияи коронавирус таъкид карданд.
Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои таҳкими муколама байни идораҳои сиёсати хориҷӣ дар соҳаи таъмини амният ва субот дар қаламрави кишварҳои ИДМ, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, нақлиёт, инноватсия, фарҳанг, варзиш ва сиёсати ҷавонон зоҳир карда шуд.
Зарурати густариши ҳамкорӣ дар заминаи ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила ва ба ҳисоб гирифтани манфиатҳо бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сифати зиндагии мардумони кишварҳои аъзои ИДМ таъкид гардид.
Пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистон дар бораи баргузор кардани ҷамъомади навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ моҳи октябри соли равон дар Тошканд дастгирӣ шуд.
Бинобар ҷамъбасти ҷамъомад  11 ҳуҷҷат дар дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ ба имзо расида, оид ба тамоми масъалаҳои рӯзнома мувофиқа ҳосил шуд. Аз он ҷумла, ҳуҷҷатҳое баррасӣ ва тасдиқ гардиданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, таълим, сайёҳӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нигаронда шудааст. Ин ҳуҷҷатҳо дар ҷамъомадҳои ояндаи сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод мешаванд.
Ҷамъомади Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳод, ки имрӯз бо ташаббуси Ӯзбекистон бори нахуст дар доираи фаъолияти ИДМ дар андозаи видеоконфронс бо назардошти вазъияти мураккаби эпидемиологӣ дар мамлакатҳои Иттиҳод ва дар тамоми ҷаҳон ташкил гардид, дар муҳити гарми дӯстона барпо шуд.
Хулоса, натиҷаи ҷамъомади имрӯзаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба рушди мураттаби ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод ва ҳамчунин дар ҳаҷми пурра иҷро гардидани вазифаҳои гузоштаи раёсати Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

Ғайрат ХОННАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: