ҶАМЪОМАДИ ВАСЕИ ХИДМАТИ БЕХАТАРИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев 25 декабри соли 2018 дар бинои Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъомади васеъ бахшида ба натиҷабахшии чорабиниҳои андешидашуда доир ба мустаҳкамсозии бехатарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии мамлакат баргузор гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарони палатаҳои Олий Маҷлис, намояндагони Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат, таркиби шахсии Хидмати бехатарии давлатӣ, роҳбарони вазорат ва идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Аз тариқи алоқаи видеоконференсия ҷамъомадро роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳуқуқу тартибот дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд муоина намуданд.
Дар мамлакатамон бо мақсади мустаҳкамсозии сулҳ ва субот, таъмини ҳаёти осудаи мардум низоми бехатарӣ аз ҳар ҷиҳат такмил ёфта, пойгоҳи моддиву техникии он мустаҳкам гардида, зарфияти кадрҳо баланд бардошта мешавад.
Бино бар Фармони роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳо оид ба такомули низоми бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 14 марти соли 2018 Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил гардида, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти он муайян карда шуда буд. 5 апрели соли ҷорӣ Қонун «Дар бораи Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид.
Дар ҷамъомад натиҷаҳои ислоҳоти ҷории низом ва вазифаҳои бартариноки оянда муҳокима гардиданд. Масъалаҳои муҳими марбут ба мустаҳкамсозии ҳамкории Хидмати бехатарии давлатӣ бо дигар мақомот ва идораҳои давлатӣ дар бобати муқовимат бар зидди таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар шароити имрӯз пурзӯр гардидани таҳдиди терроризми байналхалқӣ, ифроткорӣ ва ҷиноёти фаромарзӣ дар хориҷи дуру наздик масъалаҳои минбаъд мустаҳкамсозии бехатарии мамлакатамон аҳамияти фавқулоддаро молик мегардад.
Чорабиниҳо дар бобати баланд бардоштани самаранокии корҳо муайян карда шудаанд, ки ба ҳаёти муътадил баргардондани шахсони аз ҷойҳои ҷазо озодгардидаи аъзои собиқ ва ҷонибдорони ташкилотҳои диниву ифроткорӣ, ки самимона аз кардаи худ пушаймон буда, ба роҳи ислоҳ ворид гаштаанд, нигаронда шудааст.  Ба роҳбарони секторҳои инкишофи маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодӣ ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву маишии ин шахсон, масъалаҳои бо кор таъмин намудан ва ба ҳаёти ҷамъият ҷалб намудани онҳо супурда шуд.
Инчунин вазифаҳо дар бобати огоҳӣ ва муқовимат бар зидди коррупсия муайян карда шуданд, ки ба инкишофи мамлакат мамониат менамоянд.
Роҳбари давлат махсус ба масъалаҳои бехатарии иҷтимоии халқамон ишора намуд. Дар бобати чорабиниҳои муҳим оид ба таъмини бехатарӣ дар соҳаҳои озуқаворӣ, энергетикӣ, тиб ва дигар ҷанбаҳо сухан рафта, ҳаракатҳои мушаххас дар ин самт муайян карда шуданд.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида ҳисоботи шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Президент бо бинои нави Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо фаъолият ва имконоти моддиву техникии он шинос гардида, бо ходимон суҳбат кард.
Дар ин ҷо техника ва яроқҳои махсус намоиш дода шуд, ки барои истифода зимни бартарафсозӣ ва безарарсозии таҳдид, таъмини бехатарии давлатӣ муқаррар гаштааст. Роҳбари давлат супоришҳои дахлдор дода, таъкид кард, ки ҳифзи сулҳ ва осудагии халқамон вазифаи аз ҳама муҳими хидмат ба ҳисоб рафта, ҳар як ходим аз таҳти қалб бояд масъулиятро барои ин қарзи ифтихорӣ эҳсос намуда, аз ҳар ҷиҳат рушдёфта бошад ва ҳамеша ҳушёриро аз даст надиҳад.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: