ҶАНГ ДАР ТАҚДИРИ УСМОН ЮСУФОВ

Хабари нохушро аз кӣ шунид?

Хабари нохушро аз кӣ шунид?

80 сол муқаддам, 22 июни соли 1941, радио оиди саршавии ҷанг (аҳдшиканона ҳуҷум намудани Олмони фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ) хабар дод. Аз воқеаи ногувор Ӯзбекистон низ огоҳ гашт. Вале роҳбари аввали ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Усмон Юсуфов ҳанӯз аз ин бехабар, дар Тошканд не, бинобар масъалаи ғалла вай дар кӯҳистони Нурато буд.
Дар чӯлзамин мошин равона аст. Банохост овози тир шунида шуд. Шикорчӣ, аз дил гузаронд котиби якум, шояд парранда ё бузи кӯҳиро ба нишон гирифтааст. Аммо вақте садои тир паиҳам чанд бор такрор гашт, безобита шуд. Ронандаро гуфт мошинро боздор. Саросема фуромаду қафо нигарист. Автомобили болокушод пеш метохт. Нафаре рост истода, фуражкаи сафедашро бозӣ доронд. У.Юсуфов ӯро шинохт: котиби кумитаи ҳизбии вилояти Самарқанд Чиковани.
Вай: – Ҷанг, Усмон Юсуфович, – гуфт бо изтироб. – Шуморо Маскав мепурсад...

Беҳуда «падар» намегуфтанд

Ҷанг шиддат гирифтааст. Ақибгоҳ – фронти дувум. Котиби якум, ки хеле серкор аст, гоҳ дар Тошканд, гоҳ дар Ангрен ё Янгийӯл. Ана, ӯ аз байни баракҳо қадам мезанад. Ба чашм, ки гарм метобад: «Э, Усмонотамӣ?» – ба чашмҳояшон бовар намекунанд одамон.
Вай ба ошхонаи коргарон даромада дегро бо кафлес мекобад. Асабишавиаш бисёр ба мушоҳида расидааст: «Картошкааш канӣ? Ошпазро ҷеғ занед!»
Ба то субҳ дар КМ монданаш аҳли хонадон кайҳо одат кардаанд. Гоҳо нимашабҳо дар манзилаш воқеъ дар кӯчаи Гогол пайдо мешуд. Дарро мекушоду духтарчааш Инна «Дадаҷон!» – гӯён худро ба вай мезад. Дар як лаҳза мондашавиҳо рафъ ва худро дар иҳотаи меҳрубонҳо бахтиёр ҳис мекард соҳиби хонадон. Хунук хӯрдам, мегуфт Иннаи хурдакак. Хонаи оддии нимторики бо мебели кӯҳна ҷиҳозонидашуда ҳақиқатан сард буд. Оғӯши пурҳарорати падар гармӣ мебахшид вуҷуди кӯчакро.
Аз меҳри гарми ӯ бачаҳои дар кӯча монда, ятиму бепарасторҳо низ баҳра бурдаанд. Писари калониаш Леонид дар фронт, дар қисми ҳарбие, ки Собир Раҳимов фармондеҳӣ мекард хидмат менамуд, худаш ба қисмати бачаҳое, ки дар кӯчаҳо сарсонанд, бекорчиҳое, ки рӯи харакҳо дароз кашидаанд, бефарқ наменигарист. «Кӣ ҳастӣ, аз куҷоӣ, чӣ кор мекунӣ дар ин ҷо? Эҳ, бачем, эҳ!..»
Калонтарҳо ба кор, хурдсолон ба «хонаи бачаҳо» ҷалб мегардиданд.
У.Юсуфов Виктор ном ҷавони ришу мӯйлабаш бетартибро дар кӯча вохӯрд, аз вазъаш огоҳ ва ба хонааш овард. Барои ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ дохил шуданаш кӯмак кард. Виктор бо унвони лейтенантӣ ба фронт рафт, дар таъмини Пирӯзӣ саҳм гузошт.
Рӯзе У.Юсуфов дар истгоҳи роҳи оҳан ба духтаре дучор омад, ки рӯи харак хобидааст. Аз дил гузаронд: «Духтарбача ҳам ин тавр мехобад? Чӣ хел замонҳо шуд-а?»
Тоҷик будааст он духтар, модараш фавтида, падараш дар ҷанггоҳ. Сахт азоб кашида, сари худ гирифта омадааст. «Шикамашро сер кунед. Кӯчарӯб таъин кунед, баъд мебинем».
Рафиқааш Юлия Леонидовна, ки дар Комиссариати халқи саноат кор мекард, низ кӯдакдӯст буд. Як пояш – дар «хонаи бачаҳо». Рӯзе як духтарча ба модараш монанд ва «Оча!» гӯён фарёд заду вуҷуди Юлияро ҳис ва ҳаяҷон пахш намуд... Вай ягон корро бе ризоияти шавҳар намекард, вале ин бор фикр карда нанишаста, ятимакро рост ба хона овард. Медонист раъяшро шавҳараш дастгирӣ мекунад.
Аксарият беҳуда «падар» намегуфтанд Усмон Юсуфовро.

Усмон Юсуфов ва Азиз Қаюмов

Аз кушодадилии У.Юсуфов академики машҳур А.Қаюмов низ бебаҳра намондааст.
Ҷанг давом дорад. Яке аз муҳимтарин вазифаҳои аҳли маънӣ – бардоштани рӯҳи одамон. Вақте котиби якум ба Қӯқанд омад, домулло Чархӣ бо иштироки шоирони ҷавон «чойхӯрӣ» ташкил кард. Азизи 18-сола низ дар он иштирок намуд ва бо ишораи устод бахшида ба қурултойи пахтакорон шеъри худро хонд. Дурудароз, зиқкунанда буд шеър. У.Юсуфов гуфт: «Мо шоир нестем, лекин кӯшиш кунем чизи ба ҳамин монандро навиштанамон мумкин. Дигарашро хон!»
Азиз ин дафъа ғазал хонд.
– Инаш маъқултар, дар куҷо мехонӣ?
Азиз дар техникуми маҳаллии чармгарӣ хонданашро гуфт. Котиби аввал ба масъули котиби ҳизби шаҳр таъин кард: «Аз ноилоҷӣ хонда истоданаш маълум. Ба адабиёт шавқ дорад. Ба Тошканд фиристед, дар соҳаи худаш хонад».
А.Қаюмов бо 3 сӯм роҳи Тошкандро пеш гирифт, дар манзили У.Юсуфов ҷой гирифт. Бо маслиҳати ӯ дар хоҷагии ёрирасони Дӯрмон чун боғбон кор кард, тайёрӣ дида, ба факултаи Шарқи САГУ  ҳуҷҷат супурд.

Як занҷири ду ҳалқа

Ҳама чиз барои фронт!
Ба фронт яроқу аслиҳа расонда доданамон вазифаи ҷанговаронаи мо, мегуфт У.Юсуфов.
Фақат аслиҳа даркор буд ба фронт? Пахта-чӣ? Ғалла-чӣ?
Ҳам заводи ҳарбӣ даркор, ҳам пахта ва ҳам дон.
«Ба ҳисоб гирифтани ҳар як дон – эҳтиёҷи ҳаётӣ, мубориза барои ҳосили пахта ва ба ҳуҷум гузаштан дар фронт – ду ҳалқаи як занҷир», – шарҳ медод котиби аввал.
Ҷой медодааст, гуфта...

Дар хонааш ҷой медодааст, Тошканд шаҳри нон будааст, гӯён ҳай меомаданд азаматҳо. Аҳолии Тошканд ду баробар афзуд. Охираш чӣ мешавад?
Ҳамааш хуб мешавад, мегуфт У.Юсуфов, амале карда, ин рӯзҳоро пас гузорем, марра аз они мо.
Вале паси сар кардани он рӯзҳо осон набуд. Мардуми маҳаллӣ, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, «омада»-ҳоро мехӯронду мепӯшонд, баъзан ҷабри онҳоро мекашид. Кисабурӣ, дуздӣ, авбошӣ авҷ гирифта буд.
Тошканд ба шаҳри бедарвоза табдил наёфт?
– Рафиқ Юсуфов, Тошканд аз «элементҳои нодаркор» пур шуда рафт, эшелонҳоро ба дуртар гуселонем намешавад?
– Ба куҷо? – оташ мегирифт У. Юсуфов. – Ба папаи Рим?
Ва ӯ дарҳол худро даст гирифта, ҳамкоронро ба вазнинӣ даъват месохт. Ин ҳама аз тақозои шароит ва муваққатӣ буданашро мефаҳмонд.
Кадоме: – Ҳамин тавр-куя, – лаб кушод бо табассум. – Ҷанг рафта истодааст гӯянд ва омадан гиранд, рӯзе кабинетро ҳам холӣ карда, дар кӯча намемонем?
У. Юсуфов ҷиддӣ буд:
– Идораҳоро якҷо мекунем. Курсиҳоро ба роҳрав бароварда, ҳеҷ не як хонаро холӣ мекунем, капаҳои муваққатӣ месозем.
– Капаҳо месозем?
– Барои мудофиа зарур шуда монад бинои Шӯрои комиссарони халқ ва КМ-ро низ барои мувофиқсозӣ ба заводи ҳарбӣ пешкаш мекунем!

Ман арз мекунам

Ба ҳар кор вақт меёфт, вале барои эҳтиёт кардани саломатӣ фурсат надошт гӯё.
Тирамоҳи соли 1944, душман аз сарҳадҳои мо дур андохта шудааст, вале ғаму ташвишҳо мисле ҳамон беҳудуд. Дар бюрои навбатии КМ котиби якум баногоҳ худро бад ҳис кард ва афтид.
Доктори илмҳои тиббиёт Катсенович чун узви хонадон ба У. Юсуфов ғамхорӣ менамуд. Лекин ин дафъа, чун се-чаҳор рӯз гузашта-нагузашта котиби якум дар роҳрав намудор гашт, вай якбора шӯрид:
– Ман арз мекунам. Бинобар котиби КМ буданатон дилхоҳамро мекунам, мегӯед аз афташ. Андак дам гирифтан, ба меъёри муолиҷа риоя кардан даркор-ку?!
Бо вуҷуди қадпаст ва фарбеҳӣ чолокии роҳбар ҳаваси ҳамаро меовард. Ба бистарӣ шуданаш чӣ сабаб гашт?
– Беҳтараш вақти касалшавӣ нест, гӯён коҳиш кунед. Уфф, ин касофат аз куҷо часпид?
– Балки дар Бекобод, балки дар Фарҳодстрой, – гуфт профессор. – Лекин касалӣ не, худамон айбдор. Аъзои бадан низ вубол аст...

Беҳтарин мукофот

У. Юсуфов бо 6 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. Боз як мукофот дошт ӯ – ордени Ҷанги ватании дараҷаи якум.
Баъде арбобони намоёни давлатию ҷамоатӣ аз дунё гузаштанд, орден ва мукофотҳояшонро рӯи болинчаҳои махмалин бардошта мебурданд. Аз паси тобути У. Юсуфов низ ин таомул риоя гашт: дар як болинча – орденҳои дар боло зикршуда, дар дувумаш – ордени Ҷанги ватанӣ.
Ордени Ҷанги ватанӣ ба марҳум чӣ гуна қадр дошт, омма мефаҳмид: нигоҳҳо сӯи ҳамон болинча. Дар қалбҳо як эҳсос: «Раҳматӣ ҷанговари ҳақиқӣ буд. Ба ҳамин орден арзанда!»

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: