ҶАНГ ФАҚАТ ХАРОБӢ ВА ДАҲШАТ МЕОВАРАД,

мегӯяд иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Урозалибобо Пирманови булунғурӣ

мегӯяд иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Урозалибобо Пирманови булунғурӣ
Ман ба ҳайси журналист фаъолият мекунам. Вақтҳои фориғ аз кор аз шаҳри Тошканд барои дидани пайвандонам ба зодгоҳам – ноҳияи Булунғур меравам. Ҳавлии мо дар маркази ин ноҳия воқеъ гаштааст. 
 Чанде муқаддам айнан ҳамин корам такрор ёфт ва зимнан як ҳамдарси мактабиамро вохӯрдам. Бо вай аз ҳар боб гарму нарм суҳбат кардем. Вай якбора пурсид, ки чаро дар бораи Урозалибобо Пирманов чизе наменависам.
– Охир дар ин марзу бум вай ягона шахсе аст, ки дар ҷанги зидди фашизми Олмон ширкат кардааст ва ҳанӯз дар деҳаи Ниёзмат зиндаву саломат давраи пирӣ меронад, – изофа намуд ҳамдарси собиқам.
Баъд аз маркази ноҳия ба самти деҳаи Ниёзмат  шитофтам.
Ҳаргиз хаёл намекардам, ки Урозалибобои ҳанӯз ба синни ҷавонӣ нарасидаро ба майдони ҷанг сафарбар кардаанд. 
Урозалӣ дар синфи чор мехонд, ки ҷанг оғоз шуд. Дар синни шонздаҳ ӯро аз мактаб ба комиссариати ҳарбӣ даъват карданд. Маълум шуд, ки вай аз рӯи ҳуҷҷат аллакай ба синни 18  расидаву акнун бояд ба майдони ҷанг сафарбар шавад. 
Ҳамин тариқ, соли 1944 Урозалии 16-соларо “Ту 18-сола шудӣ ва бояд ба майдони корзор биравӣ” гуфтанду ҳуҷҷатҳояшро расмӣ карда, ба аскарӣ фиристоданд. Аввал чиҳил рӯз дар шаҳри Чирчиқ аз тамринҳои низомӣ гузашт. Баъд ба Фронти 1-уми Белорус, ки ба он маршал Жуков фармондеҳӣ мекард, фиристода шуд. Полке, ки вай хизматро шурӯъ намуд, полки тирандозӣ буд. Ин полк дар Фронти 1-ум барои озод намудани Белорус ва Лаҳистон иштирок кардааст.  
– Ман дар Бранденбург нашъаи пирӯзӣ бар фашизмро чашидам. Аммо ҳамон шабу рӯз саломатиам ба далели ярадорӣ бад шуд ва маро барои чанд муддат ба госпитали ҳарбии шаҳри Ленинград интиқол доданд. Баъди ба по хестан боз ба ҷанги зидди фашистон даромадам ва соли 1947 аз сафи артиш ба захира ҷавоб шудам ва ба деҳа баргаштам, – ёдовар шуд Урозалибобо.
Вай афзуд, ки дар бештар аз якуним сол, ки дар майдони ҷангу набард сипарӣ кардааст, борҳо мурдаву зинда шудааст. Ӯ ҳаргиз фикр намекард, ки аз ин ҷанги хонумонсӯз ва пурдаҳшат мисли даҳҳо ҳазор аскарони дигар ҷон ба саломат мебарад, барои ҳамин зиндагии пас аз ҷангиашро вай умри дубораи худ мепиндорад ва ҳамеша ба даргоҳи Худованди бузург шукр мегузорад, ки баъди бозгашт соҳиби зану фарзандон ва набераву абера шуд. Аммо дӯстони зиёди вай дар хоки бегона ба таври доимӣ маскан гузиданд.
Барои ҷасорату мардонагӣ дар ҷанг вай ба гирифтани ордени дараҷаи дувуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, медалҳои “Барои ҷасорат”, “Барои ғалаба аз болои фашизми Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, ҳамчунин нишонҳои ҷашнии 20 солагии, Ғалаба, “70-солагии Қувваҳои мусаллаҳи СССР”, нишони сарисинагии “25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” сазовор гаштааст. 
– Баъди ҷанг ҳафт сол ба сифати коргари оддӣ дар колхози Красногвардейски ноҳияи Булунғур  меҳнат кардам. Вақте ки маро ба ҳайси инспектори  шуъбаи молияи ноҳияамон ба кор тавсия доданд, ин вазифаро сарбаландона анҷом додам. Солҳо дар мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 11 ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагӣ таъин шудам. Аммо ҳамеша маро кори саҳро ба сӯи худ мекашид. То синни нафақа дар саҳро коргари оддӣ будам, – изҳор кард Урозалибобо.
Вай афзуд, ки марги ногаҳонии завҷааш – Муслимахон соли 1963 вайро аз зиндагӣ хеле дилсард намуд. Аммо дубора худро ба даст гирифт ва талхиву шириниҳои ҳаётро мардонавор паси сар намуд. 
Дарвоқеъ, ин пирамарди қариб умри якасраро сипаринамуда андак аз фаромӯшхотирӣ азият мекашад, аммо ин як ҳоли табиист. Бо вуҷуди ин ӯ кӯшиш мекард, ки аз хотираҳои давраи ҷангияш ёд кунад.
– Даҳшати ҷанги хонумонсӯзро ҳатто баъзан дар хоб мебинам ва дарҳол бедор мешавам ва шукр мекунам, ки хоб будааст, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
 Баъд якбора аз дӯсти давраи ҷангиаш Шомуроди бухороӣ ёд намуд.
– Дӯстӣ бо Шомуродро асло фаромӯш накардаам. Ҳамон солҳо дар мулки бегона ҳамеша ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Аҷибаш ин буд, ки дӯсти бухороиям саводи казоӣ надошт ва мактуб навишта наметавонист. Хоҳиш мекард, ки ба завҷааш нома навишта диҳам ва аз ин корам хурсанду хушҳол мешуд. Хушбахтона, вай низ аз майдони набард зиндаву саломат ба диёр баргашт, – бо муҳаббати хос мегӯяд Пирманов.
Ба гуфтаи ин пирамарди ҷанговар зимни ишғоли шаҳри Берлин анқариб тамоми аскарон чандин шабу рӯзро бо бедорхобӣ сипарӣ кардаанд. Ишғоли пойтахти фашистон асосан бар дӯши нерӯҳои ҳавоӣ вогузорӣ шуда буд. Баъд аз он ки немисҳо рӯ ба гурез ниҳоданд ва маълум шуд, ки онҳо ин ҷангро кайҳо бохтаанд, аскарони пиёдаву савора вориди Берлин шуданд.
– Мо аз шаҳри Бранденбург пиёда худро ба Берлин расонидем. Ҳар сарбозу афсари мо мехост, ки як бор ба ин шаҳр дарояду итминон ҳосил кунад, ки ҷанг бо пирӯзии онҳо тамом шудааст. Чунки даҳҳо миллион одамон дар ин ҷанг ҳалок шуданд ва теъдоди захмиёну маълӯлон бешумор буд. Ин ҷанг садҳо ҳазор нафарро бехонаву ҷо кард, миллионҳо кӯдаконро аз падар ҷудо намуд. Модарон аз доғи фарзанд то дами вопасин азобу азият кашиданд, – мегӯяд бобо.
– Аз анҷоми ҷанг мардуми олам хурсанду хушҳол мешуд. Чунки ин метавонист хонаҳои онҳоро низ хароб кунад ва фарзандонашон қурбони ин ҷанги бемаънӣ шаванд. Ҳамон солҳо мо масъулияти ҳифз намудани сохтумони корхонаи тавлидкунандаи ракетаҳои болдор, воқеъ дар канори шаҳри Берлинро бар дӯш доштем. Аммо, дарди меъдаам, ки басо ҷонкоҳ буд, нагузошт, ки хизматро идома диҳам. Баъди сиҳат шуданам дар интиқоли таҷҳизоти ин корхона аз Олмон ба Иттиҳоди Шӯравӣ саҳм гузоштам, – гуфт Урозалибобо.
Вай дар ҳамон давраи зиндагиаш ҳамагӣ 17 сол дошт. Бо вуҷуди ин аз таркиши ногаҳонии бомба, рокет, виззоси тирҳои дайду тавонист ҷон ба саломат барад. Ӯ азбаски русиро хеле бад медонист, ҳамяроқон баъзан бо вай шӯхӣ мекарданд ва аз талаффузи баъзе вожаҳо, ки барояш хеле мушкил буд, завқ бурда механдиданд.
– Ин хандаҳо хандаҳои беғаразу беғаш буданд. Ҳама якдигарро эҳтиром мекардем, чунки дар муҳорибаҳо ва набарду ишғоли шаҳру рустоҳо паҳлӯ ба паҳлӯ истода ҷанг мекардем. Ҳоло дуо мекунам, ки инсоният ҳаргиз рӯи ҷангро набинад. Хоссатан, фарзандон, набера ва аберагонамон аз ин ҳаёти хушу хуррам баҳра баранд ва ба қадри амнияту субот бояд бирасанд, – мегӯяд ӯ.
Ин лаҳза медидам, ки дар милки чашмони ӯ қатраҳои ашк пайдо мешаванд, вале намедонистам, ки ин иллати пирӣ аст ва ё дилаш ҳамеша ба наслу авлодаш месӯзад, ки ин рӯзҳои некро надида, ба дунёи боқӣ реҳлат намудаанд.
– Борҳо бо чашмони сар дидам, ки аз таркишҳои ногаҳонӣ дасту пой як тараф ва сару гардани ҳамяроқонам як тараф пош мехӯрданд. Маҳз дар яке аз ин таркишҳо ҷисмам сахт осеб дид ва ҳанӯз баъзан аз дарди сахту ҷонкоҳ ҷисму ҷонам ба ларза меояд – боз ёдовар шуд пирамард.
Маълум шуд, ки 76 сол боз ҳамин дард баъзан зуҳур мекунаду ҷисму ҷонашро  азият медиҳад. Вале бобо ҳамеша устуворона ин дарди ҷонкоҳро паси сар мекунад ва намехоҳад, ки фарзандон ва атрофиёни худро нороҳат созад.
– Устувориро аз падар омӯхтаам. Он кас дар масири  ҳаёти худ азобу машаққати зиёдро паси сар намудаанд, вале ҳамеша худро устувор нигаҳ доштаанд. Дар обод ва обёрии дашту даман заҳмат кашидаанд, моро бо нони ҳалол парвариш намудаанд, – мегӯяд фарзанди бузурги бобо Абдулҳай.
Ба гуфтаи ӯ бо падараш хурду калони деҳаи Ниёзмат ифтихор мекунанд. 
– Ман дар ин ҷанг зинда монданро ба гӯшаи хаёл наоварда будам. Аммо тақдир ҳамин будааст, ки ман боз ба диёри худ баргаштам. Аммо ҳамдеҳаҳои зиёдамро ин ҷанг нобуд кард. Фақат се нафар аз майдони ҷанг зинда ба деҳа баргаштем, – меафзояд бобо.
Вақте ки вайро аз қадршиносии Президент дар бораи бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонидани иштирокчиёни ҷанги зидди фашизми Олмон огоҳ карданд, хеле хурсанду хушҳол шуд.
– Гап сари он миллионҳо сӯм нест, балки қадршиносии давлату ҳукумат боиси сарфарозиҳои мост, – мегӯяд бобо.
 Ростӣ, намехостам, ки ин пири барнодилро тарк кунам, вале гуфтанд, ки вақти таомхӯрии ӯ фаро расидааст. Ҳамин баҳона шуд ва бо Урозалибобо Пирманов хайрухуш намудам. Ӯ низ даст ба дуо бардошт ва дар зиндагиву кор бароям омаду барор хост.
Ба кӯча баромадам. Гумон мекардам, ки кайҳо ин гуна хушҳол нашудаам. Гузашта аз ин, қарор кардам, ки ҳамин ҳоло рост назди дӯсти мактабхониам меравам ва барояш мегӯям, ки куҷо будаму чиҳо кардам. Фикр мекунам, ки вай аз ин корам хурсанд мешавад.

Дилшода РАҲМАТОВА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: