ҶАНГИ ҶАҲОН ДАР ТАҚДИРИ МУЪМИН ҚАНОАТ

Дар мавзӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва муҳофизати Ватан аз Айниву Лоҳутӣ сар карда, қариб ҳамаи шоиру нависандагони муосири тоҷик асарҳои дар шакл ва навъ гуногун иншо намудаанд.

Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ ва дигарон дар фронт ба даҳшатҳои ҷанг рӯбарӯ шуданд, он чӣ диданд ва аз сар гузаронданд, дар ҷангнома ва хотироти хеш сабт намуданд, ки маҳсули қалами онҳо хеле зинда ва табиӣ баромада, хонанда ба воқеияти рӯйдодҳо бовар мекунад, мутаассир мешавад. Қисме аз эҷодкорони дар ҷанг набуда низ муваффақ шудаанд дар ин мавзӯъ асарҳои дилчасп нависанд ва аз сафи ҷангноманависҳо муносиб ҷой ишғол намоянд. Яке аз ин қабил шоирон Муъмин Қаноат аст, ки хусусан ду достонаш дар ин мавзӯъ – «Мавҷҳои Днепр» ва «Сурӯши Сталинград» хеле маълум ва машҳур мебошанд.
М. Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омад, баъди хатми мактаби деҳа дар хоҷагии ҷамоавӣ кор кард, баъд ба Душанбе роҳ пеш гирифт, дар бахши филологияи Донишгоҳи давлатӣ таҳсил намуд, дар маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» чун мудири шуъба, пасон ба сифати котиби масъул кор кард, аз соли 1968 то соли 1977 муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1977-1991 котиби аввали ИНҶ буд. То охири умр (2018) ба корҳои илмию эҷодӣ машғул гашт. Шоири мардумии Тоҷикистон М. Қаноат, ки ҳанӯз соли 1991 узви вобастаи АУҶТ интихоб шуда буд, чун матншинос ва муҳаққиқи борикбини адабиётшиносӣ низ ном баровард.
Вақте ҷанг сар шуд, Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ нӯҳ сол дошт. Вале он айёми мушкил ҳатто қалбҳои ҳанӯз кӯчак даҳшат ва офатҳои гарони набарди хунин ва хонумонсӯзро дарк мекарданд. Хонандаи синни хурди мактабӣ буду шеърҳои дар мавзӯи ҷанг ва мудофиа иншошудаи адибони тоҷикро мутолиа ва азёд  мекард. Дар тақлиди онҳо шеър менавишт. Охири солҳои 40-ум дар рӯзномаи вилоятии Ғарм аввалин шеърҳояш рӯи чоп диданд. 
Майли дар мавзӯи ҷанг навиштан эҳсосашро бештар ба таҳрик меовард.
Чаро?
Дар ҷавоби ин суол вай мегуфт, дарки саршавии ҷанг барои ман ба номаҳо вобастагӣ дорад...
Бале, чаҳор нафар бародарбузургҳояш аз майдонҳои корзор мактубҳояшонро ба номи ӯ мефиристоданд. Сабаб он ки дар оила Муъмини мактабхон ягона шахси соҳиби хату савод буд.
Қаноат мегуфт: «Бародаронам дар бораи рӯзгору рӯйдодҳои ҷангӣ менавиштанд, чунин ҳикоёти онҳо дар лавҳи хотирам ҳамеша нақш мебаст».
Дар деҳаи Курговад одате буд, ки агар ҷавонмарде дар диёрҳои дигар ватанро ҳифз карда, ҳалок шавад, барояш «гаҳвораи ноз» меоростанд, ки ба пиндор ҷисмаш даруни он меоромид.
Муъмини хурдсол ҳеҷ фаҳмида наметавонист, ки чаро калонсолон дар атрофи ин гаҳвораи холӣ мотам мегиранд. Занон фиғону нола бардошта ва мардҳо бесадо ашк мерехтанд. Ин ҳама водор месохт Муъмин дар бораи мотамдорони гирди «гаҳвораи ноз» чизе бинависад. Оре, вай бобати дар мавзӯи ҷанг эҷод кардан зарурати маънавӣ эҳсос менамуд. 
Ба воя расид. Дар пойтахти тоҷикон зиндагӣ ихтиёр ва ҳамчун шоир ном ҳам баровард. Бародарҳои ҷониаш, ки аз корзорҳо ба номаш номаҳо менавиштанд, асло аз пеши назараш дур намерафтанд.
Бо сафари хидматӣ вай ба Украина рафт. Сарзамин ва манзилу маконҳоеро ҷустуҷӯ намуд, ки яке аз ҷигарбандонаш он ҷо размида ва шаҳид шудааст.
Ба дида нақши рӯйи ту, 
ба гӯш гуфтугӯйи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман 
нарафтааст бӯйи ту.
Ба ҷойи дур меравад, 
дилам ҳамеша сӯйи ту
Шудам калону омадам, 
кунун ба ҷустуҷӯйи ту 
Бародарам, бародари ба ҷону 
дил баробарам!..
Ба ҳамин тариқ, силсилаи шеърҳо аз таассуроти сафари Украина навишта шудаанд ва он силсила «Мавҷҳои Днепр» ном гирифт. Вале он шеърҳо, гумоне, ҳанӯз овони бачагии шоир замзама мешуданд аз забони вай: «Ман айёми кӯдакӣ  мактубҳои бародарро аз фронт ба ёд меовардаму дар қалбам мисраъҳо тавлид меёфтанд».
Деҳаи Курговад аз майдонҳои ҳарбу зарб хеле дур воқеъ шуда бошад ҳам, забонаи оташи ҷанг ба хонадони Қаноатшо низ расида ва ҷигари аҳли оила бирён намуд: дар муҳориба алайҳи душман бародари артиллеристи шоир Абдулло ҳалок гашт...
Муъминшоҳ баъди чанд соли фавти бародар хокҷойи ӯро ҷустуҷӯ кард. Давр зада баромад Украинаи паҳноварро: мазоре дар он сарзамин намонд, ки сар назада бошад:
Бигӯ, канӣ мазори ту, мазори 
хоксори ту?
Ба вақти захми охирин кӣ буд 
дар канори ту?
Оромгоҳи Абдуллоро наёфт. Вале чизе дили оташдорашро таскин мебахшид: «Кушода буд ҳар даре, ба ҳар даре бародаре».
Агар бародар наёфт дар Украина, тавре дар боби «Мавҷҳои бародарӣ» зикр кардааст, ҳазорҳо бародарони дигар ёфт.
Дигар аз сафарҳои хидматии шоир ба соҳили Волга мувофиқ омад.
Мегуфт: «Росташро гӯям, то он мусофират дар бораи Муҳорибаи Сталинград чизе эҷод карданро андеша надоштам. Баъди сафар ман омӯзиши рӯзномаю варақаҳои ҷангӣ, мактубу ҳуҷҷатҳои таърихиро оғоз кардам ва як замон фаҳмидам, ки дигар ҷойи пасгардӣ нест. Ман худро вазифадор ҳис намудам, ки бояд дар бораи ин муҳорибаи бузург чизе бинависам»...
Оре, Қаноат дар соҳили Волга қаҳрамонҳои ояндаи достони «Сурӯши Сталинград»-ро дарёфта буд зимни сафар.
Аниқтараш, ӯ  киро вохӯрд?
Дар боби «Матвей Путилов»-и достон корномаи алоқачӣ, ки дар оташи муҳориба ҷонашро ба гарав гузошта, симҳои робитаро пайванд мекард, чунин тасвир ёфтааст:
... Ба зӯри охирин бо дасти 
ларзонаш,
Гирифта нӯкҳои симро дар 
зери дандонаш,
Садояш дар гулӯ раҳбанд 
бо савганд,
Намуд ӯ торҳои кандаро 
бо тори ҷон пайванд...
Дар соҳили Волга шоири тоҷик бародари ҳамон Матвейро, ки Иван ном дошт, дучор омада буд.
Иванро низ дарди бародари бенишоншуда азоб медод. Ниҳоят вай аз Музейи  марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳод дараки Матвейро, ки бо ордени Ҷанги Ватанӣ мукофотонида шуда буд, дарёфт ва ҳадаҳа ба Волгоград роҳ пеш гирифт.
Бародарҳо Иван ва Матвей барвақт ятим монда, дар хонаи бачаҳои шаҳраки дурдасти Сибир тарбият ёфта буданд.
Онҳоро баъдтар ҷанг аз ҳам ҷудо кард. Матвей соли 1942 ба аскарӣ даъват гашт, додараш Иван соли 1943 дар Омӯзишгоҳи ҳарбии алоқа таҳсил ва роҳҳои дурударози фронтро тай намуд. Вале бародари худ гум кард...
Дар тахтасанги мармарӣ воқеъ дар Қӯрғони Мамай навиштаҷоти зер мавҷуд:
«Шарафи абадӣ бод ба сержанти алоқачӣ Матвей Мефодевич Путилов!»
Ин ҳамон Матвей – яке аз қаҳрамонҳои достони «Сурӯши Сталинград»...
Полковники мустаъфӣ Н. Соловёв (Маскав) дар яке аз мақолаҳояш, ки «Сатрҳои эҳёбахши корнамоӣ» ном дорад, аз ҷумла, қайд кардааст:
«Дӯстам Муъмин Қаноат ба ман номае навишта ва дар он қайд менамояд, росташро бигӯям, дар рӯзгори шоириам ду бор гиристаам, яке аснои иншои порчаи «Мавҷҳои бародарӣ» бахшида ба бародари азизам Абдулло ва дигар соли 1968 дар Сталинград, вақте мисраъҳои зеринро менавиштам:
... Вале Матвей зери лаб 
фурӯ мебурд шеванро, 
фурӯ мебурд оҳанро, 
ки аз оҳан
Нагардад ногаҳон пайвандҳо канда,
Нагардад аз лаби ояндаҳо лабхандҳо канда...»
Шоири тавоно Роберт Рождественский барои тарҷумаи «Сурӯши Сталинград» якуним сол машғул шуд, ки баргардониши ӯ ба русӣ ба нусхаи асл қариб пурра мутобиқ. Яке аз маъруфтарин шоирони порсигӯи асри  XX (ин эътирофи воқеист!) М. Қаноат барои ин достон сазовори ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977) гардид.

Муҳаммад ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: