ҶАНГИ ҶАҲОНӢ ДАР САҲИФАҲОИ АДАБИЁТ

Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Тошканд нафақат «аслиҳахонаи бузург», балки яке аз марказҳои адабию фарҳангӣ дар собиқ иттиҳод қарор гирифта буд.

Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Тошканд нафақат «аслиҳахонаи бузург», балки яке аз марказҳои адабию фарҳангӣ дар собиқ иттиҳод қарор гирифта буд. Ташкилоти адибон, ки ба он Ҳамид Олимҷон сарпарастӣ мекард, дар муттаҳидсозии қувваҳои эҷодӣ нақши босазо бозид. Даъват ба меҳнат ва дифои кишвар, сафарбарсозии артиш ба сангарҳои хунин, баланд бардоштани рӯҳи меҳнаткашон ва ҷанговарони мо дар ақибгоҳ ва фронт муҳимтарин мавзӯъ қарор ёфта, шеър, ҳикоя, қиссаву достонҳое офарида мешуданд, ки мардонагии аскарони моро дар арсагоҳҳо, диловарии аҳли заҳматро дар ҷабҳаҳои меҳнат инъикос менамуданд. Ғафур Ғулом, Ойбек, Уйғун, Шароф Рашидов, Мақсуд Шайхзода, Ғайратӣ, Зулфия, Собир Абдулло, Миртемир, Султон Ҷӯра, Амин Умарӣ, Ҳасан Пӯлод, Туроб Тӯла, Мирмуҳсин, Асқад Мухтор, Мамарасул Бобоев ва дигарон сермаҳсул эҷод менамуданд.
Ҳанӯз солҳои аввали ҷанг Ҳамид Олимҷон бо унвони «Эвакуатсия» як силсила шеърҳои ватанпарварона навишт, ҷасорат ва мардонагии ҷавонмардони фидоии моро дар пардаҳои баланд тараннум сохт. Ба қатори беҳтарин шеърҳое, ки дар он солҳои пурошӯб аз ҷониби К. Симонов, А. Твардовский, Н. Тихонов, В. Луговский, М. Исаковский барин шоирони бузург навиштаанд, «Ниҳол», «Йигит», «Салом ба гвардиячиҳо», «Ба дӯсте, ки аз Шарқ ба Ғарб меравад», «Шинел», «Вохӯрӣ» барин сурудаҳои ӯ беҳтарин шеърҳои давраиҷангӣ эътироф шудаанд.
Маълум, ки ҳанӯз аз моҳҳои аввали ҷанги хонумонсӯз ба Тошканд аз Украина, Белоруссия ва Русия, хусусан аз Маскав ва Ленинград қувваҳои калони эҷодӣ ва илмӣ низ эвакуатсия шуда буданд. Адибон, арбобони намоёни адабиёт ва ҳунар аз қабили Алексей Толстой, Якуб Колас, Анна Ахматова, Владимир Луговский ва дигарон ба Тошканд омаданд, бо эҷод ва  такон бахшидан ба ҷараёнҳои адабӣ пойтахти ҷамҳурии моро ба маркази калони адабиёти сермиллат табдил доданд. Аз ҷумла, Алексей Толстой мақолаҳои зиёди публитсистиашро дар мавзӯи ҷанг ва дифоъ аз душман дар Тошканд иншо кард, дар рӯзномаи «Правда» чоп кунонд.
Овози суханварони рус, украин, белорус, латиш, литвонӣ, молдаван ва ғайра, ки дар маркази Ӯзбекистон гирд омада буданд, дар тамоми мамлакат баланд танин андохт.
Образнок ифода намоем, дар ин ҷо спектаклҳои аҷиби ватанпарварона ба намоиш гузошта шуданд. Асарҳои бадеӣ, филмномаҳое офарида шуданд, ки хусусиятҳои даъваткунанда дошта, солҳои душвори ҷангро дар пеши назар ва тасаввуроти китобхону тамошобинон зинда мегардонанд. Маҳфилҳои адабӣ, митингу гирдиҳамоиҳо дар фаҳмондани моҳияти ҷанг, баланд бардоштани рӯҳи мардум, иродат бахшидан ба ҷанговаронамон нақши муҳим мебозанд. Дар он шароити вазнин бо суръати тез чоп ва паҳн сохтани китоб ба роҳ гузошта шуда буд.
Бобҳои ҷудогонаи трилогияи «Зиндаҳо ва мурдаҳо»-и Константин Симонов, хусусан, китоби дуюми ин сегона, ки «Аскар таваллуд намеёбад» ном дорад, дар Тошканд эҷод гашт. Дар бораи фаъолияти коргарони «Тоштекстилмаш», ҳамкории заҳматкашон, ки мансуб ба миллатҳои гуногунанд, аз ин асар лавҳаҳои ҷолиб мутолиа сохтан мумкин. Ҷуз ин адиби бузурги рус К. Симонов дар китоби хотироташ аз меҳру оқибат, меҳмондӯстии халқҳои таҳҷоӣ арзи сипос намудааст. 
Адиби номвари Белорус Якуб Колас, ки ду сол қабл бо ташаббуси Президентамон муҷассамааш дар яке аз хиёбонҳои Тошканди адабпарвар гузошта шуд, 60-солагии худро дар диёри мо ҷашн гирифта буд. Ба иди воқеии адабиётҳои кишвар табдил ёфта буд бузургдошташ. Ба ин муносибат ашъораш ба ӯзбекӣ тарҷума ва дар шакли китоби алоҳида ба дасти  хонанда расид, ки ин ҳам дар ҳамон шароити сахт ва ногувор аз кушодадилии халқҳои мо ва тантанаи интернатсионализми оташин гувоҳӣ медод.
Тавре дар манбаъҳо қайд шуда, корҳои эҷодӣ дар Тошканд як нафас ҳам истода намонд. Рӯзнома, радио, китоб, шабнишиниҳои адабӣ, митинг ва гирдиҳамоиҳо дар мубориза алайҳи фашизм ба минбари воқеии разманда табдил ёфта буд.
Бо ташаббуси ташкилоти адибони Ӯзбекистон ҷомаи табъ ба бар кардани маҷмӯаи «Ҷоноҷон Ленинград» низ воқеаи муҳими адабӣ гардид. Ҳамид Ғулом дар хотираҳояш ин тавр қайд кардааст: «Ман дар тарҷумаи бадеӣ низ табъ озмуда ва аз эҷоди Петр Павленко, Николай Ушаков, Владимир Луговский, Якуб Колас, Эди Огнесвет, Микола Терешченко, Иосиф Уткин ва дигарон намунаҳо ба ӯзбекӣ бармегардондам. Тавассути радио бошад, баромадҳои ин гуна адибонро ташкил менамудам».
Қариб ҳамаи адибони мо дар мавзӯи ҷанг асарҳои дар шакл ва навъ гуногун офаридаанд. Чӣ дар солҳои ҷанг ва чӣ солҳои баъдиҷангӣ осори зиёд дар ин мавзӯъ иншо ва дар онҳо ҳиммат, мардонагӣ, кушодадилии халқҳои маҳаллӣ бо ранг ва тобишҳои бадеӣ ҷилва намудаанд. Масалан, Ғафур Ғулом солҳои 1941-1945 ҳарорати қалб ва нури чашми худро ба иншои шеърҳое бахшид, ки манзара ва оқибатҳои ҷангро пеши назари мо зинда месозанд, олами маънавии халқи соҳибфазилати моро ба ҷаҳониён намоён мекунанд. «Ту ятим нестӣ», «Гусел», «Вақт», «Пазмонӣ» барин шеърҳои оташбор ва гузоришоти публитсистиаш ба ин мисол шуда метавонанд. Шоир Собир Абдулло баробари шеърҳо «Қурбон Умаров» ва «Давронота» ном песаҳо навишт, ки дар онҳо ҳаёти ҷанговарони мо ва меҳнати заҳматкашонамон дар ақибгоҳ инъикос ёфтаанд. Назир Сафаров ба сифати журналисти ҳарбӣ дар хати пеши фронт ба задухӯрдҳои шадид гувоҳ гашт, дар бораи қаҳрамонии ҷанговарони мо «Баҳодуре, ки ба вай тир намегузарад», «Қаҳрамон аз Водил», «Муҳаббат», «То нафасҳои охирин», «Тавлиди қаҳрамон» ном очеркҳо иншо кард. Абдулло Қаҳҳор низ фаъолияти эҷодии худро ҷоннок ва «Асрорбобо», «Қаҳрамон аз Дардак», «Бонувон», «Ситораи тилло» ном асарҳо дар бораи ҷанг навишт. Мақсуд Шайхзода маҷмуаҳои алоҳидаи шеърӣ дар ин мавзӯъ нашр кунонд, ки «Мубориза барои чӣ?», «Ҷанг ва суруд», «Қалб мегӯяд, ки...» унвон доранд. Драмаи таърихии ӯ «Ҷалолиддин Мангубердӣ», айни замон, солҳои ҷанг навишта ва саҳнавӣ гардонда шудаанд. Мирзокалон Исмоилӣ чун журналисти ҳарбӣ хидмат ва воқеаҳои ҷолиби дар сангаргоҳҳо гувоҳшудаашро қаламӣ намуд.
«Марг ба истилогарон» ном драмаи Комил Яшин шуҳрати калон пайдо кард. Султон Ҷӯра баробари қалам бо автомат низ алайҳи фашистон размид ва соли 1943 дар Белорус қаҳрамонона ҳалок гашт. 
Зулфия бо «Ӯро Фарҳод мегуфтанд», «Дар рӯзҳои ҳиҷрон» ном асарҳояш азоб ва изтиробҳои қалбии пайвандонро, ки бинобар воқеоти ногувор аз ҳам дур афтода буданд, муассир қаламӣ сохт. Дар «Уфуқ» ном трилогияи Саид Аҳмад низ воқеаҳои давраиҷангӣ таъсирнок баён гардидаанд. Яке аз беҳтарин асарҳо дар бораи ҷанг «Ту ятим нестӣ»-и Раҳмат Файзӣ мебошад. Ӯ бо ин унвон аввал киносенарий, баъдтар роман навишт, ки эътибори умумро ба худ кашиданд.
Қаҳрамонҳои зиёд баромаданд аз Ӯзбекистон, ки дар ҷанг корномаҳои бемисл нишон додаанд. Вале на ҳамаи онҳо, айни замон, қаҳрамонони шеър, достон, қисса ва ёдномаи аҳли қалам будаанд. Фарзанди шарафманди Сӯх Тешабой Одилов, ки чун қаҳрамони афсонавӣ ном баровард, бо диловарии хос эътибори адибони зиёдро ба худ кашид, ки ба миллатҳои гуногун мансубанд. Баробари Павел Лукнитский, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода барин адибони номвар як қатор адибони ӯзбек душманро бе хато банишонгирии «мергани уқобчашм»-и фарғониро дар намунаҳои назмию насриашон мадҳ кардаанд. Аз ҷумла, Ойбек дар «Йигитнинг йигити» ном шеъраш нисбати ӯ эҳсоси қалб ин тавр баён намуд:
Ҳар кӯнгилда унга муҳаббат,
Тарихларда у қолур абад.
Қӯрқув билмас, полвон Тешабой,
Шонлар сенга, арслон Тешабой!

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: