Ҷангҷӯён ба як кони ангишти Покистон ҳамла карданд

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба як кони ангишт дар вилояти Балуҷистон дар ҷанубу ғарби Покистон дасти кам 20 конкан кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар ин бора намояндаи пулис хабар дод.

Бино ба маълумотҳо, афроди мусаллаҳ ба биноҳои истиқоматии як кони ангишт дар минтақаи Дуки ҳамла карда, мардумро гирд ва ба сӯи онҳо тир кушодаанд. Се нафар аз кушташудагон ва чаҳор нафари захмиён афғон ҳастанд.

Масъулияти ҳамларо ҳеҷ гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Оҷонсӣ ёдовар мешавад, ки ҳамла дар остонаи нишасти бузурги амниятӣ, ки дар Исломобод баргузор мешавад, сурат гирифтааст, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: