ҶАНГОВАРИ САДСОЛА

Дар гӯшаву канори мамлакатамон бахшида ба 9 Май – Рӯзи хотира ва қадр маросимҳо мегузаранд.

Аз ҷумла, аз ҳоли иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хабар гирифта, мукофотпуливу туҳфаҳои гаронбаҳои Президенти мамлакат таъсиснамударо месупоранд. Аз ҷониби ҳокимияти вилояту ноҳияҳо низ туҳфаҳо таҳия намуда, ба дасти ҷанговарон супорида мешавад.
Мисли ҳамин, дар Маҷмӯаи  «Оқсарой»-и ноҳияи Ғаллаарал садсолагии ҷанговари шуҷоъ Отабой Амоновро таҷлил намуданд. Ҷасорату мардонагиҳои ӯро, ки дар набардгоҳҳо зоҳир намудааст, эътироф карданд.
Ҳокими вилоят Эргаш Солиев туҳфаву табрикоти Сарвари давлат ва ҳадяҳои ҳокимияти вилоятро ба дасти ӯ супурд. Ҳокими ноҳияи Ғаллаарал  Ҷалолиддин Оқбӯтаев низ аз номи мардуми ноҳия мавсуфро бо садумин баҳори умр табрик гуфт.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: