Ҷараёни иҷрои лоиҳаҳои бартаринок муҳокима гардид

13 май Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар масъалаҳои тезондани иҷрои лоиҳаҳои бартаринок бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ машварат баргузор кард.

Дар мамлакати мо сиёсати фаъоли сармоявӣ татбиқ карда мешавад. Иқлими сармоявӣ беҳтар мегардад, доираҳои корчаллони хориҷӣ ба лоиҳаҳои Ӯзбекистон рағбати зиёд зоҳир мекунанд. Идораҳои байналхалқии молиявӣ, кишварҳои пешқадам ва ширкатҳои бузург ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ сармоягузорӣ мекунанд. 
Танҳо соли равон бо роҳбарияти Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Куриё ва давлатҳои дигар дар сатҳи олӣ вохӯриҳо ба амал омаданд. Дар доираи онҳо муоҳидаҳои муҳим имзо шуданд, ки соҳаҳои зиёд, аз ҷумла саноат, энергетика, инфрасохтор, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, нигаҳдории тандурустӣ, таълимро фаро мегиранд. Барои таъмин кардани иҷрои лоиҳаҳои муштарак мувофиқи қарорҳои Президенти Ӯзбекистон бинобар ҳар кадом самти ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ «харитаҳои амалиёт» тасдиқ гардиданд. 
Дар машварати видеоселекторие, ки 8 апрели соли равон баргузор шуд, тамоми лоиҳаҳо бо иштироки сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба чаҳор номгӯй ҷудо гардида, мушаххас шуда буд, ки лоиҳаҳои аз ҳама муҳими стратегӣ аз номгӯйи аввал таҳти назорати доимии Президент қарор хоҳанд гирифт.
Дар машварат иҷрои чунин лоиҳаҳои бартариноки сармоявӣ таҳлил карда шуданд. 
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки сармояҳо аз ҷумлаи манбаъҳои асосии рушди иқтисодиёт, таъмин сохтани сифати ҳаёт ва некуҳолии халқи мо ба шумор мераванд. Бояд бо назардошти дараҷаи нави муносибат бо давлатҳои пешқадам фаъолона ва мунтазам кор кард.
Дар давраи сипаришуда дар самти мазкур корҳои муайяне иҷро гардиданд. Чунончи, дар Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ вазифаи муовини аввал ҷорӣ гардид, ки ба ин соҳаи фаъолият масъул мебошад. Раёсатҳои махсус бинобар кор бо ҳар кадом мамлакат таъсис ёфтанд. Ғайр аз ин гурӯҳҳои махсуси корӣ бо сарварии роҳбарони масъул созмон дода шуданд. 
Дар машварат ҳисоботи шахсони масъул дар бораи корҳои татбиқшуда бинобар лоиҳаҳои бартаринок бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ баррасӣ гардиданд. 
Сусткорӣ ҳангоми аз худ кардани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ, камсамаранокӣ дар истифодаи имкониятҳои азими молиявӣ танқид карда шуданд. Бинобар таъмин сохтани иҷрои саривақтӣ ва бечунучарои муоҳидаҳои имзошуда ва лоиҳаҳои муштарак супоришҳои иловагӣ дода шуданд. 
Баробари ин вазифаи коркарди лоиҳаҳои наву муассири иқтисодӣ гузошта шуд, ки ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ низ мусоидат мекунанд. 
Ба омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешқадам бобати ҷалби сармояҳо дар мисоли Аморати Муттаҳидаи Араб эътибори асосӣ дода шуд. Ташаббусҳои мушаххас муҳокима ва вазифаҳо бинобар дар соҳа ва самтҳо ҷорӣ намудани муносибат ва усулҳои пешқадамтарин, ҳамчунин бобати дар Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил додани курсҳои такмили ихтисос ва вебинарҳо бо иштироки мутахассисони АМА муайян гардиданд. 
Дар машварат ҳамчунин ҷараёни кор бинобар созмон додани Корхонаи замонавии саноатии Тошканд бо ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ таҳлил карда шуданд. Таъкид гардид, ки ин лоиҳаҳо бояд ба истеҳсоли маҳсулоти харидоргир ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ бо истифодаи самарабахши инфрасохтори мавҷудаи шаҳр пешбинӣ шаванд. Бобати ҳарчи зудтар ба кор андохтани онҳо супоришҳо дода шуданд. 
Ба масъалаҳои такмил додани низоми иҷрои лоиҳаҳои сармоявӣ эътибори махсус дода шуд. Роҳбари давлат зарурияти мувофиқ сохтани қонунгузории соҳаи сармояҳоро ба меъёрҳои байналхалқӣ, ки барои сармоягузорон ба сифати намуна ва ҳусни эътимод хидмат мекунанд, қайд кард.
Бинобар супоришҳое, ки дар машварат дода шуданд, тадбирҳои дахлдори амалӣ мушаххас гардиданд.

ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: