ҶАРАЁНИ КОР ДАР ТАЪЛИМИ ОЛӢ

Дар мамлакати мо тайи чанд соли охир дар соҳаи таълими олӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки касе дар ҳаёт татбиқ шудани ин гуна ислоҳотро тасаввур ҳам намекард.

Дар мамлакати мо тайи чанд соли охир дар соҳаи таълими олӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки касе дар ҳаёт татбиқ шудани ин гуна ислоҳотро тасаввур ҳам намекард. Аввал ин ки дар ҳамаи муассисаҳои таълими олӣ (МТО) ба ришвахории вобаста ба қабули довталабон нуқта кӯшиш зиёд шуд. Чунин механизме ҷорӣ карда шуд, ки бинобар он дар муассисаҳои таълими олӣ касе наметавонад ворид кардани довталабони зинаи бакалаврро ба зиммаи худ гирад ва ба ришвахорӣ роҳ гузошта шавад. Яъне, дар тести дохилшавӣ ба ҳар гуна чашмбандӣ садд гузошта мешавад. 
Барои бардоштани салоҳияти илмии МТО корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Бо оғоз аз соли 2017 ҳимояи тадқиқотчиён дар ду зина ҷараён гирифт, ки чунин ташаббус барои пешрафти соҳаи илм ва тайёр кардани кадрҳои болаёқат замина фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки танҳо дар соли сипаришуда 1056 нафар рисолаҳои илмии худро бинобар PhD  ва DSc ҳимоя карданд,  аз он ҷумла, 153 нафар ба гирифтани дараҷаи илмии DSc муваффақ гардиданд. 
Дар муддати андак миқдори муассисаҳои таълими олӣ якбора зиёд шуд ва ба 116 адад расид, ки айни замон 25-тои он донишгоҳ, 34-тоаш донишкада аст. Танҳо дар соли 2019 19-то муассисаи таълими олӣ ташкил шуд, ки аз он 10-тоаш МТО-и маҳаллӣ мебошад. 
Чунонки дида мешавад, сол ба сол қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо афзун мегардад. Барои соли хониши 2020-2021 қабули онҳо ба зинаи бакалавриат дар се самт: рӯзона, ғоибона ва шабона сурат мегирад, ки танҳо дар самти рӯзона қабули 103 575 нафар дар назар аст. Дар зинаи магистратура бошад,  қабули 10425 нафар пешбинӣ шудааст. 
Имсол беш аз  1 миллиону 484 ҳазор нафар донишҷӯён ба муассисаҳои таълими олӣ ҳуҷҷат супурдаанд, ки нисбат ба соли гузашта 40 фоиз зиёд аст.  Аз онҳо 8079 нафар дорои сертификате мебошанд, ки аз забони хориҷӣ имтиёз медиҳад.  
Бо назардошти масоили пандемия, ки дар ҷаҳон доман паҳн кардаасту мутаассифона, дар кишвари мо ҳам ривоҷ ва густариш меёбад, ҳамаи донишҷӯёни МТО бо оғоз аз аввали даври пандемия ба дарси масофавӣ фаро гирифта шуданд ва давраи имтиҳоноти соли хониши 2019-2020 низ аз масофа сурат гирифт.  
Дар назар аст, ки бо оғоз аз 2 сентябри соли ҷорӣ дар МТО бо риоя ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ тести дохилшавӣ гузаронда мешавад ва муддати ду ҳафта идома меёбад. Ба ҳар донишҷӯ ҳангоми ба майдонҳои барои супоридани тест омодашуда ворид гардидан рӯбанд (маска) ва дастпӯшак дода хоҳад шуд. 
Аз ҷониби Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус пешбинӣ гардидааст, ки то 25 августи соли ҷорӣ таъминоти рақамноки услубии машғулиятҳои назариву амалӣ ва барномаҳои таълимии ба таълими масофавӣ мутобиқшуда бинобар беш аз 7 ҳазору 200 фан роҳандозӣ мешавад. 
Ҷараёни дарс барои курсҳои якум аз 1 октябр шурӯъ мешавад. Донишҷӯёни курси дуюм ва аз он  боло аз моҳи сентябр ба тариқи масофавӣ дарсҳои худро шурӯъ мекунанд. Интизор меравад, ки баъди коҳиш ёфтани ҷараёни пандемия дар миқёси мамлакат дарсҳо дар шакли аслии худ ҷараён мегиранд.
Бо оғоз аз 10 августи соли 2020 қабули довталабон барои гирифтани ихтисоси дувум низ роҳандозӣ шуд. Ба донишҷӯёне, ки имкони супоридани маблағи қарордодиро надоранд, бо назардошти имконияти МТО-и дахлдор ва вазъи оилавии донишҷӯ ба ин масъала рӯшанӣ андохта мешавад. 
Дар соли хониши нав ҳадди ақалл дар 35 МТО-и давлатӣ таҳсил барои курсҳои якум дар асоси низоми кредит-модул ташкил карда мешавад. Мувофиқи он ҳар донишҷӯ метавонад, ки оиди фанни муайян пешакӣ маълумоти даркорӣ ба даст оварад.  Ногуфта намонад, ки то соли 2030 зина ба зина ба низоми кредит-модул гузаштани 85 фоиз муассисаҳои таълими олии мамлакат пешбинӣ шудааст. 
Айни замон дар кишвари мо барои ба забони тоҷикӣ таҳсил гирифтан низ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешавад. Боиси хурсандист, ки имсол дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз бахши тоҷикии таълими ибтидоӣ кушода шуд, ки барои қабули 25 нафар донишҷӯён пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, барои ҷавонони сӯхӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки ба муассисаҳои таълими олии дахлдор имтиҳонҳои дохилшавиро ба забони модарии худ супоранд.

Х.ҲАМИДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: