ҶАРАЁНИ МУҲОҶИРАТ ДАР ОИНАИ АФКОРИ УМУМ

Нишон додани хусусият ва сабабҳои ҷараёни муҳоҷират дар Ӯзбекистон, омӯзиши кайфияти муҳоҷиратӣ, аз он ҷумла, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва таълим марбути шаҳрвандон, муайян намудани дараҷаи ночории иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ – чунин ҷиҳатҳо дар маркази эътибори пурсиши иҷтимоӣ, ки мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» баргузор намуд, қарор гирифтанд.

Он мувофиқи қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи ҷараёни муҳоҷират ва расмигардонии шаҳрвандӣ» аз 11 июли соли 2017, «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд такмил додани низоми муҳоҷирати  меҳнатии хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 5 июли соли 2018 ва «Дар бораи чораҳо оид ба такмил додан ва баланд бардоштани самарабахшии корҳо бинобар таъмини шуғли аҳолӣ» аз 14 июли соли 2018 ташкил карда шуд.
Чи хеле ки пурсиш нишон дод, аксарияти мутлақи ӯзбекистониён (98,2 фоиз) ба таври доимӣ тарк намудани Ватанро ба нақша нагирифтаанд ва ояндаи худро ба он мепайванданд. Тамоюли мазкур сарфи назар аз маҳалли зист, ҷинс ва синну соли респондентҳо дар тамоми минтақаҳо ба мушоҳида мерасад.
Қонунгузории дарамал ба шаҳрвандони мамлакатамон имкони дар дигар мамлакатҳо бинобар шартномаҳои байниидоравӣ ва байниҳукуматӣ, инчунин бинобар шартномаҳои хусусӣ бо кӯмаки Агентии оид ба масъалаҳои муҳоҷирати хориҷии меҳнатии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо кор таъмин шуданро фароҳам меорад. Бинобар фикру ақидаи пурсидашудагон дар ҷумҳурӣ оиди идора намудан ва ба тартиб овардани раванди муҳоҷират инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Шаҳрвандон бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки аз ҷониби сарвари давлат ва ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқӣ таҳия шуда, ба имзо расиданд, ки ба рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ, фаъол ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, коркарди барномаҳои шуғл ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ, барқарор намудани равобити нави байналхалқӣ барои танзим ва қонунӣ гардондани шуғли шаҳрвандон дар хориҷ нигаронда шудааст.
Пурсидашудагон дар бораи қарори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев хабардор мебошанд, ки мувофиқи он Фонди дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои шаҳрвандон, ки дар хориҷ кор мекунанд, ташкил шуд. Вазифаҳои асосии он дастгирии ҳуқуқӣ ва моддии онҳо, инчунин ҳифзи онҳо аз зӯроварӣ, меҳнати маҷбурӣ, поймол ва вайрон карда шудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дигари онҳо ба ҳисоб мераванд.
Ӯзбекистон низоми ташкил кардан ва механизми барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷ баромадани шаҳрвандон, инфрасохтори мақомоти меҳнатиро, ки дар хориҷ соҳиби  кор шуданро таъмин менамояд, ривоҷ медиҳад.
Натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, ки 8,3 фоизи пурсидашудагон тайёранд дар дигар мамлакат кор кунанд ва сипас ба Ватан баргарданд. Дар аксар ҳолатҳо, мувофиқи натиҷаҳои пурсиш, шаҳрвандон ба дигар мамлакатҳо барои даромад ба якуним сол (31,5 фоиз), ним сол (22,8 фоиз) ва се моҳ (13 фоиз) мераванд.
Ҳам барои мардон ва ҳам барои занон соҳибкорӣ соҳаи писандидатарини фаъолият ба ҳисоб меравад. Дар ҷойи дуюм мардони муҳоҷир соҳаи сохтмон, бонувон  соҳаи иҷтимоиро авлотар медонанд.
Пурсиш нишон дод, ки сол аз сол сафи шахсоне, ки масъалаи бо кор таъминшавиро дар дигар мамлакатҳо ба воситаи Агентӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ҳал кардан мехоҳанд ( 31,5 фоиз дар соли 2017 ва 41,3 фоиз дар соли 2019) меафзоянд. Чунин натиҷаҳо аз он далолат медиҳанд, ки муҳоҷирони иқтидорнок бартарии усули қонунии муҳоҷирати меҳнатиро бештар эҳсос менамоянд.
Пурсиш ошкор намуд, ки аксарияти муҳоҷирони иқтидорнок тайёранд агар дар ҷойи зист имконияти мувофиқи маълумоташон, ихтисос ва музди меҳнати муносиб бо кор таъмин намудан фароҳам оварда шаванд, аз кор дар дигар мамлакат даст кашанд.
Пурсиш нишон дод, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки дар дигар мамлакатҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд, бештар қурбони фиреб ва савдои одам мегарданд.
Дар рафти пурсиш муайян гардид, ки муҳоҷирони боиқтидори меҳнатӣ аз он то чӣ андоза хабардоранд, ки дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқ ва манфиатҳояшон бояд ба кадом мақомот ё ки инстансия муроҷиат кард. Ҳангоми зарурат аксарияти муҳоҷирони боиқтидор (67,8 фоиз) барои мадад ба идораҳои дипломатӣ: сафоратхонаҳо ё консулхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиат менамоянд. Чунин нишондиҳанда дар тӯли солҳои охир дар дараҷаи ниҳоят баланди бардавомӣ қарор дорад.
Яке аз мақсадҳои тадқиқот ҷанбаҳои мухталифи муҳоҷирати таълимии шаҳрвандони Ӯзбекистон, муносибати онҳо ба таҳсил гирифтан дар хориҷ буданд.
Оммавитарин самтҳои муҳоҷирати таълимӣ, чи хеле ки натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия, Куриёи Ҷанубӣ, мамлакатҳои Аврупо ва ИДМ ба ҳисоб мераванд.
Дар тадқиқот вазифаи муайян намудани он гузошта шуд, ки кадом қисми шаҳрвандоне, ки дар хориҷ соҳиби маълумот шудаанд, пас аз хатми таҳсил ба Ватан бармегарданд, чанд нафари онҳо дар дигар мамлакат мемонанд.
Беш аз ними пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки аъзои оилаи дар хориҷ будаашон алҳол онро идома медиҳанд. Миқдори шаҳрвандоне, ки баъд аз хатми муассисаи таълимӣ ба мамлакат баргаштаанд, дар вазъияти устувор қарор доранд ва бинобар маълумоти пурсиш 37 фоизро ташкил медиҳанд. Аксарияти мутлақи (88,2 фоиз) иштирокдорони пурсиш, ки фарзандон ё ки хешу табори наздикашон дар хориҷ таҳсил мегиранд ё ки онро хатм намудаанд, мехоҳанд,  оилаҳояшон ба хона баргарданд. Мавқеи ҳар як даҳумин иштирокдори пурсиш (11,8 фоиз) аз он иборат аст, ки инсони ба ӯ наздик бояд худаш қарор қабул намояд.
Ба ғайр аз ин, пурсиш нишон дод, ки 82,4 фоизи респондентҳо бар он муносибати ниҳоят манфӣ доранд, ки аксарияти ҷавонон, шаҳрвандони мамлакатамон ба дигар мамлакат барои гирифтани таҳсил мераванд, аммо шаҳрвандии дигар мамлакатро қабул карда, ба қафо барнамегарданд.
Пурсиш муайян намуд, ки аксарияти шаҳрвандон (қариб 90 фоиз) ташаббусҳои сарвари мамлакатамонро, ки ба баргардондан ва дастгирӣ намудани мутахассисони пештар муҳоҷиршудаи Ӯзбекистон, ки ба онҳо кафолати кор ва имконияти дар мамлакат худтатбиқкуниро фароҳам меорад, маъқул мешуморанд. Бинобар ақидаи респондентҳо аз сабаби он ки кадрҳои соҳибмаълумот ва баландихтисос дар маркази эътибор қарор дошта, кор дар самти мазкур (муҳоҷирати бозгашт) ба ҷамъ овардани захираҳои сармоявию молиявӣ ва илмиву технологӣ барои тезондани болоравии иқтисодии мамлакат мусоидат менамоянд.
Умуман, пурсиши афкори умум нишон дод, ки шаҳрвандон ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро, ки ба минбаъд такмил додани ҷараёни муҳоҷират ва хусусан низоми муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва таълимӣ, таъмин кардани ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, васеъ гардондани ба фаъолияти соҳибкорӣ ва меҳнатӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии аз хориҷ баргашта, инчунин пайваста татбиқ намудани вазифаҳои Стратегияи амалиёт дар самти мазкур нигаронда шудаанд, дастгирӣ менамоянд.

О. ХАРЧЕНКО,
хабарнигори ӮзА
бинобар маводҳои Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр»
таҳия кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: