Ҷараёни омодагӣ ба Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба триатлон дар Самарқанд баррасӣ шуд

10-11 июн дар Самарқанд мусобиқаи «2023 Asia Thriatlon Cup Samarkand» баргузор мешавад.

Дирӯз дар Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷаласаи Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба ин мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Ба кори ҷамъомад котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ўзбекистон Ойбек Қосимов роҳбарӣ кард. Дар вохӯрӣ ҷараёнҳои омодагӣ ба стартҳои бонуфуз, вохӯрӣ бо варзишгарону меҳмонони хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо, инчунин рафъи мушкилоти эҳтимолие, ки сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни мусобиқаҳо дучор мешаванд, баррасӣ шуд.

Аз рӯи ин масъалаҳо шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор таклифҳои худро баён карданд. Ба ташкилотҳо барои дар дараҷаи баланд гузаронидани мусобикаҳо тавсияҳои иловагӣ дода шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: